Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари президенти Туркманистон савори аспи "Мерос" шуд


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш Сардор
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш Сардор

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ҳамроҳ бо писараш Сардор аз Маҷмааи асппарварии ахалтекаи шаҳри Ишқобод боздид кард. Бердимуҳаммадови калонӣ савори аспи Гуҷурлӣ (Қавӣ) ва Бердимуҳаммадови аспи "Мерос"-ро зин зад- менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

Моҳи апрели соли 2017 президенти Туркманистон дар пойгаи аспдавонӣ савори аспи "Мерос" шуд ва ҷоизаи асосии мусобиқаро аз худ кард.

Пештар аз ин хабар дода шуда буд, ки аспи "Мерос"-ро набераи президент - Каримгулӣ Бердимуҳаммадов тарбият ва барои мусобиқаҳо омода кардааст.

Аспсаворӣ барои президенти Туркманистон як оддати маъмулист ва баъзан ӯро дар ин машғулият аъзои хонаводааш ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар як соли охир фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Сардор Бердимуҳаммадов чашмрас шуда, расонаҳои расмӣ ба шахсияти ӯ бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Тахмин меравад, ки ӯ дар оняда метавонад падарашро дар мақоми президентӣ иваз кунад.

XS
SM
MD
LG