Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансаби ду домоди президент. ВИДЕО


Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳури Узбакистон – домоди хурдиаш Отабек Шахановро муовини аввали сардори Хадамоти муҳофизони президент таъин кардааст. Аксу видеои Шаханов дар ҷараёни сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Туркманистон ва Қазоқистон расонаӣ шуд, ки ҳамеша дар пушти раиси ҷумҳури Узбакистон меистод ва вазифаи як муҳофизро адо мекард. Ержан Қарабеков, хабарнигори қазоқ, мегӯяд, бар асоси санади расмӣ, аз пушти нафари аввали давлат ҳамеша муҳофизони дараҷаи аввали ӯ меистанд.

Президент домоди хурдиашро муҳофизи худ таъин кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:11 0:00
Линки мустақим

Як манбаи Радиои Озодӣ, наздик ба доираҳои ҳукумати Узбакистон гуфт, домоди калонии Шавкат Мирзиёев муовини Зелимхон Ҳайдаров, раиси Идораи коргузории президенти Узбакистон таъин шудааст.

Яке аз тоҷирони узбаки наздик ба доираҳои ҳукуматӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфт, Отабек Шаханов падарарӯсашро дар ҷараёни сафари нахустини ӯ ба хориҷа ба ҳайси муҳофиз ҳамроҳӣ кардааст. Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, Отабек Шаханов моҳи январи имсол ба гуруҳи муҳофизони раиси ҷумҳури Узбакистон ба кор қабул шуда, ба иттилои пойгоҳи Eltuz.com, ҳоло муовини аввали сардори хадамоти муҳофирони президент аст.

Шавкат Мирзиёев бо ҳамсар, писар, ду духтар ва домодҳову наберагона. Рӯзи 4 декабри соли 2016
Шавкат Мирзиёев бо ҳамсар, писар, ду духтар ва домодҳову наберагона. Рӯзи 4 декабри соли 2016

Ин иттилоъро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ як мансабдори узбак низ таъйид кард. Аммо то ҳол хабари расмӣ дар бораи мансаби Отабек Шаханов вуҷуд надорад.

Ноа Такер, сардабири бахши узбакии Радиои Озодӣ, дар ин бора бо номаи расмӣ ба қабулхонаи маҷозии президенти Узбакистон муроҷиат кард. Вале рӯзи 17 март раҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар як посухи кӯтоҳ гуфтааст, ки "номаи Шумо комил нест".

Дар ҳоле ки домоди хурдии президент Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва сафарҳои расмӣ падарарӯсашро ҳамроҳӣ мекунад, дар бораи домоди калонии ӯ Ойбек Турсунов иттилои кофӣ дар даст нест. Акси Ойбек Турсунов ҳамроҳи хонаводаи ҳамсараш бори аввал моҳи декабри соли гузашта, дар рӯзи интихоботи президентии Узбакистон, расонаӣ шуд.

Як манбаи Радиои Озодӣ, наздик ба доираҳои ҳукумати Узбакистон гуфт, домоди калонии Шавкат Мирзиёев муовини Зелимхон Ҳайдаров, раиси Идораи коргузории президенти Узбакистон таъин шудааст. "Ҳар субҳ домодҳо ҳамроҳи раиси ҷумҳур ба кор рафта, якҷоя аз кор бармегарданд", - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо. Ин иттилоъро ҳадди ақалл ду мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Баъзе мақомот ва хабарнигорон дар Узбакистон гуфтанд, ки аз ин таъиноти кадрӣ бисёриҳо хабар дошта, аз он ҳимоят мекунанд. Дар гузашта Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов низ ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии Узбакистон кор кардааст.

Аз он пештар, Шараф Рашидов, раҳбари Узбакистони Шӯравӣ барои ба мақом расидани домодаш Абулазиз Комилов дар КГБ ёрӣ кардааст.

Гулнора Каримов бо падараш Ислом Каримов
Гулнора Каримов бо падараш Ислом Каримов

Ҳоло раҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба аъзои хонаводаи худ мақомҳои гуногунро дар ниҳодҳои калидии кишварашон додаанд. Ахиран Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, раиси яке аз кумитаҳои порлумони он кишвар интихоб шуд. Дариға Назарбоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон, узви Сенати он кишвар аст.

Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон аст. Писари бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон Рустами Эмомалӣ моҳи январи имсол иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Вай то ин дам дар мақоми раиси Хадамоти гумрук ва раиси Оҷонсии зиддифасод кор кардааст.

XS
SM
MD
LG