Пайвандҳои дастрасӣ

NGN-ро боз бастанд, қаҳри муҳоҷиронро оварданд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон аз рӯзи 11-уми январ истифодаи барномаи NGN-ро дигарбора бастанд. Истифодаи онро бори аввал рӯзи 18-уми декабри соли гузашта мамнӯъ карда, дертар боз намуда буданд.

  • “Илтимос, ҳамин NGN-ро набанданд. Мо инро бисёр истифода мебарем. Дар Тоҷикистон ба қимати 60 сомонӣ мехарем. NGN-ро хомӯш карданд, танқисӣ мекашем.”
  • “Бастани NGN барои мо бисёр сахт меояд, барои инки нархи гуфтугӯ тавассути он арзонтар аст. Муроҷиат карданӣ ҳастем, ки кормандони давлат NGN-ро набанданд.”

Чунин муроҷиатҳои видеоиву садоӣ аз муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ зиёд мерасанд. Бастану боз кардани паёмрасонҳои интернетӣ мавзӯи сӯҳбати даҳҳо ҳазор муҳоҷир аст, ки дар Русия кор мекунанд. Мегӯянд, ки мақомот як риштаи ҳаётӣ байни онҳову волидонашонро буридаанд.

NGN-ро боз бастанд, қаҳри муҳоҷиронро оварданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:21 0:00

Яке аз онҳо, ки мегӯяд, донишҷӯ аст, дар муроҷиатномаи тақрибан 10-дақиқаӣ мегӯяд, “ду дақиқа гап мезанам, дар ду дақиқа ман падарамро дуруст аҳволпурсӣ кунам ё модарамро? Ҳамин қадар мегӯям, ки падарҷон пул фирист, ки барои ғизохарӣ маблағ надорам. Дигар намедонам. Агар NGN-ро бастед, ягон чизи дигар боз кунед, то гап занем.”

Ҷонибек Дадоматов
Ҷонибек Дадоматов

Кори NGN – як василаи арзони гуфтугӯро мақомоти Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабри соли гузашта қатъ карданд ва сабабҳояшро Ҷонибек Дадоматов, намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чунин шарҳ дод: “Таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирӣ истифодаи хизматрасонии алоқаи барқӣ бо мақсади содир шудани ҷинояткорӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ экстремистӣ.”

Бино ба гузоришҳо дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллион нафар аз корбарон барои гуфтугӯ аз NGN истифода мекарданд.

Манъи NGN мардум, бахусус муҳоҷиронро асабӣ кард ва ду ҳафта баъди он, Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, қонунӣ ва ғайриқонунӣ будани манъи НҶН-ро таҳқиқ мекунад. Баъди ин қарор, баъзе аз ширкатҳои мобилӣ дигарбора онро боз карданд, вале рӯзи 11-уми январ боз бастанд.

Бастану боз кардани ин паёмрасон аз тарафи Хадамоти алоқа идома дорад. Аз тарафи дигар норозигиву эътирози муштариён, ки бо наздиконашон ва бо қимати арзон гуфтугӯ карда наметавонанд.

Бино ба гузоришҳо дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллион нафар аз корбарон барои гуфтугӯ аз NGN истифода мекарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG