Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба интиқоди ИМА дар бораи озодиҳои динӣ посух додааст


Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, ба интиқодҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи маҳдуд будани озодиҳои динӣ дар кишвар посух додаанд. Масъулини ниҳод доир ба яке аз эродҳои ИМА оиди манъи фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" гуфтанд, агар додгоҳ қарорашро дар ин замина бозбинӣ кунад, онҳо барои фаъолияти ин ҷараён мухолифат намекунанд.

"Ба масҷид нарафтани занҳоро қонун манъ накардааст"

Озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон чандин маротиба мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифта буд. Аз ҷумла моҳи майи соли равон Департаменти давлатии Амрико дар "Гузориши байналмилалӣ оид ба озодии дин дар соли 2017", Тоҷикистонро ба қатори "кишварҳои мавриди нигаронии хос", шомил карда буд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин -- ниҳоди назораткунандаи умури динӣ рӯзи 25-уми июл зимни як нишаст дар Душанбе мавқеи ниҳоди зертобеаш оиди ин гузоришҳоро рӯшан кард. Ҷаноби Давлатзода аз ҷумла гуфт, дар машваратҳои сиёсӣ бо ҳайати расмии ИМА ба ҳар эроди ҷониби Амрико посухҳои худро ирсол кардаанд.

"Масалан борҳо масъалаи ба масҷид нарафтани занҳоро эрод мегиранд. Аслан, дар расми мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ ва мазҳаби ҳанафӣ ҳам ба масҷид рафтани занҳо ҳатмӣ нест. Рафта масҷидҳои кишварҳои ҳамсоя ва ё Афғонистону Покистонро бинед. Ин як тарафи масъала. Ба масҷид рафтани занҳоро қонун манъ накардааст, балки ин қарори Шӯрои уламо аст ва онҳо дар асоси таълимоти мазҳабиашон чунин қарорро қабул мекунанд",-гуфт раиси Кумитаи дин.

"Шоҳидони Яҳво: Эроди дигари ИМА"

Раиси Кумитаи дин афзуд дар баробари эроди дигари ИМА дар бораи манъ будани фаъолияти равияи насронии "Шоҳидони Яҳво" низ мавқеи худро маълум кардаанд. Сулаймон Давлатзода дар ҳузури хабарнигорон таъкид кард, ки агар қарори додгоҳ дар бораи манъи фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" иваз шавад, онҳо низ барои фаъолияти ин ҷараён маҳдудият эҷод намекунанд.

"Фаъолияти Шоҳидони Яҳво бо қарори суд манъ шудааст. Агар суд қарорашро тағйир диҳад, мо барои фаъолият ва бақайдгирии онҳо монеа эҷод намекунем. Фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар чандин кишварҳо аз ҷумла кишварҳои Аврупо манъ аст ва ин хоси Тоҷикистон нест",-таъкид кард ҷаноби Давлатзода

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар умум мегӯяд, қонун вобаста ба шароит ва талаботи замон аст.

Фаъолияти равияи насронии "Шоҳидони Яҳво" соли 2007 қатъ карда шуд ва мақомот далели ин амрро дар мутобиқ набудани фаъолияти оинномавии ин ташкилот бо қонунгузории кишвар арзёбӣ мекунанд. Панҷ сол пеш "Шоҳидони Яҳво" барои сабти дубора санад пешниҳод кард, аммо масъулони Кумитаи дин талаб намуданд, ки дар бораи ҳадди ақал панҷ сол дар маҳалли сабти ном зиндагӣ кардани аъзояш санад биёранд.

Ба масҷид нарафтани занҳо ва манъи фаъолияти равияи "Шоҳидони Яҳво" аз интиқодҳои аслӣ созмонҳои байналмилалӣ оиди маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон нест. Манъи рафтани ҷавонони 18-сола ба масоҷид, маҳдудият дар сафари Ҳаҷ, зери назорати комил гирифтани масҷидҳо аз интиқодҳои дигаре ҳастанд, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ ба маҳдуд будани озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ишора мекунанд.

XS
SM
MD
LG