Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатов: "Озода Раҳмон зарфиятҳои хуб дорад"


Ҷумъа Давлатов мегӯяд, таъини фарзандони раисиҷумҳур ба мақомҳои давлатӣ мухолифи қонун нест
Ҷумъа Давлатов мегӯяд, таъини фарзандони раисиҷумҳур ба мақомҳои давлатӣ мухолифи қонун нест

Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатӣ мегӯяд, таъйини фарзандони раиси ҷумҳур ба мансабҳои давлатӣ мухолифи қонун нест ва "ҳатто дар Амрико ҳам дида мешавад."

Мақомоти Агентии хизмати давлатӣ соҳибмақом будани фарзандони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дуруст ва қонунӣ унвон карданд. Ҷумъа Давлатов, раиси ин агентӣ, 12-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе, меъёри қонунгузориро дар бораи манъи хизмати якҷояи хешутаборҳои наздик дар мақомҳои давлатӣ шарҳ дод ва гуфт, фаъолияти якҷояи президенти кишвар бо фарзандонаш мухолифи қонун нест.

"Дар қонунгузории Тоҷикистон дар қабули қарорҳо нисбати президенти кишвар аз рӯи қиёс омадааст, ки барои президент асос лозим нест ва ӯ метавонад, ҳам дар вақти таъин кардан ва ҳам дар вақти аз кор озод кардан аз ҳуқуқи худ истифода барад," - гуфт Ҷумъа Давлатов.

Давлатов: Фарзандони президент баромада раванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Раиси агентӣ аз Озода Раҳмон, фарзанди Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст, мисол овард ва гуфт, ки ӯ ба ду тараф -президент ва ҳукумат тобеъ мебошад ва фаъолияти якҷояаш бо падар хилофи қонун нест. Ба гуфтаи Ҷумъа Давлатов, ин таҷриба дар тамоми ҷаҳон мавҷуд буда, дар Амрикову Озарбойҷон ҳам дида мешавад.

"Дар ҳақиқат, дар қонунгузорӣ дар якчанд ҳолат иҷозат нест, ки хешу табори наздик кор кунанд, аммо ин маънои онро надорад ки умуман кор накунанд. Агар ин тартиб мешуд, сулолаҳо намешуд," - афзуд вай.

Давлатов дар идома зикр кард, ки то ҳол дар матбуот ва дигар ҷойҳо матолиби интиқодиеро дар мавриди Озода Раҳмон дучор наомадааст: "Зарфиятҳои хуб дорад ва мо бояд аз зарфиятҳояш дар ин мансаб ва дигар мансабҳо истифода барем."

Қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” дар Тоҷикистон хизмати якҷоя ё таъини хешовандони наздикро ба вазифаҳои давлатие, ки ба ҳамдигар тобеъ ё ҳисоботдиҳанда мебошанд, манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG