Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз милиса ба полис -- тағйири фаннӣ ё бунёдӣ? ВИДЕО


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз бадрафторӣ нисбати гумонбарон дар оянда қарор аст дар утоқҳои кории ходимони полис дурбинҳои назоратӣ насб шаванд.

Ин муқаррарот, ба гуфтаи вазир, ки рӯзи 12-уми март дар як ҳамоише дар Душанбе дар бораи ҷараёни ислоҳоти низоми милиса сӯҳбат мекард, метавонад пеши роҳи бархӯрди ғайриқонунии ходимони полис нисбати шаҳрвандонро бигирад.

Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ҳар қадар дар кишвар озодиҳои сиёсӣ бештар бошад, назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дурустии кори полис ҳам боло меравад ва дар таъмини қонун мусоидат мекунад.

Мавзӯи шиканҷа ва бадрафторӣ бо афроди гумонбар дар ҷиноят ба масъалаи доғи ҷомеа табдил шудааст. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро аз байн бибаранд.

Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дарТоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.

Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ки собит кардани шиканҷа, ки маъмулан дар марҳилаи аввали бозпурсиҳову гирифтани баёнот ё бо ҳадафи эътирофи гуноҳ ба кор бурда мешавад, кори хеле мушкил аст ва дар натиҷа дар ҳодисаҳои хеле кам муттаҳамон дар шиканҷа дар додгоҳ муҳокима мешаванд.

Мақомоти баландпояи сохторҳои ҳифзи қонун дар гузашта вуҷуди шиканҷаро дар идораҳои полис ваё муассисаҳои ислоҳӣ рад мекунанд. Шикояти ахири шиканҷа шудани муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Маҳмадалӣ Ҳаит, ки рӯзи 11-уми март аз забони ҳамсараш Савринисо Ҷӯрабекова расонаӣ шуд, ҳамингуна аз ҷониби мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон рад шуд.

Рамазон Раҳимзода, ки рӯзи сешанбе дар ҳамоише бо ширкати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сафирони хориҷӣ ва матбуот сӯҳбат мекард, гуфт, қарор аст дар доираи ислоҳоти кори милисаи Тоҷикистон утоқҳои махсус барои бозпурсии гумонбарон таъсис шаванд ва ҳама гуна бозпурсиҳо минбаъд зери назорати видеокамераҳои назоратӣ анҷом шавад.

Ӯ гуфт, тибқи нақша, онҳо бояд бозпурсии гумонбарон дар ҷиноятҳоро дар утоқҳое анҷом диҳем, ки камераҳои назоратӣ дошта бошанд ва ин камераҳо имкон медиҳанд, ки аз аъмоли ғайриқонунии кормандони пулис нисбати гумонбарон пешгирӣ шавад. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, аммо ҳоло ин кор пурра сурат нагирифтааст ва бояд маҳзани ягонаи иттилоотӣ ва шикояту аризаҳои сокинон таъсис дода шавад, ки ҳар кас тавонад тавассути интернет баррасии шикоятҳояшро назорат карда тавонад.

Аз милиса ба полис -- тағйири фаннӣ ё бунёдӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Соли 2020 қарор аст дар пайи ислоҳот милисаи тоҷик ба полис табдили ном кунад ва Раҳимзода гуфт, ки кормандон бар асоси озмун, ба гуфтааш "аз се кас як кас" пазируфта мешаванд.

Мақомот мегӯянд, ки шурӯъ аз соли 2012 то имрӯз барои татбиқи ислоҳоти низоми милиса дар Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи кишвар як миллиард сомонӣ масраф шудааст, ки ин маблағҳо барои сифатан беҳтар кардани шароити кори милисаҳо, таъмини онҳо бо компютеру фановариҳои замонавӣ, мошинҳо ва ғайра равона шудааст.

Вазири дохилӣ гуфт, миқдори зиёди биноҳои нави милитсия дар минтақаҳо ва пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла, бинои Академияи ВКД низ дар доираи ҳамин маблағ сохта шудааст. Вале ба гуфтаи Раҳимзода, барои иҷрои тамоми 32 банди барномаи ислоҳоти милитсия ва омодагӣ ба гузаштан ба низоми кори политсия ва тақвияти инфрасохтор "сармоягузории бузург" лозим аст. "Бидуни ёрии созмонҳои кӯмакрасон ҳеҷ кореро анҷом додан имкон надорад",-гуфт ӯ.

"Танҳо тағйири фаннӣ на, балки бунёдӣ зарур аст"

Вале намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ки ислоҳоти низоми полис дар Тоҷикистон на танҳо тағйироти фаннӣ, балки бунёдиро талаб мекунад ва ходимони полис бояд аз ҳисоби афроде ҷалб шаванд, ки вазифаи худро дар риояи қонун, фош шудани ҷиноят ва ҳимояти шаҳрвандон мебинанд. Бо ин ки худи мақомоти ҳифзи қонун дар бораи "мизони баланди эътимод ба милитсия" сӯҳбат мекунанд, фаъолони ҳуқуқ бо ин иддаоҳо розӣ нестанд.

Гулчеҳра Холматова.
Гулчеҳра Холматова.

Ҳуқуқшиносоне, ки бо афроди ҷабрдида аз дасти полис кор мекунанд, мегӯяд, мушкилоти шаҳрвандон бисёр вақт аз лаҳзаи ба идораи полис ба унвони як гумонбар ворид шуданашон шурӯъ мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо қурбониҳои бадрафториву шиканҷаи полис бо сабаби вуҷуди монеаҳои мисли санҷиши тиббиву судӣ, сабти осори шиканҷа ва дастрасии саривақтӣ бо ҳимоятгар дар боздоштгоҳ наметавонанд инро собит кунанд.

Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқдони "Эътилофи зидди шиканҷа"-и Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки танҳо бо ислоҳоти сохтори милитсия имкон надорад, ки беҳбудиеро дар фаъолияти ин ниҳод интизор шуд. Вай мутмаин аст, ки дар канори боло бурдани сатҳи ҳирфаии кормандони пулис, бояд ислоҳоти сохтори судӣ низ амалӣ карда шавад.

Вай гуфт, ҳамаи парвандаҳо аз ВКД ба судҳо мераванд ва дар додгоҳ исбот кардани қонуншиканиҳои кормандони милитсия тақрибан ғайриимкон аст. Холматова пешниҳд дорад, ки ҳамзамон бо ислоҳи сохтори ВКД, бояд ислоҳоти судӣ низ анҷом дода шавад, вагарна амалҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунон боқӣ мемонад. "Ҳатто ҳоло мо бештаре аз ҳолатҳои шиканҷа аз сӯи кормандони милитсия нисбати айбдоршавандаҳоро наметавонем то ба додгоҳ бирасонем",-афзуд вай.

"Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам бошанд"

Ойниҳол Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова.

Ҳомиёни дигари ҳуқуқ мегӯянд, агар мақомот воқеан ҳам манфиатдори ислоҳоти ҷиддӣ дар сифати кори полис бошанд, бояд кори худро шаффоф анҷом диҳанд ва ба ҷараёни татбиқи ислоҳот намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам ҷалб кунанд. Ҳуқуқдон Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, тағйири номи милитсия ба полис бояд бо ҳадафи сифатан ислоҳ шудани вазъ сурат гирад.

Ӯ гуфт, чанд сол қабл намояндаҳои САҲА ӯро ба гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдиди сохтори ВКД Тоҷикистон даъват карданд, аммо аз қабули ин пешниҳод худдорӣ кард. "Мегӯянд, ки минбаъд аз миёни се кас як нафари беҳтаринро барои кор дар ин вазорат интихоб мекунанд. Ман тақозо дорам, ки дар миёни аъзои комиссияи интихоботӣ намояндаҳои ҷомеаи маданӣ бошанд. Зеро маҳз онҳо медонанд, ки кадоме аз кормандони милитсия дар шиканҷаи айбдоршавандаҳо гумонбар мебошад. Дар акси сол, танҳо тағйири номи кормандони ин вазорат натиҷаи дилхоҳ намедиҳад",-гуфт Бобоназарова.

"Нахуст бояд сохтори вазоратхона тағйир дода шавад"

Мақомот мегӯянд, дар миёни ормонҳои куллии ин ислоҳот - боло бурдани сатҳи касбии ходимони ҳифзи қонун, мубориза бо фасодкорӣ, хотима додан ба шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо мебошад. Ба қавли Алиакбар Абдуллоев, собиқ афсари ВКД ва ҳоло роҳбари як созмони мадании зидди фасод дар Тоҷикистон, эҳсоси масъулиятшиносии ходимони полис дар амри иҷрои вазифаҳои касбиашон ба сифати кори онҳо таъсири мустақим дорад.

Алиакбар Абдуллоев, собиқ афсари ВКД.
Алиакбар Абдуллоев, собиқ афсари ВКД.

Ӯ гуфт, нахуст бояд сохтори ин вазоратхона тағйир дода шавад ва дувум, наҳваи арзёбии самаранокии фаъолияти як маъмури милитсия, ки аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст, бояд тағйир ёбад.

"Ба унвони мисол, агар соли гузашта як милиса 10 ҷиноятро ошкор карда бошад, пас имсол вай ҳатман бояд ҳадди аққал 11 ҷиноятро ошкор кунад. Ба ҳамин далел, бархе сокинони Тоҷикистон 3-4 маротиба пушти панҷара рафтаанд. Аз тағйири номи милитсия ба политсия ҳеҷ мақсаде ҳосил намешавад. Бояд тафаккури ҳар як корманди милитсия тағйир дода шавад, то онҳо дигар аз шиканҷаву зӯроварӣ истифода накунанд ва ришваситониро фаромӯш кунанд", афзуд вай.

Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ҳар қадар дар кишвар озодиҳои сиёсӣ бештар бошад, назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дурустии кори полис ҳам боло меравад ва дар таъмини қонун мусоидат мекунад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG