Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди баҳси Наврӯз... Шамил Ҳакимов 7.5 сол зиндонӣ шуд


Шамил Ҳакимов, як узви созмони насронии дар Тоҷикистон мамнӯи "Шоҳидони Яҳво", бо ҷурми барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ба 7.5 соли ҳабс маҳкум шуд.

Ҳукмро рӯзи 10-уми сентябр дар бинои боздоштгоҳи муваққат (СИЗО)-и рақами дуи шаҳри Хуҷанд эълон карданд. Шамил Ҳакимов ҳукмро ноодилона хонда, гуфтааст, "танҳо ба тарғиби осоиштаи ақидаҳои динии масеҳӣ машғул буд".

Наргис Набизода, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми қироати ҳукм гуфт, Ҳакимов давраи адои ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар карда, баъд аз озодӣ низ 3 сол аз ҳаққи фаъолият дар муассисаҳои динӣ маҳрум хоҳад буд. Пештар намояндаи додситонӣ барои Ҳакимов 9 соли ҳабсро талаб карда буд.

То кунун мавқеи вакили мудофеи Шамил Ҳакимов дастрас нест. Телефони ӯ хомӯш аст ва маълум нест аз рӯйи ҳукми нафари таҳти ҳимояташ ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд, ё не.

Мақомот Шамил Ҳакимовро яке аз се раҳбари "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон медонанд, ки дар миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ақидаи ин ҷараёни диниро пазируфтааст. Ӯ ду сол пеш аз Душанбе ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғд омада буд.

Дар муҳокимаи парвандаи Шамил Ҳакимов рӯзи 29-уми август дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аъзои ҳайати ташхис гуфтанд, бо "мероси давраи оташпарастӣ" номидани иди Наврӯз ва зикри "омадани салтанати Худованд ба замин" Ҳакимов ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ роҳ додааст. Он вақт вакили мудофеи Ҳакимов ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ намуд ва гуфт, зерҳимояаш касеро аз таҷлили ҷашни Наврӯз манъ накарда, ба барҳам задани давлати Тоҷикистон ҳам даъват нанамудааст.

Ба қавли вакили дифоъ, пайравони "Шоҳидони Яҳво" танҳо одамонро ба дини аз нигоҳи онҳо "ҳақиқӣ" хонда, тибқи фармудаи "Инҷил" ақидаҳои динии худро тарғиб мекарданд.

Шамил Ҳакимов моҳи феврали имсол аз сӯи кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дастгир шуд. Муҳокимаи додгоҳии парвандаи ӯ аввалҳои моҳи августи имсол оғоз гашта, дар толори Додгоҳи Хуҷанд ва боздоштгоҳ идома дошт.

Қаблан Созмони "Форум-18", ки аз маҳдудияти озодиҳои динӣ дар кишварҳои Шӯравии собиқ гузориш медиҳад, аз шеваи бархӯрди мақомот бо Шамил Ҳакимов изҳори нигаронӣ карда буд. Ин созмон ба нақл аз масъулони созмони "Шоҳидони Яҳво" мегӯяд, Ҳакимов аз фишори баланди хун азият мекашад ва чанд вақт пеш аз боздошт, пояшро ҷарроҳӣ карда буд.

Фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" дувоздаҳ сол боз дар Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онро ба хотири даъваташ ба сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ манъ карданд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст.

Ин созмон чанд дафъа талош кард, дубора номнавис шавад, аммо муваффақ нашуд.

Бори аввал нест, ки пайравони ин гурӯҳи динӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қаблан додгоҳ як сарбози 18-солаи пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво"-ро, ки мегуфт, ба далели боварҳои диниаш либоси низомӣ намепӯшад, ба шаш моҳи зиндон маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG