Пайвандҳои дастрасӣ

Фармони нав. Тағйири мақоми Рустами Эмомалӣ дар раёсати Душанбе


Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ – писари калонии президенти Тоҷикистон – расман раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Фармон дар ин бора рӯзи 4 апрели имсол содир шуда, танҳо рӯзи 8 апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд. Рустами Эмомалӣ то ин дам иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе буд ва баъди ба даст овардани узвият дар Маҷлиси шаҳрӣ дар ҳафтаи гузашта мақомаш тағйир кардааст.

Бино ба гузоришҳо, Ойбек Турсунов, домоди калонии Шавкат Мирзиёев муовини раиси Идораи коргузории президент ва домоди хурдиаш Отабек Шаханов муовини аввали сардори Хадамоти муҳофизони президенти Узбакистон таъин шудаанд.

Қарор аст, Маҷлиси вакилони халқи Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 18 апрелаш ин фармони нав дар бораи мақоми Рустами Эмомалӣ ва, инчунин, ваколаташ дар маҷлиси шаҳриро тасдиқ кунад. Дар ин ҷаласа Абдулло Холиқов, раиси Кумисюни шаҳрии интихобот гузориш дода, ҷараёни иҷрои барномаи шаҳрдорӣ барои соли ҷавонон низ барарсӣ хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ ҳафтаи гузашта дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт аз ҳавзаи рақами 25 баранда эълон шуд. Раиси Кумисюни интихоботии шаҳри Душанбе рӯзи 3 апрел гуфта буд, Рустами Эмомалӣ дар ин ҳавза 84,80 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро ба даст овардааст. Рақибони ӯ аз ҳизбҳои демократӣ ва аграрӣ – Ҳикматулло Саидиён ва Фазлиддин Икромов – мутаносибан 2,63 ва 7,81 дар сади раъйи сокинонро аз худ кардаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 январ иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард, ки 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро бар ӯҳда дошт. Убайдуллоев дар ҳоли ҳозир раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ва нафари дувум дар кишвар ба шумор меравад. Баъди барканории ӯ, маъмурони Оҷонсии зиддифасод сарфи пули буҷа барои баъзе сохтмонҳо дар пойтахтро мавриди тафтиш қарор доданд.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда, дар ин мақом генерал Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқиро иваз кард ва то кунун ин вазифаро бар дӯш дорад.

Ҳоло шаҳрдории Душанбе ба Қасри пешини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчидааст
Ҳоло шаҳрдории Душанбе ба Қасри пешини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчидааст

Дар ҳоле ки таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдори Душанбе интиқоди мухолифинро дар бораи афзоиши хешутаборчигӣ дар ҳукумат бештар кард, вале мақомоти давлатӣ таъини ӯро қонунӣ донистанд. Дар ҳоли ҳозир Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон узви Маҷлиси Миллист. Духтари дигараш Рухшона Раҳмонова дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекунад.

Коршиносон мегӯянд, интисоби фарзандону наздикони президентҳои Осиёи Марказӣ ба мақомҳои калидӣ “дарди куҳна” аст. Феълан Дариға Назарбоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, узви Сенати ин кишвар буда, раёсати Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амниятро бар уҳда дорад. Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ба наздикӣ сардори яке аз кумитаҳои порлумони он кишвар интихоб шуд.

Дар гузашта дар бораи хонаводаи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, иттилои кофӣ дар даст набуд. Ахиран расонаҳо аз мансаби нави ду домоди Мирзиёев хабар доданд. Бино ба гузоришҳо, Ойбек Турсунов, домоди калонии Шавкат Мирзиёев муовини раиси Идораи коргузории президент ва домоди хурдиаш Отабек Шаханов муовини аввали сардори Хадамоти муҳофизони президенти Узбакистон таъин шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG