Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Душанбе шуд


Рустами Эмомалӣ ва Аҳтам Абдуллозода. Акс аз бойгонӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии президенти Тоҷикистон, раиси Маҷлиси вакилони халқи пойтахт шуд. Ин мақоми ӯро аъзои Маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи 18 апрел дар иҷлосияи даҳум таъйид карданд. То замони тасдиқи ваколати ӯ ҷараёни иҷлосияро вакили бузургсол Зариф Шарифов раҳбарӣ доштааст.

Шарҳи коршиносон: "Намояндагӣ дар Шӯрои шаҳрӣ роҳи Рустами Эмомалиро ба Маҷлиси Миллӣ боз мекунад"

Писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 январи имсол иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард

Рустами Эмомалӣ ду ҳафта пеш дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт аз ҳавзаи рақами 25 баранда эълон шуд. Абдулло Холиқов, раиси Кумисюни интихоботии шаҳри Душанбе, рӯзи 18 апрел дар иҷлосияи даҳум гуфтааст, Рустами Эмомалӣ 84,80 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро ба даст овардааст.

Рақибони вай аз ҳизбҳои демократ ва аграрӣ – Ҳикматуллоҳ Саидиён ва Фазлиддин Икромов – мутаносибан 2,63 ва 7,81 дар сади раъйи сокинонро аз худ кардаанд.

Дар ҳоле ки иттилои бештар аз манобеи мустақил дар бораи ҷараёни ин маҷлис дастрас нест, дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе мегӯяд, Рустами Эмомалӣ баъд аз тасдиқи ваколаташ суханронӣ карда ва ба сокинон зиндагии шоистаро ваъда додааст. Вай, инчунин, масъалаи обу сохтмон, партовгоҳ, роҳраву таваққуфгоҳ ва ҷилавгирӣ аз тундгароӣ дар соли ҷавононро дар миён гузоштааст.

Писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 январи имсол иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард, ки тайи 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро бар ӯҳда дошт. Убайдуллоев дар ҳоли ҳозир раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ва нафари дувум дар кишвар ба шумор меравад. Баъди барканории ӯ, маъмурони Оҷонсии зиддифасод сарфи пули буҷа барои баъзе сохтмонҳо дар пойтахтро мавриди тафтиш қарор доданд.​

Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда, дар ин мақом генерал Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқиро иваз кард ва то кунун ин вазифаро бар дӯш дорад.​

Дар ҳоле ки таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдори Душанбе интиқоди мухолифинро дар бораи афзоиши хешутаборчигӣ дар ҳукумат бештар кард, вале мақомоти давлатӣ таъини ӯро қонунӣ донистанд. Дар ҳоли ҳозир Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон узви Маҷлиси Миллист. Духтари дигараш Рухшона Раҳмонова дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекунад.

Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева

Коршиносон мегӯянд, интисоби фарзандону наздикони президентҳои Осиёи Марказӣ ба мақомҳои калидӣ чизи нав нест. Феълан Дариға Назарбоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, узви Сенати ин кишвар буда, раёсати Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амниятро бар уҳда дорад. Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон низ ба наздикӣ сардори яке аз кумитаҳои порлумони он кишвар интихоб шуд.

Дар гузашта дар бораи хонаводаи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, иттилои кофӣ дар даст набуд. Ахиран расонаҳо аз мансаби нави ду домоди Мирзиёев хабар доданд. Бино ба гузоришҳо, Ойбек Турсунов, домоди калонии Шавкат Мирзиёев муовини раиси Идораи коргузории президент ва домоди хурдиаш Отабек Шаханов муовини аввали сардори Хадамоти муҳофизони президенти Узбакистон таъин шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG