Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди милисаи муттаҳам дар латту кӯби як зан парванда боз нашуд


Додситонӣ нисбат ба Сафарбек Маҳмадсаидзода, корманди пулис, ки дар латукӯби як зан гумонбар мешуд, парвандаи ҷиноӣ боз накардааст.

  • Рафтори корманди милиса ҳамчун ҳимоя аз худ ва атрофиён "аз як зани маст" унвон шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ беҷазо мондани корманди милисаро риояи нашудани адолат ном мебаранд.

Як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, мақомот пас аз омӯзиши масъала ба ин натиҷа расиданд, ки корманди милиса оинномаи кориашро вайрон кард, вале "қасдан ҷиноят содир накардааст". Ба гуфтаи ин мақом, ӯ аз ҳамлаи зани маст, ки ба худи корманди пулис ва атрофиёнаш таҳдид дошт, пешгирӣ кард.

Дар гузашта мақомоти тоҷик бо нашри навори латукӯб ё занозанӣ фавран соҳибони наворҳоро боздошт ва ба ҷавобгарӣ мекашид.

"Гуфтаҳои шоҳидон ва наворҳои дигар нишон дод, ки ин зан аввал ба корманди милиса афтода, ба ӯ ҳамла мекунад. Корманди милиса бо талоши пешгирӣ аз ҳамлаҳои ӯ ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳамлаҳои ӯ танҳо посух гардонидааст. Корманди милиса дар ҳолати "казармавӣ" қарор дошт ва дар рӯзи Наврӯз супориши қатъӣ гирифта буданд, ки аз ҳар бетартибӣ пешгирӣ кунанд",-гуфт манбаи Радиои Озодӣ, ки нахост номаш ифшо шавад.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, танҳо тафтиши аввал оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин корманди милисаро рад кардааст, вале агар шикояте дар ин замина аз ҷонибе сурат гирад, имкони бозбинӣ ҳанӯз вуҷуд дорад.

Рӯзи 21-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки корманди милиса ба сару рӯи зане шаппотӣ мезанад. Танҳо пас аз дахолати сокинон зан канор меравад ва аз пушти сар ба милиса як шаппотӣ мезананд. Даст бардоштани корманди ВКД ба сари як занро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо лаҳни тунд танқид карданд.

Дар пайи ин ҳодиса мақомот гуфтанд, зане, ки мавриди латукӯб қарор гирифт, ҳолати рӯҳии хуб надоштааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба дунболи нашри хабарҳо корманди милисаро аз кор барканор кард ва чанд масъули "Воҳиди махсус"-и ВКД-ро ҷазои интизомӣ дод.

"Ин нобаробарӣ аст"

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди навори бадрафтории корманди милиса, агар дар нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз нашуда бошад, ин нишондиҳандаи баланди нобаробарӣ дар ҷомеа ва иҷрои духӯраи қонун мебошад. Яъне, ба гуфтаи ӯ, мақомот "вобаста ба мақом, ё дорову пулдор будан, нобаробариро дар назди қонун таъмин мекунад".

Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик.
Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик.

"Ин бор низ, кормандони сатҳҳои гуногуни мақомот аз чунин усул кор гирифтанд ва корманди худро ҷонибдорӣ карданд. Бо озод кардани он аз соҳаи мақомот хостанд, ки маҳдуд шаванд. Ин дуруст нест, ки дар арафаи гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ кормандеро, ки дар ҷиноят гумонбар аст, бо содир кардани ҷиноят ба ҷавобгарӣ намекашанд. Ин гуна қонуншиканӣ дар шакли дигар боз зоҳир мешавад. То милиса назорати мардумӣ ва парлумониро эҳсос накунад, гумон намекунам, ки ба наздикӣ ягон дигаргунии ҷиддӣ ва сифатан нав мушоҳида шавад",-гуфт ин ҳуқуқшиноси тоҷик.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар баҳси ин мавзӯъ ба шиддат талаб карданд, ки корманди пулисро барои таҳқири ин зан ҷазо диҳанд. Дар гузашта мақомоти тоҷик бо нашри навори латукӯб ё занозанӣ фавран соҳибони наворҳоро боздошт ва ба ҷавобгарӣ мекашид.

Аввали моҳи март, навори латукӯби як духтар аз ҷониби ҷавоне нашр шуд. Мақомот дар ду соат Хуршед Азизов, сокини шаҳри Душанберо боздошт карданд. Бо вуҷуде, ки Малика Соҳибназарова, духтари латукӯбшуда гуфт, даъвое нисбат ба Хуршед надорад, вале нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳоло Хуршед Азизов дар боздошт аст.

Ошкор кардани қонуншиканиҳои пулис аз сӯи ҷомеа

Сафаралӣ Раҳимов, як сокини Душанбе мегӯяд, чанд соли ахир ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз фановариҳои навин қонуншиканиҳоро зиёд ошкор мекунанд. Мақомот ба чанде аз ин наворҳо вокуниш нишон дод, вале дар нисбат ба кормандони худ на ҳамеша аз адолат кор гирифтааст.

Бо ин вуҷуд, Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, "хуб мебуд, ки ба ҳодиса баҳои дурусти ҳуқуқӣ медоданд". "Мард дар муқобили зан, агар маст ё бемори равонӣ бошад, баръакс ҳолатҳои вазнинкунанда аст, ки бояд муқобили корманди милиса истифода мешуд. То ба дигарон ибрат мешуд",-гуфт ин ҳуқуқшиноси тоҷик.

Латтукӯби зан дар хиёбонҳои Душанбе ҳодисаи нав нест. Дар аввали моҳи март навори видеоии латтукӯби як духтар аз сӯи ҷавоне боиси сарусадои зиёд шуд. Дар фосилаи ду соати баъди ин моҷаро, Идораи умури дохилии Душанбе гуфт, гумонбар боздошт шуд ва бар асоси моддаи "авбошӣ" ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт.

Ҷабрдида - Малика Соҳибназарова гуфт, ки муттаҳам дӯстдоштааш Хуршед Азизов аст ва дар ин моҷаро худро гунаҳкор меҳисобад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG