Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон муҳлати боздошти Шамил Ҳакимовро дароз кард


Акс аз саҳифаи "Шоҳидони Яҳво"

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳлати боздошти Шамил Ҳакимов, узви 68-солаи созмони насронии "Шоҳидони Яҳво"-ро то 26-уми июни имсол дароз кардааст. Фаъолияти ин созмон аз соли 2007 боз дар Тоҷикистон мамнуъст.

Шамил Ҳакимов моҳи феврали имсол дастгир шудааст. Созмони “Форум 18” навишт, алайҳи ӯ бо моддаи “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” парванда кушодаанд. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин амал аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Бино ба хабари “Форум 18”, Шамил Ҳакимов гӯиё ҷамъияти “Шоҳидони Яҳво”-ро раҳбарӣ мекард.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол қазияи Шамил Ҳакимовро расман шарҳ надодаанд. Вале созмони “Форум 18” навишт, ки Ҳакимов аз фишори баланд азият мекашад ва чанд вақт пеш аз боздошт пояшро ҷарроҳӣ карда буд. Ин созмон аз шеваи бархӯрди мақомот бо Шамил Ҳакимов нигаронӣ кардааст.

Фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” дувоздаҳ сол боз дар Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти созмонро ба хотири даъваташ барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ боздоштанд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин созмон чанд дафъа талош кард, дубора сабтином шавад, вале натавонист.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 70 созмони динии ғайриисломӣ сабтином шудааст, ки аксари онҳо масеҳӣ ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон дастикам даҳ сол боз назорат аз болои созмонҳои динӣ, чи исломӣ ва чи ғайриисломиро шиддат бахшидаанд. Дар пайи тасвиби қонуни нави дин дар соли 2009, чанд созмони ғайриисломӣ натавонистанд аз сабтиноми дубора гузаранд.

Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динӣ солҳо боз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад. Вале мақомот мегӯянд, шароит барои фаъолияти пайравони ҳамаи динҳо муҳайёст.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG