Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари президент раиси кумитаи порлумон шуд


Сардор Бердимуҳаммадов, писари раиси ҷумҳури Туркманистон

Сардор Бердимуҳаммадов – писари президенти Туркманистон – раиси кумитаи ҳуқуқи порлумони ин кишвар гардидааст. Матбуоти давлатии Туркманистон дар ин бора хабар дода ва гуфт, ки Сардор Бердимуҳаммадов рӯзи 21 март ба ин мақом баргузида шуд. Сардор дар интихоботи миёндаврии моҳи ноябри соли гузашта аз ҳавзаи рақами 24 "Душак"-и вилояти Ахал баранда шуд ва вориди порлумон гардид. Пеш аз ин, ӯ дар мақоми раиси департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Туркманистон кор кардааст.

Мирзиёев моҳи декабри соли гузашта дар рӯзи интихоботи президентии он кишвар бо ҳамсару фарзандон ва наберагонаш дар қитъаи раъйдиҳӣ ҳозир шуд ва танҳо он вақт акси якҷояи онҳо ба расонаҳо роҳ ёфт.

Дар бораи Сардор Бердимуҳаммадов иттилои зиёд дар даст нест. Ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ хатмкардаи Академияи дипломатии Маскав буда, соли 2014 рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст ва соли 2015 унвони доктори илмҳои техникиро соҳиб шудааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, падари чаҳор фарзанд – як писар ва се духтар аст. Бердимуҳаммадов баъд аз марги раҳбари аввали ин ҷумҳурӣ – Сафармурод Ниёзов дар моҳи декабри соли 2006 раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз газро ба ӯҳда гирифт. То он замон ӯ дар мақоми вазири беҳдошт кор мекард ва дар бораи ӯ ҳам иттилои зиёд дар даст набуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Дар оғоз Бердимуҳаммадов баъзе ишораҳое кард, ки омода аст дар ин кишвари баста ислоҳоти сиёсӣ анҷом бидиҳад, вале ин интизориҳо бароварда нашуд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар Бердимуҳаммадовро давомдиҳандаи сиёсати саркӯбгаронаи Туркманбошӣ меноманд. Дар ин кишвар ҳизбу сиёсатмадорони мухолиф ва мунаққиди давлат вуҷуд надоранд, Бердимуҳаммадовро дар шахспарастӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин кишвар расонаву журналистони мустақил вуҷуд надоранд ва онҳое, ки барои ҳамкорӣ бо матбуоти ғайридавлатӣ ва ё хориҷӣ гумонбар мешаванд, боздошт ва ба зиндон мераванд. Яке аз ҳодисаҳои охирин – бо ҷурми гӯё фурӯши нос боздошт шудани хабарнигори ҳамкори бахши туркмании радиои Озодӣ – Худойбердӣ Аллашов ва модараш буд. Баъди се моҳи боздошт онҳо шартан озод шуданд, вале дар ин муддат шадидан латту кӯб ва шиканҷа шудаанд.

Худойбердӣ Аллашов
Худойбердӣ Аллашов

Президенти Радиои Озодӣ Томас Кент мегӯяд, ин ҳама ҳодисаҳо “бахше аз маъракаест, ки ҳадафаш хомӯш кардани садои бахши туркмании РАО/РО ва ҳам азияти мардуми туркман аст”. Вай гуфт, дар давоми 18 моҳи охир чанд хабарнигори Радиои Озодӣ боздошт гардида латту кӯб, бозпурсӣ, таҳдид ва будини тамос нигоҳ дошта шуданд.

Баъд аз суқути Шӯравӣ ва касби истиқлоли Туркманистон президенти аввали ин кишвар Сафармурод Ниёзов гуфт, ки ин ҷумҳурӣ аз мақоми нейтралитет ё бетарафии сиёсӣ кор мегирад ва бо созмону ташаккулҳои байналмилалӣ танҳо бо назардошти манфиатҳои кишвар ҳамоиш меёбад. Президенти амалкунанда ҳам айни ҳамин сиёсатро идома дода, то ҳол ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро дар мавқеи баставу маҳдуд нигаҳ медорад.

Озода Раҳмон бо падарш Эмомалӣ Раҳмон
Озода Раҳмон бо падарш Эмомалӣ Раҳмон

Бори аввал нест, ки фарзанди раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди ниҳодҳои қонунгузор шуда, соҳиби мақом мегарданд. Тобистони соли гузашта Озода Раҳмон – духтари президенти Тоҷикистон – узви Маҷлиси Миллӣ шуда, ҳоло раёсати Кумитаи таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти палатаи болоии порлумонро бар ӯҳда дорад. Вай ҳамзамон раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.

Инчунин, Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи имсол шаҳрдори Душанбе таъин шуда, феълан номзад ба мақоми вакили маҷлиси пойтахт аст. Ин интихобот моҳи апрели имсол баргузор хоҳад шуд.

Дариға Назарбоева бо падараш Нурсултон Назарбоев
Дариға Назарбоева бо падараш Нурсултон Назарбоев

Дариға Назарбоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон, низ дар моҳи сентябри соли гузашта вориди Сенат шуда, раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амният аст. Дар бораи фарзандони Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ҳанӯз иттилое дар даст нест. Мирзиёев моҳи декабри соли гузашта дар рӯзи интихоботи президентии он кишвар бо ҳамсару фарзандон ва наберагонаш дар қитъаи раъйдиҳӣ ҳозир шуд ва танҳо он вақт акси якҷояи онҳо ба расонаҳо роҳ ёфт.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG