Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худоёрзода ба ҷои Ганҷалзода вазири нақлиёт таъин шуд


Худоёрзода дар гузашта дар вазорати нақлиёт кор кардааст. Ганҷалзода аз рост аввал аст
Худоёрзода дар гузашта дар вазорати нақлиёт кор кардааст. Ганҷалзода аз рост аввал аст

Бо як қарори рӯзи 23 январ, Шералӣ Ганҷалзода аз мақоми вазири нақлиёт барканор ва ба вазифаи муовини вазир тайъин гардид. Ҷои ӯро дар мақоми вазирӣ раиси ноҳияи Рӯшон Худоёр Худоёрзода гирифт.

Оғози ҳар сол дар Тоҷикистон маъмулан қарорҳо дар заминаи таъин ва аз вазифа сабукдӯш кардани раҳбарони сохторҳои муҳими давлатӣ қабул мешаванд. Нахустин тағйирот дар моҳи январи соли 2017 марбут ба мақоми шаҳрдори Душанбе шуд. Рӯзи 12 январ бо қарори президент, раиси собиқадори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақомаш озод ва ба ҷои ӯ Рустами Эмомалӣ - писари калонии президент ва ҳам раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва

Тағйироти кадрии соли 2017 аз таъйини Р.Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдори Душанбе шурӯъ шуд
Тағйироти кадрии соли 2017 аз таъйини Р.Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдори Душанбе шурӯъ шуд

мубориза бо коррупсия таъйин шуд.

Ганҷалзода: Ман сарбозам...

Дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо радиои Озодӣ Шералӣ Ганҷалзода тағйирот дар мақомашро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ "як сарбоз аст" ва омода аст ҳама масъулияти ба дӯшаш вогузоршударо иҷро кунад.

Ганҷалзода ба ин мақом декабри соли 2013 таъйин шуд ва дар ин муддат яке аз фаъолтарин вазироне буд, ки дар бораи вазъ дар ин сохтор ва ҳам мушкилоти соҳаи нақлиёт ва таробарӣ бо хабарнигорон ошкор сӯҳбат мекард. Ганҷалзода то таъйиноташ ба мақоми вазири нақлиёт дар сохторҳои мухталифи ҳамин вазоратхона кор кардааст.

Шералӣ Ганҷалзода 15 январи соли 1965 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда ва дар соли 1986 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси “муҳандис-сохтмончии роҳҳои автомобилгард” хатм намудааст. Ӯ дар вазифаҳои мухталиф аз муҳандиси Институти лоиҳакашии “Тоҷикгидротранстрой” то раиси кооперативи истеҳсолии

Ганҷалзода гуфт, "як сарбоз аст" ва омода аст ҳама масъулияти ба дӯшаш вогузоршударо иҷро кунад.

“Роҳсоз”-и шаҳри Душанбе фаъолият доштааст. Дар солҳои 2009-2013 муовини якуми раиси ноҳияи Синои Душанбе ва аз моҳи март то декабри 2013 муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон буд. Дар моҳи декабри соли 2013 вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд. Шералӣ Ганҷалзода оиладор буда ва соҳиби 5 фарзанд аст.

Шералӣ Ганҷалзода аз ҷумлаи вазирони барои хабарнигорону корафтодагон дастрас маҳсуб шуда ва дар озмуни расонаҳои мустақили кишвар “вазири мардумӣ” эълон шуда буд.

Бахусус, дар пайи баҳсҳои танзими парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия, ки дар моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шуда ва то имрӯз идома дорад, ӯ бо хабарнигорон, аз ҷумла, бо Радиои Озодӣ суҳбат ва ҷузъиёти ин баҳсҳоро шарҳ додааст.

Сулаймон Султонзода - аз муфаттиши низомӣ то раиси оҷонсии мубориза бо коррупсия

Дар паи тағйироти нав дар мақомҳои раҳбарикунандаи сохторҳои давлатӣ, ба курсии холишудаи раиси оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода таъйин шуд.

Сулаймон Султонзода
Сулаймон Султонзода

Сулаймон Султонзода рӯзи 31 январ 41-сола мешавад ва то таъиноташ ба мақоми раиси оҷонсии зиддифасод, дар сохторҳои додситонии Тоҷикистон дар мақоми муфаттиши низомӣ кор кардааст. Аз ҷумла, соли 1998 ӯ муфаттиши додситонии низомии горнизони Душанбе буд ва то соли 2007 дар мақомҳои муфаттиш дар прокуратураҳои низомии горнизоми Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа кор кардааст. Соли 2007 дар Душанбе ба ҳайси муфаттиши шӯъбаи таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии аҳамияташ хос дар додситонии низомии Тоҷикистон ба кор гузашт. Баъди ин дар солҳои 2008 то 2015 дар мақомҳои муовини прокурори низомии горнизони Кӯлоб, Душанбе ва вилояти Суғд ифои вазифа кардааст. Аз соли 2015 то имрӯз сардори Раёсати кадрҳои додситонии кулли Тоҷикистон буд.

Фаррух Ҳамрализода - пешниҳод ба мақоми раиси Палатаи ҳисоб

Инчунин рӯзи 23 январ сайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки бо фармонҳои раиси ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода - ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Худоёр Худоёрзода - вазири нақлиёти Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҳир Нурзода - муовини директори ҳамин агентии зиддифасод ва Хоҷаназар Имомназар - иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои дигар, Дилмурод Давлатзода аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш барканор шуда Фаррух Ҳамрализода барои ҷойгузунии ӯ пешниҳод шудааст. Дар хабари сайти президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар мақомҳои муовинон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода ва Мирмуҳаммад Камолзода, ​ дар мақоми муовини аввали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Ризо

Фаррух Ҳамрализода
Фаррух Ҳамрализода

Назарзода ва Дилноза Аҳмадзода дар мақоми муовини раиси ҳамин кумита, Мадина Набизода дар мақоми Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд”, Маҳмадзариф Шарифзода дар мақоми Директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии “Тиллои тоҷик” ва Ҷалил Пиризода - Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Абдумаҷид Ҳакимзода – аз раҳбарии ТВ “Ҷаҳоннамо” канор рафт

Бо қарорҳои ҳукумат ва амри президенти Тоҷикистон Зулфия Ёрова аз вазифаи муовини вазири нақлиёт, Файзиддин Қаҳҳорзода аз вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ҷалил Пиризода аз вазифаи Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашӯрбой Солеҳзода аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Абдумаҷид Ҳакимзода аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Искандар Солеҳзода аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.

Дар хабари сайти президенти Тоҷикистон таъкид шудааст, ки "аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд". Тағйироти нав вазифаҳои Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва Варзобро ҳам дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG