Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати президентӣ дар Туркманистон аз 5 то 7 сол тамдид шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тақрибан даҳ сол боз дар мақоми раиси ҷумҳури Туркманистон аст
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тақрибан даҳ сол боз дар мақоми раиси ҷумҳури Туркманистон аст

Порлумони Туркманистон Конститутсияи навро қабул кард, ки маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентро аз байн бурда, муҳлати раёсати ҷумҳуриро аз панҷ то ҳафт сол дароз кардааст.

Ҳарчанд мақомоти Туркманистон далели ин тағйирот, бахсус бахши вобаста ба синни номзад ва муҳлати раёсати ҷумҳуриро рӯшан баён накардаанд, вале тахмин меравад, ин тағйирот роҳи минбаъдаи раиси ҷумҳури феълӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои боқӣ мондан дар қудрат ҳамвортар хоҳад кард. Қонуни нав баъди имзо шудан аз тарафи Бердимуҳаммадов рӯзи 14 сентябр ба иҷро даромад.

Бар асоси Конститутсияи пешинаи Туркманистон, ки соли 2008 қабул шудааст, афроди аз 70-сола боло ҳаққи интихоб шудан ба мақоми президенти ин кишварро надоштанд.

Дар бораи хонаводаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, маълумоти зиёд мавҷуд нест. Танҳо набераи ӯ Каримгулӣ се-чор сол боз дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳост.

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз баъзе бахшҳои ислоҳи Қонуни асосии Туркманистон, аз ҷумла дар мавриди мурофиаи одилонаи додгоҳӣ ҳимоят карда, вале аз манъи ҳизбҳои "характери миллӣ ва динидошта" интиқод кардааст. Инчунин, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо машварат додааст, ки муҳлати президентиро дар Туркманистон дароз накунанд. Тағйироти ахир дар ҳоле сурат гирифтааст, ки интихоботи навбатии президентӣ дар Туркманистон дар соли 2017 таъин шуда буд.

Тоҷикистон низ дар баҳори соли ҷорӣ бо баргузории раъйпурсии умумӣ ба Қонуни асосӣ чанд ислоҳот ворид кард, ки бар асоси он раиси ҷумҳури феълӣ бидуни маҳдудият метавонад дар интихоботи президентӣ иштирок кунад. Дар ҳоле ки дар гузашта як нафар ҳаққи аз ду дафъа бештар иштирок кардан дар интихоботи президентиро надошт.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли 2006, баъди марги раҳбари пешин Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ), дар садри Туркманистон нишаст ва дар интихоботи президентии соли 2012 бо дарёфти тақрибан 97 дар сади раъй пирӯз шуд. Бердимуҳаммадов дар рӯзҳои аввали ба қудрат расидан бархе аз осори шахспарастии Туркманбоширо тағйир дод ва аз ҷумла номҳои қаблии рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро баргардонд ва номи Сафармурод Ниёзовро аз бисёре аз маконҳои ҷуғрофӣ бардошт. Ҳамин тавр, ҳайкали тиллоии Туркманбоширо аз маркази Ишқбод барчиданд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар гузашта дар мақомҳои муовини раиси ҳукумат ва вазири беҳдошт кор кардааст. Баъди эълони марги Ниёзов маҳз Бердимуҳаммадов раҳбарии маросими дафни президенти аввалро ба ӯҳда дошт.

Дар бораи хонаводаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон маълумоти зиёд мавҷуд нест. Танҳо набераи ӯ Каримгулӣ тайи тақрибан се-чор сол боз дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳост. Вай соли 2013 дар вақти намоиши ҳунарии ситораи шоу-бизнеси ҷаҳонӣ Ҷеннифер Лопес дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд. Ӯ дар як навор, дар ҷараёни ҳунарнамоии кӯдакон савори асп ва дар навори дигар ҳангоми саломуалейки падарбузургаш бо як марди солманд зоҳир шуд.

Шояд ин таваҷҷӯҳ аз ин хотир бошад, ки Каримгулӣ бештар аз дигарон дар маъракаҳо паҳлӯи бобояш дида мешавад. Ӯ бори аввал моҳи феврали соли 2012, дар ҳоле дар дурбинҳои аккосӣ афтод, ки ҳамроҳи Бердимуҳаммадов ба қитъаи овоздиҳӣ ҳозир шуд. Аз он рӯз ба баъд ҳузури ӯ дар маросимҳои давлатӣ бештар шуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ду духтар ва як писар дорад. Писари ӯ Сардор ном дорад ва дар риштаи равобити байналмилалии донишгоҳи Маскав таҳсил карда, корманди вазорати хориҷӣ будааст. Духтари бузурги президент Гулҷаҳон бо Ихлосгелдӣ Амонов издивоҷ кардааст, ки намояндаи Оҷонсии фурӯши нафту гази Туркманистон ба Аврупо дар Лондон буд. Духтари дигари президент ҳамроҳи шавҳараш, ки корманди сафорати Туркманистон аст, аз соли 2009 ба ин тараф дар Порис ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG