Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол дар "Чӯҷабирён". Гулрухсорро ба латукӯби милиса гумонбар карданд. ВИДЕО


Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ талаб кард, ки барои латӯкуби як корманди милиса аз Гулрухсор Султонова, мудири тарабхонаи "Чӯҷабирён" 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонад.

Додситонии ноҳия Гулрухсор Султоноваро ба он муттаҳам кардааст, ки Абдуҷаббор Аламшоев, лейтенанти милисаи раёсати корҳои дохилии Душанберо латукуб кардааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки шоҳидон латукӯб шудани корманди милисаро тасдиқ намекунанд ва танҳо яке аз онҳо мегӯяд, ки "Гулрухсор барои гирифтани телефонаш бо милиса кашокаш кардааст".

Гулрухсор Султонов расман дар "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" ва "таҳқири намояндаи ҳокимият", гумонбар шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебоист ҳукми ниҳоии худро ҳафтаи гузашта содир мекард, вале муҳокима ба вақти дигар гузошта шуд. Баҳси раиси "Чӯҷабирён" бо афсари милиса ҳафт моҳ аст, идома дорад ва Гулрухсор Султонова мегӯяд, худро гунаҳкор намеҳисобад.

Татяна Умарова, вакили мудофеи Гулрухсор Султонова, рӯзи 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун мақомоти тафтишотӣ ҳолатеро, ки гуё зерҳимояаш корманди милиса Аламшо Абдуҷабборро латукӯб карда бошад, собит накардаанд.

Вай афзуд, "то ҳануз ба мо далели қотеи латукӯб ва расонидани ҷароҳат пешниҳод нашудааст, яъне ба мурофиа пешкаш нашудааст. Сухан дар бораи як тугма меравад, ки он ҳам сохта аст".

Ҷанҷол дар "Чӯҷабирён". Гулрухсорро ба латукӯби милиса гумонбар карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Худи Абдуҷаббор Аламшоев нахост, дар робита ба қазия изҳори назар кунад. Дар дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бар асоси қонун корманди милиса оид ба ин ё он қазия ҳаққи ба матбуот суҳбат карданро надорад.

Гулрухсор Султонова моҷарои мазкурро ба Радиои Озодӣ нақл кард ва гуфт, рӯзе, ки корманди милиса лейтенант Аламшоев, додарзодаи генерал Абдураҳмон Аламшоҳзода ба тарабхонаи онҳо омад, 12-уми сентябр буд ва ӯ гуфт, ки дар мавриди тарабхонаи "Чӯҷабирён" як сокини кӯча шикоят кардааст ва даъватнома пешниҳод кард.

"Ман ба ин санад имзо намудам, лекин Аламшоев телефонамро, ки дар дастам барои худам мехостам ба навор гирам, зада гирифт ва гуфт, ки сардори Раёсати корҳои дохилӣ мехоҳад, телефони туро бубинад ва гирифта рафт. Ман талош кардам, телефонамро пас гирам, ба ман надод. То ҳол телефонамро барнагардонидаанд, ман ягон зарра мушт назадаам, латукуб накардаам. Бо ин ҷисми кучакам чӣ хел ин корро метавонам кунам",-афзуд Гулрухсор Султонова.

Генерал Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни тафтишот, Абдуҷаббор Аламшоев гуфтааст, ки "раҳбари тарабхона дар вақти суҳбат бо телефонаш ӯро сабт карда, дар назди чаҳор корманди тарабхона дашномҳои қабеҳ додааст".

Нусхае аз парванда дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст ва дар он омадааст, ҳангоми латукӯб дар курта ва шими Аламшоев Абдуҷаббор "канда шудан" ва "даридан" ба мушоҳида расидаанд".

Тафтишот муайян кардааст, ки шоҳидон латукӯб шудани корманди милисаро тасдиқ намекунанд ва танҳо яке аз онҳо мегӯяд, ки "Гулрухсор барои гирифтани телефонаш бо милиса кашокаш кардааст".

Бо вуҷуди ин мудири тарабхонаи "Чӯҷабирён" ба таҳқири намояндаи ҳокимият ва истифодаи зӯроварӣ ба муқобили ӯ муттаҳам мешавад. Қонуншикание, ки барои он ҷаримаҳои бузург ва ҳатто ҳукми зиндон ҳам пешбинӣ шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG