Пайвандҳои дастрасӣ

"Намояндагӣ дар Шӯрои шаҳрӣ роҳи Рустами Эмомалиро ба Маҷлиси Миллӣ боз мекунад". АКСУ САДО


Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба унвони номзад дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси пойтахт дар рӯзи 2 апрел сабти ном шудааст. Коршиносон мегӯянд, мусаллам аст, ки ӯ дар интихобот бо касби аксари кулли раъйҳо пирӯз шуда ва бад ин тартиб, барояш роҳ барои расидан ба мақомҳои баландтари давлатӣ боз хоҳад шуд. Дар гузашта созмонҳои нозири интихоботҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳеҷ як интихобот дар ин кишвар мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи озоду демократӣ баргузор нашудааст ва маъмулан натиҷаҳои он аз пеш маълум аст.

“Рустами Эмомалӣ рақиби қудратманд аст”

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ демократии ин кишвар ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони пойтахт пешниҳод шудааст. Дар ҳавзаи рақами 25-и шаҳри Душанбе вай бо намояндагони ҳизбҳои аграрӣ ва демократ Фазлиддин Икромов ва Ҳикматулло Саидиён рақобат хоҳад кард.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе.

Аз ҳавзаи рақами 25 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини шаҳри Душанбе вакили маҷлиси пойтахт буд ва иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони пойтахт рӯзи 7 феврал ваколати ӯро қабл аз мӯҳлат қатъ кард. Ҳамчунин, вакилии Фирӯз Улмасов, раҳбари пешини дастгоҳи шаҳдории пойтахт аз ҳавзаи рақами 62 лағв гардида ва рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ дар ин ду ҳавза интихоботи миёндавраии вакилони нави Маҷлиси шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард, ки 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро ба ӯҳда дошт.

Ҳикматулло Саидиён, узви Ҳизби демократи Тоҷикистон ва рақиби Рустами Эмомалӣ дар интихоботи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ӯро “рақиби қудратманд”, унвон кард. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бо Рустами Эмомалӣ рақобат кардан душвор аст. Вай раиси шаҳри Душанбе ва фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Аммо аъзои ҳар ҳизби сиёсӣ аз шанси ширкат дар интихобот, ки василаи расидан ба қудрат аст, бояд истифода кунад. Ман барои пирӯзӣ талош надорам, барои он талош дорам, ки бидонам то куҷо ба боварии мардум сазовор мешавам.”

Ба эътиқоди коршиносон, мақоми вакилӣ дар Маҷлиси пойтахт ба Рустами Эмомалӣ роҳро барои расидан ба авҷ ё қуллаҳои қудрат боз хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, дар корзор ё таблиғоти пешазинтихоботӣ, ки рӯзи 12 март сар шуда ва 20 рӯз идома хоҳад кард, “барои ёфтани дили овоздиҳандаҳо ва ба даст овардани овози бештар” талош хоҳад кард. Ҳикматулло Саидиён, узви Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар соли 2015 аз ҳавзаи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ширкат карда ва ноком шуда буд.

Рустами Эмомалӣ соли 2010 ба ҳайси номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон узви Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе шуд ва баъдан корро дар сохторҳои раҳбарикунандаи давлатӣ, аз ҷумла мақоми раиси Кумитаи гумрук ва Оҷонсии зидди фасод идома дод.

Роҳ ба сӯи қуллаҳои қудрат

Ҳуқуқдонҳои Тоҷикистон ширкати Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанберо дар интихоботи Маҷлиси вакилони пойтахт як амри қонунӣ хондаанд. Ба гуфтаи онҳо, бар асоси Конститутсия ва қонугузориҳои Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо бояд вакили маҷлис интихоб шаванд. Танҳо дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, ин ашхос аз мақоми иҷрокунанда ба раис табдил хоҳанд шуд.

Ба дунболи пирӯзии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи Маҷлиси вакилони Душанбе, ки дар ин росто шакку тардиде вуҷуд надорад, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъини ӯ ба мақоми шаҳрдори Душанбе фармон содир хоҳад кард. Ҳоло мақоми Рустами Эмомалӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе аст.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Ба эътиқоди сиёсатмадор ва ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов, мақоми вакилӣ дар Маҷлиси пойтахт ба Рустами Эмомалӣ роҳро барои расидан ба авҷ ё қуллаҳои қудрат боз хоҳад кард.

“Дар сурати вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шудан барои Рустами Эмомалӣ заминаи ҳуқуқӣ барои аз шаҳри Душанбе аъзои Маҷлиси миллӣ шудан фароҳам мешавад. Дар оянда имкон дорад пас аз расидан ба синни зарурӣ, вай раиси Маҷлиси миллӣ, ки шахси дуюм дар қудрат аст, интихоб шавад”,-афзуд Шокирҷон Ҳакимов.

Нозирон ва интихоботҳои Тоҷикистон

Дар гузашта созмонҳои байналмилалии нозири интихоботҳои Тоҷикистон гуфтаанд, дар ин кишвар дар давоми беш аз 20 соли охир ҳеҷ гоҳ интихоботи мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ барпо нашудааст. Дар чанд интихоботи гузаштаи президентӣ таҷрибаи номзадшавии сиёсатмадороне ба кор бурда шудааст, ки ба ном рақиб ва намояндаҳои ҳизбҳои мухолифин ва дар асл, пуштибонони сиёсати раиси ҷумҳури амалкунанда мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони пойтахт гуфт, ки вазифаи пурмасъул ба Рустам ба хотири ҷавон ва лаёқатманд буданаш бовар карда шудааст.

Ин таҷрибаҳоро созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун "вонамудсозии интихоботи бисёрномзадӣ" интиқод карда гуфтаанд, ҳадаф аз пешбарии онҳо дар санадҳо нишон додани гӯё "пуррақобат" будани интихоботҳо будааст. Баъди интихоботи парлумонии соли 2015 ба парлумони Тоҷикистон дигар ҳеҷ як номзади воқеии мухолифин, аз ҷумла аз ҳизби коммунистӣ ва наҳзати исломии Тоҷикистон шомил нашуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар оғози моҳи январи имсол аз мақоми раиси шаҳри Душанбе барканор шуда ва Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба курсии мири пойтахт нишаст. Вай то расидан ба ин мақом раиси Оҷонсии зиддифасод ва аз он пештар раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.

Давлатзода: "Таъйини Рустами Эмомалӣ қонунӣ аст"

Ҷумъа Давлатзода.
Ҷумъа Давлатзода.

Ҷумъа Давлатзода, мудири Оҷонсии хизмати давлатӣ 6 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, пешбарии Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаҳои давлатӣ бо қонунгузории кишвар мухолифат надорад. Ба гуфтаи вай, Рустами Эмомалӣ се диплом дорад ва хатмкардаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Баъди таъйини ӯ ба вазифаи раиси шаҳр дар як мулоқоташ бо фаъолони Душанбе президент гуфт, вазифаи пурмасъул ба Рустам ба хотири ҷавон ва лаёқатманд буданаш бовар карда шудааст. Мақомот таъйини писари президентро ҳамчун бахше аз сиёсати ҷавонгароии ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят карданд. Вале ин тасмим бо вокунишҳои интиқодӣ, бахусус дар берун аз Тоҷикистон ҳам рӯбарӯ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG