Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадсаид Убайдуллоев - бахше аз таърихи Тоҷикистон


Яке аз раҳбарони бонуфузи сиёсии Тоҷикистон, ки марҳилаи муваффақи кор ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он рост омад, аз як симати калидие, ки қариб ду даҳсола ишғол мекард, озод карда шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев мумкин аст берун аз Тоҷикистон чеҳраи ошное набошад, аммо мусалламан тӯли 25 соли истиқлолияти ин кишвар барои мардум як шахсияти шинохташуда буд. Убайдуллоев бахше аз таърихи Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи 12 январ Рустами Эмомалӣ, писари 29-солаи раисҷумҳури Тоҷикистон шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро, ки аз соли 1996 ба ин сӯ шаҳрдори Душанбе буд, иваз кард.

Замоне Убайдуллоев аз сӯи бисёре ба ҳайси яке аз қудратмандтарин шахсиятҳо дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Шояд яке аз қудратмандарин барои як муддат. Гоҳе ӯро ҳамчун рақиби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон медонистанд.

Убайдуллоев ҳам монанди Эмомалӣ Раҳмон аз клани Кӯлоб намояндагӣ мекунад. Охири соли 1991, замоне, ки Тоҷикистон ба истиқлол расид, Убайдуллоев ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи минтақаи Кӯлоб буд. Убайдуллоев баъди ин босуръат аз рӯи пилаҳои мансабҳои давлатӣ боло рафт. Ӯ соли 1992 ба вазифаи муовини раиси кобинаи вазирон таъин шуд ва дар ин мақом вазорати энержиро сарпарастӣ мекард.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ ҳамон сол шурӯъ шуд ва дар охири соли 1992 Раҳмон, як нафари то он вақт ноошно раиси парлумон таъйин шуд. Набуди дафтари раёсатҷумҳурӣ он замон ӯро раҳбари ҳукумат сохт.

Раҳмон соли 1994 ба мақоми президентӣ интихоб ва Убайдуллоев муовини аввали нахуствазир таъйин шуд. Убайдуллоев аз соли 1994 то 1997 дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар музокирот бо Иттиҳодияи мухолифини тоҷик, барои расидан ба сулҳ иштирок мекард.

Рӯйдоди аҷиб

Раҳмон замони ҷанги дохилӣ бо кӯмаки Русия – ҳомии аслии ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мешуд ва аз сӯи дигар Эрону Ӯзбакистон ҳам ба ӯ кӯмак мекарданд. Дар солҳои бисёр ҳассосу аз назари амниятӣ шиканандаи Тоҷикистон Убайдуллоев раҳбарии шаҳри Душанберо ба ӯҳда гирифт.

Маҳмуд Худойбердиев
Маҳмуд Худойбердиев

Моҳи феврали соли 1996 дар пайи як рухдоди аҷиби ҷанги дохилӣ, фармондеҳи яке аз воҳидҳои омӯзишдидаи вазорати дифоъ бо силоҳу размандаҳояш вориди шаҳри Душанбе ва хостори табаддулот дар ҳукумат шуд. Полковник Маҳмуд Худобердиев ба амнияти Душанбе таҳдид кард ва дар паи ин Раҳмон баъзе аз мансабдоронро барканор кард. Убайдуллоев дар миёни онҳо буд. (Дигарон нахуствазир, Ҷамшед Каримов, раҳбари дастгоҳи президент Изатулло Ҳаёев ва Абдуҷалил Салимов, раиси вилояти Кӯлоб)

Вале дере нагузашта президент Раҳмон ба Убайдуллоев мақоми раиси шаҳри Душанберо дод, ки дар ин мақом то 12 январи соли 2017 кор кард.

Шартномаи истиқрори сулҳ 27 июни соли 1997 ба имзо расид ва ба ихтилофҳои сиёсии ҳукумату Иттиҳодияи неруҳои мухолифин поён дод, вале ба хушунат нуқта нагузошт. Тоҷикистон пас аз поёни расмии ҷанг барои чандин сол як ҷойи хатарнок боқӣ монд.

16 феврали соли 2000 мошине, ки Убайдуллоев савори он буд, бомбгузорӣ шуд. Ӯ ҷон ба саломат бурд, аммо Шамсулло Ҷобиров, муовини вазири амният ҷон бохт.

Ду моҳ баъд аз ин 17 апрели соли 2000 Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аввалин ҷаласаи худро баргузор кард ва Убайдуллоев раиси он шуд. Мансаби дуввуми баландтарин дар Тоҷикистон, ки то ҳанӯз зери раҳбарии Убайдуллоев мебошад ва ӯро ба шахси дуюм дар ҳукумат табдил медиҳад.

Мероси омехта

Убайдуллоев ҳамчун як шахси сахтгир шинохта шудааст. Эҳтимолан мероси ӯ ба ҳайси шаҳрдори Душанбе барои сокинони пойтахти Тоҷикистон якранг нахоҳад буд.

Убайдуллоев барои навсозии шаҳр талошҳои зиёд ба харҷ дод. Шӯравӣ Душанберо ба як маркази минтақавӣ ва баъдан пойтахти ҷумҳурӣ табдил дод, ҳарчанд аз соли 1929 то 1961 номаш Сталинобод буд. Роҳандозии Генплан ё тарҳи симои нави шаҳри Душанбе дар давоми тахминан 10 соли охир шояд дар зеҳни бисёриҳо ҳамчун мероси аслии Убайдуллоев нақш мебандад ва ин тарҳ ҳам дар баробари тарафдор, мухолифу мунаққиди зиёд ҳам дорад. Яке аз танқидҳои солҳои охир ба тахриби сохтмонҳои таърихии солҳои 1930-40-и ташаккулёбии пойтахти Тоҷикистон марбут аст. Алорағми интиқоду даъватҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои худдорӣ аз тахриби онҳо, барнома аз рӯи амри шаҳрдори вақт иҷро шуд.

Соли 2016 Убайдуллоев бо як амри президент Путин бо ордени "Дружба"-и Русия қадрдонӣ шуд
Соли 2016 Убайдуллоев бо як амри президент Путин бо ордени "Дружба"-и Русия қадрдонӣ шуд

Убайдуллоев талош кард Душанберо ба як пойтахт ё шаҳри воқеӣ табдил диҳад: нигоҳдории ҳайвоноти хонагиро дар шаҳр манъ карду, бо пӯшиши ҳиҷоб ва дигар либосҳои ба назари ӯ бегонаи мусулмонӣ мухолифат кард. Ғайр аз ин, ӯ дар Душанбе алайҳи мусиқиҳои “баланд”-и ғарбӣ корзореро рӯи даст гирифт ва мусиқии рэпро “мухолифи арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ донист”.

Убайдуллоев ба истиснои Эмомалӣ Раҳмон охирин шахс дар мансаби баланди давлатӣ аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ӯ 1 феврали имсоли 65 сола мешавад ва синнаш барои ба нафақа рафтан мувофиқ аст.

Аммо, вақте ки телевизиони давлатӣ навори расман шаҳрдори Душанбе таъйин шудани Рустами Эмомалиро намоиш дод, чеҳраи Убайдуллоев эҳсоси ӯро нишон медод.

Убайдуллоев аз собиқадорони сиёсати Тоҷикистон аст ва рафтани ӯ аз мақоми шаҳрдор ҳанӯз ба маънои тарки пурра кардани саҳнаи сиёсиву ҷамъиятӣ нест. Дар оянда исми ӯ ҳатман шунида хоҳад шуд.

Брюс Паннир, Шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар

Радиои Озодӣ

Брюс Паннир
Брюс Паннир

XS
SM
MD
LG