Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизи гирд: Барои решакан шудани шиканҷа ислоҳоти ҷиддӣ зарур аст. ВИДЕО


"Милитсия ва мардум бояд ғуломи қонун бошанд", "89 кас ҷиноят кард, 4 нафар не, 89 касро бо моддаи "шиканҷа" ба ҷавобгарӣ кашед..." Иштирокдорони мизи гирд дар студияи Радиои Озодӣ дар бораи доғ будани мушкили шиканҷа дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон изҳори назар карданд.

  • Дар чанд моҳи охир ҳодисаҳое ба мисли латту кӯби як зан ва як мард аз ҷониби маъмурони милиса дар Душанбе ва дар боздоштгоҳ қасди худсӯзии зани 68-сола дар ноҳияи Айнӣ ба матбуот роҳ ёфт.

Бино ба қонунҳои Тоҷикистон шиканҷа ҷиноят аст ва афроди муттаҳам ба шиканҷа бо хатари ҳукми тӯлонии зиндон рӯбарӯ ҳастанд. Аммо дар зиндагии воқеӣ ин модда дар ҳолатҳои хеле кам татбиқ мешавад.

На ҳама шикоятҳо то додгоҳ мераванд

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд. Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико аз 13 марти соли ҷорӣ гуфта шудааст, бо ин ки Қонуни асосии Тоҷикистон истифодаи шиканҷаро манъ мекунад ва дар Кодекси ҷиноӣ моддаи ҷудогонаи ҷазо барои шиканҷа ворид шудааст, хабарҳои зиёде дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар ҷараёни бозпурсиҳо нашр мешаванд. Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 ба номи Додситонии кулли Тоҷикистон 37 шикоят аз шиканҷа ворид шудааст, ки 16 ҳодисаро дар се моҳи аввали сол Эътилофи зидди шиканҷа сабт кардааст. “Аз миёни ин шикоятҳо 14 ҳолат марбут ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва ду ҳолат нисбат ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошад”, - омадааст дар гузориш.

Зарурат ба реформаи милиса

Ҳуқуқшиносони тоҷике, ки дар бораи мушкили рафъи шиканҷаву озори боздоштшудаҳо ва зиндониҳо дар Тоҷикистон изҳори назар карданд, мегӯянд, сохтори милисаи тоҷик ба реформа ё ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Иштирокдорони мизи гирди Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки Вазорати умури дохилиро зарур аст барои аз байн бурдани ин мушкил иродаи қатъӣ нишон диҳад. Тоза кардани сафи милиса аз ашхоси тасодуфӣ ва муҷозоти сангин барои шиканҷа баёнгари будан ё набудани чунин ирода буда метавонад.

Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев

Алиакбар Абдуллоев, собиқадори Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба сафи пулиси Тоҷикистон ашхоси тасодуфии зиёд роҳ ёфт. Ба таъкиди ҷаноби Абдуллоев, дар сафи корманди мақомоти умури дохилӣ бояд танҳо онҳое боқӣ монанд, ки худро дар назди қонун масъул ҳис мекунанд. Ин коршиноси тоҷик таъкид намуд, то замоне, ки кормандони пулис дар Тоҷикистон пурра аз ашхоси масъулиятнок иборат нашавад, ҳодисаҳои бадрафтории онҳо идома меёбад.

Масъалаи асосие, ки ширкатдорони мизи гирди Радиои Озодӣ ба он таъкид карданд ин ҷазои сазовор нагирифтани кормандони пулис барои даст задан ба шиканҷа мебошад.

Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Маҳмурод Одинаев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз латукӯби Мадина Шамсова, як зани бемор ёдовар шуд, ки дар рӯзи ҷашни Наврӯз аз сӯи як корманди пулис дар яке аз хиёбонҳо латукӯб шуд. Барои латукӯби ӯ Вазорати умури дохилӣ як корманди воҳиди махсуси роҳбонӣ Сафарбек Маҳмадсаидзодаро аз кор озод кард, вале нисбати ӯ парванда боз нашуд. Маҳмурод Одинаев мегӯяд, ба ин монанд омилони латукӯб ва бадрафторӣ нисбати Шаҳбоз Аҳмадов, Истад Қурбонова ва чанд тани дигар низ ҳамчунон ҷазои сазовор нагирифтанд.

Ба ин хотир, меафзояд Маҳмурод Одинаев, роҳи муассири аз байн бурдани шиканҷа дар Тоҷикистон ин ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони чунин амал мебошад.

Наврӯз Одинаев
Наврӯз Одинаев

Наврӯз Одинаев, роҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” ва узви Шӯрои ислоҳоти милитсия гуфт, соли гузашта дар вилояти Суғд барои ба худкушӣ расондани як нафар се корманди мақомоти интизомӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Манзури Одинаев ин ба ба 13 ва 12 солии зиндон маҳкум шудани се афсар дар вилояти Суғд барои марги Комил Хоҷаназаров, як сокини ноҳия Ашт буд.

Ба қавли Наврӯз Одинаев, як ҳадафи ислоҳоти милитсия низ аз байн бурдани ҳолатҳои шиканҷа ва берун кардани ашхоси тасодуфӣ аз соҳа мебошад.

Шакли пурраи мизи гирдро дар зер бубинед:

Мизи гирд: Чаро рафъи шиканҷа мушкил аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00

XS
SM
MD
LG