Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов писари 36-солаашро муовини вазир таъйин кард


Сардор Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – раиси ҷумҳури Туркманистон – писари 36-солааш Сардор Бердимуҳаммадовро муовини вазири умури хориҷии он кишвар таъйин кард. Хабари расмӣ дар ин бора рӯзи 30-юми марти имсол нашр шудааст.

Аз сафарҳои хориҷӣ то медали падар

Бино ба Қонуни асосии Туркманистон раиси порлумон аз рӯи мансаб баъди президент нафари дувум дар ҳукумат аст.

Аз ин пеш расонаҳои давлатии Туркманистон навиштанд, ки Бердимуҳаммадови хурдӣ бо дарёфти беш аз 91 дарсади раъйи мардум дубора вакили порлумон интихоб гардид. Ин раъйдиҳӣ рӯзи 25-уми марти имсол сурат гирифт.

Сардор Бердимуҳаммадов бори аввал моҳи ноябри соли 2016 ворид порлумон шуда, пас аз чанде раёсати кумита оид ба қонунгузории ин шохаи ҳокимиятро ба даст гирифта буд. Ягона писари раиси ҷумҳури Туркманистон соли гузашта ба чанд кишвари хориҷӣ низ рафт ва бо намояндагони онҳо, аз ҷумла дар Русия, мулоқот кард.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи октябри соли 2017 писарашро барои хидмат ба ватан бо медали ба номи падараш Маликгулӣ Бердимуҳаммадов ҳам қадрдонӣ намуд.

Пирӯзии осони Сардор

Коршиносон аз оғоз пирӯзии осони Сардор Бердимуҳаммадовро дар интихоботи 25-уми март пешбинӣ мекарданд. Онҳо ба ин бовар буданд, ки интихоботи порлумонӣ Бердимуҳаммадови хурдиро то мақоми раиси порлумон расонда, идомаи ҳукумати ин "сулола"-ро таъмин хоҳад кард.

Бино ба Қонуни асосии Туркманистон раиси порлумон аз рӯи мансаб пас аз президент нафари дувум аст. Ӯ ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ҷилави кишварро ба даст гирад.

Аз соли 2007 ба ин тараф Акҷа Нурбердиев раиси порлумони Туркманистон аст. Брюс Панниер, шореҳи Радиои Озодӣ дар умури Осиёи Марказӣ мегӯяд, имсол Нурбердиев ба синни 61 мерасад ва агар мақомашро тарк кунад, роҳи Сардор Бердимуҳаммадов бе гуфтугӯ ба сӯи курсии раиси порлумон боз хоҳад шуд.

Брюс Панниер
Брюс Панниер

Бо ин ҳол, дар бораи Сардор Бердимуҳаммадов иттилои кофӣ дар даст нест. Танҳо маълум аст, ки хатмкардаи Академияи дипломатии Маскав буда, соли 2014 рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Баъдан унвони доктори илмҳои техникиро гирифтааст.

Мақоми фарзандони раҳбарони кишварҳои дигари ОМ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, падари чаҳор фарзанд – як писар ва се духтар аст. Бердимуҳаммадов баъд аз марги раҳбари аввали ин ҷумҳурӣ – Сафармурод Ниёзов, маъруф ба Туркманбошӣ, дар моҳи декабри соли 2006 раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз газро бар ӯҳда гирифт. То он замон ӯ дар мақоми вазири тандурустӣ кор мекард ва дар бораи ӯ ҳам иттилои зиёд дар даст набуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Бори аввал нест, ки фарзанди раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди ниҳоди қонунгузор ва ё вазорату идораҳои расмӣ шуда, соҳиби мақом мегарданд. Тобистони соли 2016 Озода Раҳмон – духтари президенти Тоҷикистон – узви Маҷлиси Миллӣ шуда, ҳоло раёсати Кумитаи таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти палатаи болоии порлумонро бар ӯҳда дорад. Вай ҳамзамон раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.

Озода Раҳмон
Озода Раҳмон

Инчунин, Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи соли гузашта шаҳрдори Душанбе таъин шуда, ҳамзамон раёсати Маҷлиси вакилони халқи пойтахтро бар уҳда дорад.

Дариға Назарбоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон, низ дар моҳи сентябри соли 2016 вориди Сенат шуда, раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амният аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG