Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқадори шаҳри Душанбе ба таври ногаҳонӣ аз мақом барканор шуд ва ҷойи ӯро писари бузурги президент Раҳмон, Рустами Эмомалӣ гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 12 январ аз мақомаш барканор ва ба ин мақом писари бузурги президент Раҳмон - Рустами Эмомалӣ таъин шуд. То расидан ба ин мақом, Рустами Эмомалӣ раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасод буд.

Ба иттилои сомонаи расмии президент, тағйироти кадрӣ бо амри Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Бар пояи ин фармон Рустами

“Дар ҳоле, ки ҳозирон аз қарори нав бехабар буданд, Убайдуллев ин тайғиротро медонист ва дар суханронии худ аз президент барои пуштибониаш дар ин ҳама солҳо ташаккур кард”

Эмомалӣ аз вазифаи раҳбари Оҷонсии зидди фасод озод ва мақоми иҷрокунандаи раиси нави шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Номзадии ӯро ба ин мақом бояд Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе тасдиқ кунад.

Сабаби аз мақом сабукдӯш шудани Убайдуллоев маълум нест ва дар ҳоле, ки раиси ҷумҳур дар амрҳои рӯзи панҷшанбе аз мақом рафтани як идда мансабдоронро "гузаштан ба кори дигар" гуфтааст, дар робита ба мири собиқи шаҳр чизе гуфта намешавад. Убайдуллоев айни замон дар мақоми раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

"Убайдуллоев медонист"

Гулнора Амиршоева, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе гуфт, ки субҳи рӯзи 12 январ дар ҷаласаи шаҳр, ки бо ширкати аъзои ҳукумат, фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт ҷараён гирифт, расман хабари аз мақом озод шудани Убайдуллоев эълон шуд. Вай гуфт, ҷаласа ба раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода ва бо ҳузури Рустами

Эмомалӣ – иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе ҷараён гирифт. “Дар ҳоле, ки ҳозирон аз қарори нав бехабар буданд, Убайдуллев ин тайғиротро медонист ва дар суханронии худ аз президент барои пуштибониаш дар ин ҳама солҳо ташаккур кард”.

Ба гуфтаи Амришоева, Убайдуллоев гуфтааст, ки сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ба пуштибонии мутахассисони ҷавон нигаронида шудааст ва таъйиноти Рустами Эмомалӣ ҳам дар чаҳорчӯби ҳамин сиёсат сурат мегирад. Убайдуллоев аз ҳамаи ҳозирин барои ҳамкорӣ ташаккур ва ҳамчунин аз онҳое узрхоҳӣ кардааст, ки дар ҷараёни кор аз ӯ озурда шудаанд. Дар суханронии худ Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки дар мақоми нав корро дар самти ҳалли мушкилоти пойтахт тақвият медиҳад.

20 сол дар раҳбарии Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 64-сола раиси собиқадори шаҳри Душанбе буда, шахси дуюм дар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. 16 соли охир раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст ва бори охир дар соли 2015 ба ин мақом аз нав интихоб шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев 1-уми феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукумати имрӯза аст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст. Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол - солҳои 1985-1986 – вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале сипас боз ба Кӯлоб баргашт.

То соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштанд, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд. Аммо ҳамагӣ баъд аз чанд моҳ ба ҷои Юрий Поносов шаҳрдори Душанбе шуд. Убайдуллоев баъди таъсиси палатаи болоии порлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва инак 17 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.

Соли 2000-ум ӯ аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд. Маводи мунфаҷирае дар худрави ӯ таркид ва дар пайи он як мақомодори баландпояи Тоҷикистон, ки тасодуфан ба курсии Убайдуллоев нишаста буд, кушта шуд. Бо гузашти 15 сол дигар номаълум боқӣ монд, ки ин сӯиқасд ба Убайдуллоев буд ва ё каси дигар.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 3 фарзанд – ду писар ва як духтар дорад. Писари калониаш Ҷамолиддин Убайдуллоев 37 сол дошта, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Амирҷон Убайдуллоеви 35-сола се сол пеш баъди чанд соли кор дар мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул, аз Вошингтон ба Душанбе баргашт ва муовини сардори раёсати молиявии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Духтараш Нигина Убайдуллоева 28 сол дорад.

Аммо шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад ва аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар кор кардааст. Дар соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда, дар ин мақом генерал Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқиро иваз карда буд. Рустами Эмомалӣ бори дувум дар моҳи январи соли 2016 дар интихоботи президенти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок карда, раҳбарии ин ниҳоди варзиширо бар дӯш гирифт.

Рустами Эмомалӣ соли 2013, вақте ҳамагӣ 26 сол дошт, бо дарёфти унвони генералӣ раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Аз ин пеш муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе ва муовини раиси Созмони ҷавонон буд. Вай 19 декабри соли 1987 таваллуд шуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG