Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селаи азими зоғҳо мардуми Турсунзодаро тарсонд ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сокини шаҳри Турсунзода ба Радиои Озодӣ видеои ҷолиберо фиристод, ки нишон медиҳад, селаи азими зоғҳо дар фазои ин шаҳри саноатии Тоҷикистон парвоз мекунанд ва ғавғои зиёде доранд. Ин сокини шаҳр навиштааст, ки мардум аз дидани паррандаҳои сиёҳи зиёд ба ҳарос афтодаанд.

Дар Тоҷикистон зоғро паррандаи наҳс меҳисобанд ва чунин эътиқод доранд, он бо худ хабари бад меорад. Аммо табиатшиносон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳар тирамоҳ бо селаҳои бузург зоғҳо кӯч мебанданд ва ҳеҷ “бадие” бо худ намеоранд. Видеоро инҷо бубинед ва шумо ҳам видеову акс ва хабарҳоятонро ба ин шумора +420 724 053 959 аз тариқи Вайбер, Вотсапп, Телеграмм ва ИМО ба мо бифристед.

Селаи зоғҳо мардуми Турсунзодаро тарсонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

XS
SM
MD
LG