Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Парвиз Зоирови рондашуда аз Фаронсаро 13 сол дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Парвиз Зоировро, ки моҳи октябр аз Фаронса ба Тоҷикистон ронда шуд, ба 13 сол зиндон маҳкум кардааст. Ӯ аз язгуломиҳои маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахт аст.

Яке аз наздиконаш рӯзи 22-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа 12-уми декабр дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба поён расид. "Ӯро ба тундгароӣ ва зархаридӣ гунаҳкор кардаанд," – афзуд мусоҳиби мо. Номи ӯ ба далели амниятӣ нашр намешавад.

Мақомот ҷузъиёти ҳукмро ошкор накардаанд. Маълум нест, таҳқиқи парванда ва мурофиаи Парвиз Зоиров таҳти чӣ шароит гузаштааст ва мавқеи худаш ба айбномаҳо чист.

Ба нақли яке аз наздиконаш, Парвиз Зоиров соли 2022 ба воситаи Беларус ба Литва ва сипас дар аввали имсол ба Олмон рафта буд. "Мақомоти Олмон бо дархости Душанбе бо ӯ суҳбат кардаанд. Ба хотири фиристода нашуданаш ба Тоҷикистон ба Фаронса рафт. Дар онҷо дастгир ва 55 рӯз дар боздоштгоҳи шаҳри Нитса буд. Аз онҷо ба Тоҷикистон фиристоданд," – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Номи маҳаллаи “Дарвоз” дар шаҳри Душанбе моҳи марти имсол дар пайи амалиёти мақомоти интизомӣ ва боздошти беш аз бист нафар расонаӣ гашт. Дертар баъзе аз онҳо ба ифротгароӣ ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ гунаҳкор дониста шуданд. Пайвандонашон иттиҳомҳоро беасос хонданд.

Зиёда аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Кишварҳои аврупоӣ чанде аз онҳоро бо далелҳои гуногун ихроҷ кардаанд, ки баъдан дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштанд.

Фаррух Икромов моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон (Полша) ронда ва дар Тоҷикистон ба 23 сол зиндон маҳкум шуд.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Ӯро ба 20 сол зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯйи тоҷик аввали соли 2024 баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Вай яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.

Дилмурод Эргашев, ки 13 соли охир дар шаҳри Клеваи Олмон мезист, моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон фиристода шуд ва Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳоми "даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ" ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.

Фарҳод Неъматов, паноҳҷӯи тоҷик, ки аз Шветсия ихроҷ шуд, дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи "Ҳизби таҳрир" ба 8 сол зиндон маҳкум шуд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ борҳо Олмон ва кишварҳои дигари аврупоиро барои ихроҷи паноҳҷӯён ба Тоҷикистон танқид кардаанд. Ба ҷое, ки ба гуфтаи онҳо “хатари шиканҷа ва солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад”.

XS
SM
MD
LG