Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳури писари президенти Туркманистон дар саҳнаи сиёсӣ


Сардор Бердимуҳаммадов - писари раиси ҷумҳури Туркманистон дар сафараш ба Тотористон
Сардор Бердимуҳаммадов - писари раиси ҷумҳури Туркманистон дар сафараш ба Тотористон

Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти Туркманистон 19 май сафараш ба Қазон бо президенти Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот кард.

Бердимуҳаммадови хурдӣ, ки раисии кумитаи қонунгузорӣ ва меъёрҳои порлумони Туркманистонро бар уҳда дорад, ҳамзамон бо раиси порлумони Тотористон мулоқот карда, дар Нуҳумин форуми иқтисодии байналхалқии "Русия-ҷаҳони ислом: KazanSummit-2017" ва анҷумани мусалмонҳо ширкат кард.

Дидору гуфтугӯҳои Бердимуҳаммади хурдӣ бо роҳбарияти Тотористон дар расонаҳои Туркманистон ба таври густарда инъикос шуд.

Сардор Бердимуҳаммадов ду моҳ пеш раиси кумитаи қонунгузорӣ интихоб шуд. Ӯ то ин замон ҳамагӣ се моҳ вакили порлумон буд.

XS
SM
MD
LG