Дар ҳар кӯча ва ё рустои Тоҷикистон як Наврӯз-ро метавон пайдо кард, вале агар пайдо накардед, бисёре аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Одноклассники, Мой Мир, В Контакте ҳастанд. Дар остонаи ҷашни Наврӯз, Радиои Озодӣ аз ҳафт Наврӯз пурсид, ки оё аз номашон мефахранд, кӣ онҳоро ном гузошт ва оё ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Бубинед, чӣ мегӯянд.
"Ҳафтнун" ва ё ҳафт Наврӯзи Тоҷикистон

5
Наврӯз Абдуализода аз шаҳри Турсунзода аст ва ӯро ба гуфтаи худаш волидонаш ”ба таври автоматӣ” ном гузоштаанд, зеро дар рӯзи 21 март таваллуд шудааст. Номи бародарони Наврӯз ҳамқофияи номи худаш, яъне Беҳрӯз ва Фирӯз аст. Наврӯз зодаи соли 1992 буда, ҳоло дар Қазоқистон дар Донишгоҳи иқтисод ва тиҷорат таҳсил мекунад ва Наврӯзи 22-юми худро дар ҳаминҷо ҷашн мегирад. Дар "В Контакте" буд ва саломи моро бе алейк нагузошт.

6
Наврӯз Абдураҳмон аз Душанбест, вале имсол Наврӯзро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷашн мегирад. Дар як рӯзи зебои баҳорӣ ва 23-уми марти соли 1993, ба дунё омадааст ва бобояш ӯро Наврӯз ном гузоштааст. Бисту як Наврӯзро дидааст ва дар соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ кор мекунад. Номаш ба худаш писанд аст ва ҳар сол ду рӯз пас аз Наврӯз зодрӯзашро ҳам ҷашн мегирад. Дар Фейсбук рафиқ шудем.

7
Наврӯз Раҷабов аз Қӯрғонтеппа аст ва баръакси дигар Наврӯзҳо, рӯзи 6 апрели соли 1987 ба дунё омадааст ва волидонаш, “педагогҳои замони шӯравӣ" Наврӯзаш ном ниҳоданд. Ӯ мегӯяд: «Номам ба худам маъқул, на фақат барои он ки ин ном ифодагари тоҷик буданам ва яке аз идҳои бузурги халқамон ҳаст, аммо ин ном аз ҷиҳати динамон на он қадар хуб аст. Иншоаллоҳ номи Абдулло ва ё Абдураҳимро низ қабул кунам! Ин маънои онро надорад ки ман аз номи худам даст мекашам. Албатта Наврӯзро ҷашн мегирем. Дар Тоҷикистон ҳамин қадар иди хуб мондааст, ба истиснои Иди Қурбон ва Рамазон. Шашуми апрел ба 27 қадам мегузорам. Наврӯз устоди варзиш дар «паркур», як равияи нав дар варзиш аст ва дар як ширкати провайдери мобилӣ ва Интернет кор мекунад. Дар "В Контаке" хонаи маҷозӣ дорад.

8
Наврӯз Одинаев, дар Фархори дурдаст ба дунё омадааст, вале имсол зодрӯзу ҷашнашро дар Маскав таҷлил мекунад. Ин Наврӯзро, ки 23 марти соли 1988 таваллуд шудааст, падараш бо муҳаббати зиёд нисбат ба ин ид ном ниҳодааст. Наврӯз, ки ҳоло дар Маскав ба ҳайси ошпаз кор мекунад, аз падараш сипосгузор аст, ки чунин номи хубро ба ӯ додааст. Мегӯяд, ки барои Наврӯз ва зодрӯзаш ҳар сол ин моҳро интизор мешавад. Бо рафиқонаш дар Одноклассники ҳаст ва аз байни чандин нафар розӣ шуд, яке аз ҳафт Наврӯз бошад.
Агар шумо ҳам Наврӯз ном доред, як акси хуби худро бо посух ба ин суолҳо бифристед:
Шуморо кӣ Наврӯз ном гузошт?
Кай ва дар куҷо таваллуд шудаед?
Оё номатон ба худатон писанд аст?
Наврӯзро ҷашн мегиред?
Аксу иттилоъро ба имейли мо ба tajik@rferl.org бифристед
Худро дар инҷо хоҳед дид дар сафи Наврӯзҳои дигар:
http://www.ozodi.org/media/photogallery/25302233.html?nocache=1
Агар шумо ҳам Наврӯз ном доред, як акси хуби худро бо посух ба ин суолҳо бифристед:
Шуморо кӣ Наврӯз ном гузошт?
Кай ва дар куҷо таваллуд шудаед?
Оё номатон ба худатон писанд аст?
Наврӯзро ҷашн мегиред?
Аксу иттилоъро ба имейли мо ба tajik@rferl.org бифристед
Худро дар инҷо хоҳед дид дар сафи Наврӯзҳои дигар:
http://www.ozodi.org/media/photogallery/25302233.html?nocache=1