Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ "кина ба Наврӯз" ва зикри "салтанати Худо"-ро баррасӣ кард


Дар муҳокимаи парвандаи Шамил Ҳакимов, узви созмони “Шоҳидони Яҳво”, рӯзи 29-уми август дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аъзои ҳайати ташхис гуфтанд, бо “мероси давраи оташпарастӣ” номидани иди Наврӯз ва зикри “омадани салтанати Худованд ба замин” ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ роҳ додааст.

Аммо вакили дифои Ҳакимов ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ намуд, ки зерҳимояаш касеро аз таҷлили ҷашни Наврӯз манъ накарда, ба барҳам задани давлат ҳам даъват нанамудааст.

Мақомот Шамил Ҳакимови 68-соларо ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ айбдор мекунанд, ки бино бар талаби қонуни кайфарӣ то панҷ соли зиндонро дар назад дорад.

Дар муҳокима таҳти раёсати додрас Наргис Набизода баёноти шоҳидони парванда ва назари коршиносон шунида шуд. Машҳура Исмоилова, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва яке аз коршиносони парвандаи Шамил Ҳакимов гуфт, "Шоҳидони Яҳво" дар китоби "Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем" Иди Наврӯзро мероси давраи оташпарастӣ, ҷашни бутпарастон ва бегона ба яккахудоӣ номидааст.

Аммо Беҳрӯз Солеҳов, вакили мудофеи Шамил Ҳакимов гуфт, "Шоҳидони Яҳво" танҳо одамонро ба дини аз нигоҳи онҳо "ҳақиқӣ" хонда, мантиқан касеро аз истиқиболи ҷашни Наврӯз манъ накардаанд.

Ташхисгарони адабиёт ва наворҳои "Шоҳидони Яҳво", ки ба ин гурӯҳ имом - хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бӯстон низ шомил аст, ба натиҷае расидаанд, ки "китоб бо ҷомеаи мусалмонони ҳанафӣ мутобиқат намекунад" ва "тавзеи он боис ба тафриқа ва сабаби нофаҳмиҳо мешавад." Ҳарсе се нафар аз ташхисгарон дар додгоҳ гуфтанд, ки ҳар кадоми онҳо ҳамаи адабиётро, ки аз Шамил Ҳакимов мусодира шудаанд, ба пуррагӣ мутолиа накардаанд.

Онҳо ҳамчунин гуфтанд, бар пояи ақидаи "Шоҳидони Яҳво" саранҷом салтанати Худованд рӯи замин омада, тамоми ҳокимиятҳои заминиро аз байн хоҳад бурд ва ин ақида аз ҷумла зидди мавҷудияти давлати Тоҷикистон аст.

Аммо вакили дифои узви боздошшудаи "Шоҳидони Яҳво" дар посух ба ин иддао гуфт, инро Худованд дар китоби Инҷил мегӯяд ва он ақидаи на танҳо "Шоҳидони Яҳво", балки тамоми насрониён аст. "Пайравони ин ҷараён касеро барои барҳам задани давлат даъват накардаанд. Балки дар муомилаву муносибат бо одамон аз рӯи фармудаи Инҷил "одамони наздики худро мисли худат дӯст бидор" кор мегиранд. Ҳамчунин онҳо бар пояи Инҷил, ки гуфта, "андозро пардохт кун", ба давлат итоат мекунанд,"- гуфт вакили дифоъ Беҳрӯз Солеҳов.

Чеҳраи Шамил Ҳакимов дар паси панҷараи толори додгоҳ хаставу андуҳгин ба назар мерасид ва ба пурсишҳои додрас посухҳои кӯтоҳ медод. Ӯ ба ягон шоҳид ё ташхисгар саволе ҳам надод. Ин дар ҳолест, ки даврҳои гузаштаи муҳокима дар боздоштгоҳ ҷараён гирифта, ин бор ҷаласи додгоҳ озод буд ва хабарнигорон низ ба он роҳ дода шуданд.

Қарор аст баррасии парвандаи Шамил Ҳакимов рӯзи душанбеи 2-юми сентябр дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд идома кунад. Шамил Ҳакимов, сокини шаҳри Душанбе охири моҳи феврали соли равон аз сӯи кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд боздошт шуд.

Тафтиши аввалияи парвандаи ӯро додситонии Суғд анҷом додааст. Мақомот Шамил Ҳакимовро яке аз 3 раҳбари "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон медонанд, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта ақидаи ин ҷараёни диниро пазируфтааст. Ӯ ду сол пеш аз Душанбе ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғд омада, ақидаҳои ин ҷараёнро дар байни мардум паҳн мекард.

Қаблан Созмони "Форум-18", ки аз маҳдудияти озодиҳои динӣ дар кишварҳои Шӯравии собиқ гузориш медиҳад, аз шеваи бархӯрди мақомот бо Шамил Ҳакимов изҳори нигаронӣ карда буд. Ин созмон ба нақл аз "Шоҳидони Яҳво" мегӯяд, Ҳакимов аз фишори баланд азият мекашад ва чанд вақт пеш аз боздошт, пояшро ҷарроҳӣ карда буд.

Фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" дувоздаҳ сол боз дар Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онро ба хотири даъваташ ба сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ манъ карданд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин созмон чанд дафъа талош кард, дубора номнавис шавад, вале натавонист.

Ин бори аввал нест, ки пайравони ин гурӯҳи динӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қаблан додгоҳ як сарбози 18-солаи пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво"-ро, ки мегуфт, ба далели боварҳои диниаш либоси низомӣ намепӯшад, ба шаш моҳи зиндон маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG