Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 23 январ журналисти собиқадор ва як корманди пешини дафтари матбуоти президент Абдумаҷид Ҳакимзода (дар гузашта Усмонов) раиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили шаҳрдории Душанбе таъин шуд. Ин мақом масъулияти иҷрои вазифаҳои сухангӯро ҳам дар назар мегирад.

Шаҳрдори нави Душанбе – Рустами Эмомалӣ писари калонии президенти Тоҷикистон рӯзи 12 январ баъди аз мақом озод шудани шаҳрдори собиқадор Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба ин мақом таъйин шуд.

Дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо радиои Озодӣ Абдумаҷид Ҳакимзода гуфт, ки рӯзи 23 январ ӯро аз мақоми раиси телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо” озод карда ба вазифаи раиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили шаҳрдории Душанбе таъин карданд. Вай гуфт, худи ҳамин рӯз мулоқоте бо шаҳрдори нави пойтахт – Рустами Эмомалӣ ҳам дошт ва аз ӯ тақозо шуд, ки барои анҷоми рисолатҳои худ омода шавад. Абдумаҷид Ҳакимзода гуфт, ки кор тоза шурӯъ шудааст ва ӯ мутмаин аст, ки вазифаҳои ӯ аз кор бо матбуот ва журналистон, таҳлили матолиби марбут ба шаҳрдорӣ, муошират бо намояндагони воситаҳои ахбори умум иборат мешавад.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Шаҳрдори нави Душанбе – Рустами Эмомалӣ писари калонии президенти Тоҷикистон рӯзи 12 январ баъди аз мақом озод шудани шаҳрдори собиқадор Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба ин мақом таъйин шуд.

Баробар бо Рустами Эмомалӣ - муовинони раиси шаҳри Душанбе ҳам нав шуда ба ин мақомҳо Маҳмадсаид Зувайдзода, Мавсума Муинӣ, Бахтиёр Назирматзода, Қурбон Саидзода ва Фаррух Ҷумъазода таъин шуданд. Инчунин ба мақоми сардори раёсати фарҳанги пойтахт Обид Назарзода, собиқ муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шуд. Раҳбарони се ноҳияҳои пойтахти ҷумҳурӣ ҳам баробар бо раиси нав иваз шуданд.

Яке аз нахустин тасмимҳои Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси шаҳри Душанбе - таъини Сӯҳроб Рауфов ба мақоми раиси телевизиони “Пойтахт” буд, ки аз рӯи баъзе гузоришҳо, қарор аст ба як телевизиони сартосарӣ дар ҷумҳурӣ табдил шавад. Инчунин аз рӯи тасмими ахир, дастгоҳи шаҳрдории Душанбе дар сохтмони қасри собиқи президент ва ҳукумати Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ кор мекунад.

Сӯҳроб Рауфов
Сӯҳроб Рауфов

Сухангӯи нави шаҳрдории Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода 60 сол дошта, хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Фаъолияти журналистиро соли 1982 ба ҳайси муҳаррири сардирексияи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда дар мақоми муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 1996 то 2004 сармутахассис ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон буд. Солҳои 2004-2006 дар вазифаи сармуҳаррири идораҳои иттилотӣ, сиёсӣ ва муовини директори Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Дар солҳои 2006 то 2008 дар мақомҳои муовини директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва аз ноябри соли 2008-ум директори Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” кор кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG