Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бубахшед, ман ҳам мардам". Худкушӣ пас аз ҷанҷол бо хонаводаи милиса


Додситонии ноҳияи Ишкошим ба ҳодисаи худкушии Алиҷон Диловаршоев, сокини ин ноҳия шурӯъ кард, ки дар ҳамла ба хонаводаи як корманди пулис гумонбар дониста мешавад.

Дар дари анборхонае, ки ҷасади Алиҷонро пайдо карданд, навиштаҷоти “Бубахшед, ман ҳам мардам”-ро мушоҳида намудаанд.

Ба иддаои наздикони Алиҷон Диловаршоев ӯ баъди лату куб ва таҳқир шудан аз ҷониби наздикони як корманди милиса худкушӣ кардааст. Ҷасади Алиҷон Диловаршоеви 35-соларо рӯзи 27 март дар анборхонаи манзили яке аз пайвандонаш пайдо карданд. Зоҳиран ӯ бо сими телефон худро ба дор овехтааст.

Аввал ба хонаводаи милиса ҳамал кард, баъд..

Алиҷон Диловаршоевро, ки дар идораи сӯхторхомушкунии ноҳия кор мекард, тақрибан чор рӯз боз наздикону сокинони ноҳия ва маъмурини пулис ҷустуҷу доштанд. Ба гуфтаи бархе аз ҳамсӯҳбатони мо, қабл аз худкушӣ, Алиҷон субҳи 23 март бо як шиша бензин ва табар ба хонаводаи корманди пулис-Ҳабиб Ғарибшоҳзода ҳамла кардааст.

Ҳабиб Ғарибшозода қаблан дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим фаъолият мекард ва ҳоло дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ кор мекунад.

Ба иддаои наздикони Ғарибшоҳзода, дар ҳамлаи ин ҷавон чанд тан аз узви хонадон, аз ҷумла падар ва 3 бародари корманди пулис ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Иддаое, ки наздикони Алиҷон ба он шак доранд.

Аммо Давлатшо Ғарибшоев, падари корманди пулис дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бо шишаи бензин тирезаро шикаста ба хона партофт. Ман дар дигар хона хоб будам. Баромада кӯдакро аз хона баровардем. Дар берун дидам, ки мошин оташ гирифт ва якбора бо табар ба гардани ман зад, афтидам. Ҳамин тавр 3 писарамро бо табар зад. Ҳама дар беморхона ҳастанд ҳоло”.

Онҳо мегӯянд, пас аз ин ҳодиса Алиҷон фирор ва худкушӣ кардааст. Мақомот ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Ҷасади ӯ баъди чор рӯз пайдо шуд.

"Таҳқирро бардошт накард"

Амир Амирбеков, яке аз пайвандони Алиҷон Диловаршоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби пеш аз ҳодисаи ҳамла Алиҷон ба ӯ занг зада дар бораи латукӯб ва таҳқир шуданаш аз ҷониби наздикони хонаводаи Ғарибшоевҳо нақл карда буд. “Дар бозор писари хурдии онҳо бародарамро бо китф задааст. Баъдан бахшиш мепурсад, вале боз аз пушт ба мушт ӯро мезанад. Ҳамин тавр ба ин ҷанг пайвандони дигари он ҷавон ҳамроҳ шуда, ӯро лату кӯб мекунанд. Баъдан бо суханҳои қабеҳ нисбати модару хоҳар ба номусаш чун як мард нохун мезананд. Ӯ ҳам бардошт накардааст”.

Алиҷон дар ин сӯҳбат ба Амир гуфтааст, эҳтимол ӯро барои ин ҷанҷол боздошт мекунанд. Дар дари анборхонае, ки ҷасади Алиҷонро пайдо карданд, навиштаҷоти “Бубахшед, ман ҳам мардам”-ро мушоҳида намудаанд. Наздикон мегӯянд, ташхис осори лату кубро дар бадани Алиҷон мушахас кардааст. Ба гуфтаи онҳо, бо истифода аз мансаби Ғарибшоҳзода борҳо Алиҷон ва наздикони ӯ мавриди таҳқиру таъқиб қарор гирифтанд.

Баҳс миёни ду хонавода

Дар ҳамин ҳол хонаводаи корманди пулис, иддаои наздикони Алиҷонро, ки нисбати ӯ таҳқиру фишор сурат гирифтааст, беасос мехонанд. Давлатшо Ғарибшоев мегӯяд, сабаби аслии ҳамла ба хонаводаи ӯ аз ҷониби Алиҷон Диловаршоев хусумати чанд соли пеш аст. Сабаб ҳам ба қавли онҳо ин буд, ки корманди пулис он замон яке аз писарони ин хонаводаро бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт кард. Баҳси охир ҳам, ба гуфтаи Давлатшо Ғарибшоев, бо айби худи Алиҷон, ки гӯё баҳона мекофт, сурат гирифт. Вай меафзояд: “Писари ман дар шӯъбаи корҳои дохилӣ кор мекард ва як парвандаи онҳоро бардошта буданд. Як писари амаки онҳо ҳабс шуда буд. Онҳо ҳам қассос гирифтан мехостанд. Аммо писари ман ӯро ба маҳбас ҳукм накардааст. Додгоҳ гуноҳи ӯро исбот кард. Он рӯз ҳам худи ӯ ба писарам ҷанҷол бардоштааст.”

Аммо пайвандони Алиҷон Диловаршоев, ҷавоне, ки пас аз ҳамла ба хонаи корманди пулис худкушӣ кард, ин ҳодисаро дигаргуна шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, баръакс бародарзодаи ҳамакнун маҳбуси онҳо бо туҳмат аз сӯйи кормандони пулис дастгир шуд.

Ихтилоф миёни хонаводаи ҷавони худкушӣ карда ва корманди пулис аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад ва ҳарду ҷониб ҳоло ҳамдигарро дар сар задани хусумату таҳрик ба ҷанг гунаҳкор мекунанд. Аммо мақомоти тафтишотӣ, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд, мегӯяд, танҳо баъди анҷоми тафтишот сабабу омили ҳамла ва худкуширо муайян мекунанд.

Ҳодисае, ки вирди забонҳо шуд

Ҳодисаи ҳамлаи корманди сӯхторхомушкунӣ бо табар ба хонаи корманди пулис ва баъдан худкушии мармузи ӯ, ки ҳоло дар ноҳия вирди забонҳост, ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ҳодисаҳои ба ин монанд, ки баъзан ба марг анҷом меёбанд, аз қабл имкони пешгирӣ дорад. Мирғиёс Аҳроров, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, дар ҳодисаи Ишкошим ҳам, ки ба марг анҷомидааст, танҳо тафтишоти одилона метавонад, сабабҳову омилонро маълум кунад.

Бархе ҳуқуқшиносони дигар мегӯянд, чунин ҳодисаҳо аз заъиф будани ҷанбаи иҷрои қонун сар мезананд ва вақте як нафар наметавонад бегуноҳии худро дар додгоҳ исбот кунад, нафарони дигар ҳам ба адолати қонун шубҳа мекунанд ва худ ба даст силоҳ мегиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG