Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии зидди фасод шаҳрдории Душанберо тафтиш мекунад. ВИДЕО


Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, ки бар асоси муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти шаҳрдории Душанбе тафтиш мешавад. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, ин санҷишҳо дар робита ба аз худ кардани маблағҳои будҷа сурат мегиранд.

Абдукарим Зарифзода, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 27 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси нақша, фаъолияти шаҳрдории Душанбе дар ду сол як бор санҷида мешавад ва тафтиши навбатии фаъолияти шаҳрдории Душанбе бояд моҳи майи соли 2018

Агар ҳадаф аниқ кардани вазъи молиявӣ ва сӯиистифода аз мансаб бошад, инро оҷонсӣ эълон хоҳад кард. Зеро сухан дар бораи шахсе меравад, ки то чанде пеш яке аз шахсони таъсиргузор дар низоми сиёсии Тоҷикистон дониста мешуд.

гузаронида мешуд. Аммо ӯ гуфт, бар асоси муроҷиати раиси феълии шаҳри Душанбе ва бархе аз шаҳрвандон, тафтиши ғайринавбатии тасарруфи маблағҳо дар шаҳрдорӣ оғоз гардидааст.

Ӯ афзуд: “Бар асоси муроҷиати раиси шаҳри Душанбе ҳолатҳое ҳаст, ки аллакай ду маротиба муроҷиат карда шуд. Мо тафтиш таъин кардем вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон оиди тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва оиди саҳмгузорӣ дар тарҳи “Манзили дастрас”. Ҳоло тафтиш таъин шудааст ва корҳо оғоз гардидаанд.”

Ҳанӯз Убайдуллоев вокуниш накардааст

Шаҳрдори пешини Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев то ба ҳол дар ин робита ба ин гуфтаҳои масъулони Оҷонсии мубориза бо фасод, вокуниш нишон надодааст. Дигар масъулини тарҳи "Манзили дастрас" ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз шарҳи ин қазия ба матбуот худдорӣ мекунанд. Дар мақоми раиси шаҳр Убайдуллоев маъмулан ба ҳама гуна хабар ва бахусус танқидҳо дар нисбати кори шаҳрдорӣ вокуниши сареъ нишон медод ва мавқеи худро рӯшан мекард.

Дар ҳоле, ки мавзӯи санҷиши кори шаҳрдории собиқ ба яке аз матолиби серхонандаи шабакаҳои ҷаҳонии рӯзи 27 январ табдил шуд, бархе нозирон дар Душанбе мегӯянд, хулосабарорӣ дар заминаи гунаҳгор ё бегуноҳ будани масъулини шаҳр ва тарҳи "Манзили дастрас"-ро тафтишот муайян мекунад. Бархе ҳамсӯҳбатони радиои Озодӣ изҳори умедворӣ карданд, ки мақомот баъдан натиҷаҳои санҷиши худро бо ҷомеа ва матбуот дар миён мегузоранд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, тафтиши кори Маҳмадсаид Убайдуллоев ду паҳлӯ дошта метавонад. Ба андешаи ӯ, аз сӯе шаҳрдори нав мехоҳад бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Убайдуллоев кори худро дар оянда муқосиа кунад ва ё бо боз кардани парванда назди Созмонҳои байналмилалӣ нишон диҳанд, ки афроди баландпоя низ дар Тоҷикистон барои фасод тафтиш мешаванд.

Шокирҷон Ҳакимов гуфт: “Агар ҳадаф заъиф кардани заминаҳои иҷтимоии раиси собиқи шаҳри Душанбе ва эҳтимолияти оғози парвандаи ҷиноятӣ бошад, ин аз натиҷаи санҷиш муайян мешавад. Вале агар ҳадаф аниқ кардани вазъи молиявӣ ва сӯиистифода аз мансаб бошад, инро Оҷонсӣ эълон хоҳад кард. Зеро сухан дар бораи шахсе меравад, ки то чанде пеш яке аз шахсони таъсиргузор дар низоми сиёсии Тоҷикистон дониста мешуд.”

Санҷиш баъди ду ҳафтаи тағйири мири шаҳр

Раиси собиқадори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 12 январи ҳамин сол аз мақом барканор шуд ва ҷойи ӯро писари бузурги президент Раҳмон, Рустами Эмомалӣ гирифт.

Тарҳи "Манзил дастрас" соли 2013 бо ҳимояти шаҳрдории Душанбе рӯи даст гирифта шуд ва қарор буд, ки нахустин манзилҳои нисбатан арзон дар пойтахт дар моҳи сентябри соли 2015 соҳибони худро пайдо намоянд. Бархе биноҳои истиқоматии баландошёна бар асоси ин тарҳ дар маҳаллаи маъруф ба “Профсоюз”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд мешаванд.

Шаҳрдории Душанбе ин тарҳро барои бо хонаҳои нисбатан арзон таъмин намудани аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷавӣ роҳандозӣ кардааст. Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд.

Вале тӯл кашидан ва ба кундӣ пеш рафтани корҳои сохтмонӣ баъзе аз саҳмдоронро нигарон кард ва бархеи онҳо соли гузашта аз хафви он ки дар охир ҳам бе хона ва ҳам бе пул намонанд, хостори бозпас гирифтани маблағҳои то ин дам пардохтаашон шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG