Пайвандҳои дастрасӣ

Озода Раҳмон дар миёни 100 зани бонуфузи ҷаҳон


Озода Раҳмон соли гузашта раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд

Би-би-сӣ – Бунгоҳи хабарии Бритониё – номи Озода Раҳмон, духтари президенти Тоҷикистон ва раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро дар феҳристи 100 зани бонуфузи ҷаҳон ворид кардааст. Барои бори аввал аст, ки як зан аз Тоҷикистон дар чунин рӯйхат ҷой мегирад.

Озода Раҳмон нахустин зани тоҷик аст, ки раҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Таъини ӯ ба ин мақом дар моҳи январи соли 2016, на ҳамчун нахустин зан, балки ҳамчун духтари Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи умумро ҷалб кард.

Марям, Сумая, Мариела...

Бар пояи ин феҳрасти Би-би-сӣ, духтарони раҳбарони баъзе аз кишварҳои дунё дар миёни занони пурнуфузи ҷаҳон ҷойҳои аввалро ба худ ихтисос додаанд. Дар ин гузориш, ки рӯзи 21 март бо номи “100 Women: Presidential daughters around the world” (“100 зан: Духтарони президентҳо дар саросари дунё”) ба нашр расид, аз ҷумла аз Марям Навоз Шариф – духтари нахуствазири Покистон, Сумая Эрдуғон – духтари раиси ҷумҳури Туркия, Мариела Кастро – духтари президенти Куба Раул Кастро ҳамчун занони пурнуфуз дар ҷаҳон ном бурда шудааст.

Марям Навоз Шариф, духтари нахуствазири Покистон
Марям Навоз Шариф, духтари нахуствазири Покистон

Дар ин гузориши Би-би-сӣ, Иванка Трамп – духтари раиси ҷумҳури нави Амрико ва Изабел дос Сантос, духтари калонии президенти Ангола Жозе Эдуарду душ Сантуш, ки аз соли 1979 дар он кишвари африқоӣ раҳбарӣ мекунад, низ дида мешаванд.

Раҳбари дастгоҳ ва сенатор

Дар бахше, ки ин гузориш бо номи “Chief of staff and senator” (Раҳбари дастгоҳ ва сенатор) ба Тоҷикистон ихтисос додааст, гуфта шудааст, ки Озода Раҳмонро дар соли 2016 падараш раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъин кард ва ӯ ҳамчунин курсии Сенат ё Маҷлиси Миллиро аз худ намуд.

Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

Бар пояи ин гузориши Би-би-сӣ, Озода Раҳмон бо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон издивоҷ карда ва соҳиби панҷ фарзанд мебошанд. Ин гузориш мегӯяд, Озода Раҳмон танҳо узви хонаводаи президент Раҳмон нест, ки дар мақомоти давлатӣ фаъолият мекунад.

Додари калонӣ

Додари калонии ӯ Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе аст ва хоҳараш Рухшона дар Вазорати умури хориҷӣ фаъолият мекунад. Ин гузориш мегӯяд, ки дигар пайвандонаш дар мақомҳои баланди тиҷоратӣ ва ҳукуматӣ фаъолият менамоянд ва ин хонаводаи Раҳмонро дар миёни хонаводаҳои аз ҳама сарватманд ва бонуфуз дар ин кишвар қарор додааст.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Озода Раҳмон нахустин зани тоҷик аст, ки раҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Таъини ӯ ба ин мақом дар моҳи январи соли 2016, на ҳамчун нахустин зан, балки ҳамчун духтари Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи умумро ҷалб кард.

“Сафири фавқулода ва мухтор”

Ӯ собиқаи кории дипломатӣ дорад. Солҳои 2004-2006 ҳамзамон бо таҳсил дар Амрико, дар сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, ба кор оғоз кардааст. Пас аз анҷоми таҳсили дусола дар Амрико ба ватан баргашт ва сардории раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Ин замоне буд, ки чеҳраи Озода Раҳмон расонаӣ шуд ва худаш ҳам дар нишастҳои расмӣ зоҳир шуда, суханронӣ мекард.

Озода Раҳмон моҳи январи соли гузашта ҳамроҳи падару модараш Ҳаҷҷи умраро адо кард
Озода Раҳмон моҳи январи соли гузашта ҳамроҳи падару модараш Ҳаҷҷи умраро адо кард

Соли 2009 муовин ва соли 2014 муовини аввали ин вазорат таъин гардид. Ӯ рутбаи “сафири фавқулода ва мухтор” – баландтарин рутбаи дипломатӣ дошта, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст. Озода дар соли ​ 2012 дар мавзӯи “Рушди ҳуқуқу озодиҳои занон дар солҳои 1917-2011 дар Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ҳамкоронаш дар Вазорати корҳои хориҷӣ аз ӯ ҳамчун як зани ҳалиму хоксор ва кордону коргар ёд мекунанд. Ӯро донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ медонанд. Аммо мунтақидонаш боло рафтанаш дар зинаҳои мансабро на ба донишу малакаи ӯ, балки бештар ба шахсияти падараш рабт медиҳанд.

"Синфи 11-ро дар Душанбе хатм кард"

Озода Раҳмон соли 1978 дар ноҳияи Данғара замоне ба дунё омад, ки падараш Эмомалӣ Раҳмон дар риштаи иқтисод, дар Шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, собиқ ба номи Ленин таҳсил мекард ва ҳамзамон дар ҳукумати ноҳияи Данғара фаъолият дошт. Ӯ соли 1984 дар вақте ки ҳамагӣ шаш сол дошт, таҳсили ибтидоиашро дар мактаби рақами 2-и ноҳияи Данғара оғоз кард. Соли 1993 пас аз як соли интихоби падараш ба мансаби раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ба Душанбе омад ва соли 1994 синфи 11-ро дар мактаби рақами 53-и ин шаҳр хатм кард.

​Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба ҷуз аз писари хурдиаш Сомон бақия алакай издивоҷ кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG