Пайвандҳои дастрасӣ

Пойтахт ё Душанбе? Тағйири ду қарори Убайдуллоев аз сӯи Рустами Эмомалӣ


Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ – иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе – ду қарори раиси пешини пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Бар асоси ду қароре, ки рӯзи 28 март дар вебсайти расмии шаҳрдорӣ нашр шуд, номи меҳмонхонаи "Пойтахт" ва телевизиони "Пойтахт" ба "Душанбе" табдил дода шудаанд.

Аз ҷумла, дар яке аз қарорҳо гуфта шудааст, калимаи "меҳмонсаро"-ро низ бо "меҳмонхона" иваз намоянд. Қарорҳо дар бораи "Меҳмонсарои Пойтахт" ва "Телевизиони Пойтахт" моҳи октябри соли 2006 аз тарафи Маҳмадсаид Убайдуллоев қабул шудааст.

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, охири моҳи январи имсол ба мақоми шаҳрдории Душанбе расид. Вай то ин замон раиси Оҷонсии зиддифасод ва аз он пеш раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.

Маҳмадсаид Убайдлулоев тайи бист соли охир раёсати пойтахтро бар ӯҳда дошт ва ғайриинтизор моҳи январ аз мақомаш барканор шуд. Феълан ӯ раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ва амалан нафари дувум дар кишвар аст.

Баъди барканории Убайдуллоев, мақомот ба тафтиши харҷи пули буҷа дар сохтмони баъзе иншоот дар пойтахт, аз ҷумла маҷмааи тандурустии «Истиқлол» шурӯъ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG