Пайвандҳои дастрасӣ

Барои Душанбе "Генплан"-и нав таҳия шудааст. ВИДЕО


Бинои шаҳдории Душанбе.

Мақомоти Тоҷикистон аз таҳияи Нақшаи нави генералӣ ё "Генплан" дар шаҳри Душанбе хабар доданд. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин тарҳ омода аст ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи вай, тибқи ин тарҳ, масоҳати шаҳри Душанбе то соли 2040 аз ҳисоби қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ 9,5 ҳазор гектар афзоиш меёбад. Феълан масоҳати пойтахти Тоҷикистон 12, 7 ҳазор гектар гуфта мешавад. Ҷамшед Аҳмадзода афзуд, ки бар асоси ин барнома, ҳамчунин таҷдиди системаи обрасонӣ, барқдиҳӣ ва ироаи гармӣ ба манзилҳо, пешбинӣ шудааст.

Ҷаноби Аҳмадзода дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан тарҳи сохтмони бинои нави парлумони кишвар дар ҷои бинои ҳозира ва бинои вазорати кишоварзӣ анҷом шуда ва сохтмончиён омодаи оғози кор ҳастанд.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон.
Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон.

Ҳамчунин раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, ки бинои қаблии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба далели вуҷуди мушкили сохтмонӣ, тахриб карда мешавад ва ба ҷои он бинои нави ҳукумати кишвар дар маҳали ин бино ва собиқ театри ба номи Маяковский, қомат рост мекунад.

Ба гуфтаи вай, аз маҳали бинои нави порлумон то бинои нави ҳукумати кишвар, гулгашт бунёд мешавад.

Интиқоли шаҳрдорӣ ба "қасри президент" муваққатист

Раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар робита ба интиқоли қисме аз ниҳодҳои шаҳрдории Душанбе ба бинои собиқи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ин як амри муваққатӣ мебошад ва баъд аз тасдиқи барномаи нави "Генплан", мавзӯи бунёди бинои нави шаҳрдорӣ матраҳ хоҳад шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе.

Шоми 17 январ расонаҳои кишвар навиштанд, ки тамоми ҳайати шаҳрдорӣ ба қисмати рости бинои собиқ дастгоҳи президенти кишвар мекӯчад. Далели ҷойивазкунии мақомоти Душанбе шомили нақшаи бозсозии пойтахт будани бинои ҳукумати шаҳр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аст.

Ин нақшаҳо бахше аз Генплан ё барномаи азими бозсозии симои шаҳри Душанбе аст, ки давоми солиёни охир мири собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев пиёда мекард. Убайдуллоев бо як фармони президент рӯзи 12 январ аз вазифа озод шуд ва ҷои ӯро дар ин мақом Рустами Эмомалӣ, собиқ раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва писари калонии президент гирифт.

Барои кӯчонидани фурудгоҳ маблағи зиёд зарур аст

Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз Ҷамшед Аҳмадзода дар бораи эҳтимоли ҳодисаҳое монанди суқути ҳавопаймо дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек суол карданд. Раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар посух гуфт, ки мавзӯи интиқоли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба маҳали дигар аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ матраҳ аст.

Аммо дар ҳозир ҳукумати Тоҷикистон бинобар камбуди будҷа, тавони кӯчонидани ин фурудгоҳро надорад. Аммо Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ назорат мекунад, ки дар масири фуруд омадани ҳавопаймоҳо биноҳои баландошёна сохта нашаванд. Вай изҳори итминон кард, ки замоне фаро мерасад ва ҳукумати кишвар аз имкониятҳои молӣ бархӯрдор шуда ва фурудгоҳро ба минтақаи дигар интиқол медиҳад.

Душанбе ва "Генплан"

Масъалаи "Генплан"-и Душанбе солҳо боз як мавзӯъи мояи ташвиши сокинони пойтахт ба шумор меравад. Сохтмон дар Душанбе асосан бар пояи "Генплан"-ест, ки ҳанӯз дар соли 1984 таҳия шуда буд.

Шаҳри Душанбе соли 1924, ҳамчун пойтахти Тоҷикистони мухтор дар ҳайати Ӯзбакистон қомат рост карда буд. Соли 1929, замоне, ки Тоҷикистон як ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, ба он Сталинобод ном гузоштанд ва то соли 1961 бо ин ном буд. Баъди ин номи қадимаи худ Душанберо баргардонд. Ҳоло тибқи омори расмӣ аҳолии пойтахт ба беш аз 800 ҳазор нафар мерасад, ҳарчанд шумори воқеии ғайрирасмии ҷамъияти Душанбе метавонад хеле бештар бошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG