Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шоҳидони Яҳво": Тоҷикистон Даниилро бо пӯшидани либосӣ ҳарбӣ маҷбур карда натавонист


Акси Даниил Исломовро Анҷумани аврупоии “Шоҳидони Яҳво” дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Даниил Исломов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва як пайрави “Шоҳидони Яҳво”, созмони мамнӯи масеҳӣ дар Тоҷикистон, ки бо ҷурми саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиш ба ним сол ҳабс маҳкум шуда буд, адои ҷазоро хатм кард.

"Ӯ ду бор ҷазо гирифт"

Стефан Стейнер, як масъули Анҷумани аврупоии “Шоҳидони Яҳво”, рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Даниил ба пӯшидани либоси ҳарбӣ маҷбур шуда буд, вале онро ба бар накард.

  • “Даниил Исломов мехост бе пӯшидани либоси ҳарбӣ ба ватанаш хидмат кунад, аммо зиндонӣ шуд. Ӯ ҷазояшро барои напӯшидани либоси ҳарбӣ гирифт”, - гуфт Стейнер.
Фаъолияти созмони "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон соли 2007 манъ шуд
Фаъолияти созмони "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон соли 2007 манъ шуд

Даниил Исломов ҳангоми ҷалб ба артиш ариза навишта буд, ки розӣ аст, барои ватанаш кор кунад, вале бидуни пӯшидани либоси ҳарбӣ ва гирифтани силоҳ. Мақомот ӯро ба ҷурми саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ моҳи октябри соли гузашта ба шаш моҳ зиндон маҳкум карданд.

Ин сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳори имсол аз зиндон озод ва ба хидмат бурда шуда буд. Ӯро дар оғози тирамоҳ аз хидмати ҳарбӣ ҷавоб додаанд. Аммо на Даниил Исломов ва на наздиконаш ҳозир нашуданд, ки вазъияти ӯро шарҳ диҳанд.

На либоси ҳарбӣ, на силоҳ

Созмони “Шоҳидони Яҳво” пӯшидани либоси ҳарбӣ ва гирифтани силоҳро ба пайравонаш маслиҳат намедиҳад. Дар ҳоле ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон напӯшидани либоси ҳарбӣ “сарпечӣ аз ӯҳдадориҳои ҳарбӣ” аст ва фаъолияти ин созмонӣ динӣ маҳз ба хотири чунин талиғаш соли 2007 дар Тоҷикистон баста шудаааст.

Даниил Исломов ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ
Даниил Исломов ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ

Стефан Стейнер, масъули Анҷумани аврупоии “Шоҳидони Яҳво” мегӯяд, бастани ҷамъияти онҳо дар Тоҷикистон хилофи қонун буд ва ҳоло талош доранд, ки фаъолиятро аз сар гиранд. “Моҳи август мехостем бо мақомоти Тоҷикистон сӯҳбат кунем, вале на дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва на дар Дастгоҳи иҷроияи президент касе моро қабул накард”, - гуфт ӯ.

Дар чанд соли охир бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон як пайрави мазҳаби “Шоҳидони Яҳво” бо ҷурми сарпечӣ аз пӯшидани либоси низомӣ равонаи зиндон шудааст. Пайравони ин мазҳаб ба ин фикранд, ки хидмати сарбозӣ бояд бо корҳои ҷамъиятӣ дар хонаи пиронсолону маъюбон пушти сар шавад. Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ аст ва ба ҳеҷ гурӯҳи мазҳабӣ имтиёз дода намешавад. Танҳо ба афроди маъюб, писари ягона дар хонавода ва омӯзгорони деҳот муваққатан барои ҷалб нашудан ба артиш қонунгузорӣ имтиёз додааст.

"Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон 11 сол боз мамнуъст

“Шоҳидони Яҳво” соли 1997 дар Тоҷикистон фаъолияташро қонунӣ карда, аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта мешуд. Фаъолияти ин созмони динии насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури дин дар итоаташ буд, мамнӯъ эълон шуд ва сипас аз тарафи додгоҳ тасдиқ шуд.

Он вақт мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво” чанд мавриди нақзи қонунҳои кишварро ошкор кардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомот, масъулини ин созмони мазҳабӣ ба даъвати ҷавонон барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар сафи Артиши Тоҷикистон айбдор шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG