Пайвандҳои дастрасӣ

Элизабет Миллард: "Озодиҳои динӣ омили аслии субот аст"


Сафири Амрико дар Тоҷикистон

Элизабет Миллард – сафири Амрико дар Тоҷикистон – озодиҳои диниро "омили аслии баробарӣ, субот ва пешрафт дар кишварҳои дунё" донист. Ӯ дар ин бора дар остонаи рӯзи озодиҳои динӣ, ки ҳар сол 16 январ дар Амрико таҷлил мешавад, изҳори назар кард. Миллард гуфт, Иёлоти Муттаҳида омодааст, ки барои ривоҷи озодиҳои динӣ ба шариконаш кумак ва бо онҳо якҷоя кор кунад.

"Дар Амрико эҳтироми озодии виҷдон вуҷуд дорад"

То кунун созмонҳову кишварҳо давлати Тоҷикистонро барои бастани масоҷид, манъи ҳиҷобу рӯсарӣ ва боздоштҳои густарда интиқод карда, Душанберо барои рафъи ин камбудҳо даъват намудаанд.

Элизабет Миллард соли гузашта ба ҳайси сафири Амрико ба Тоҷикистон омад. Вай қаблан дар Вашингтон дар ҳайати тими Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, кор карда, дар намояндагиҳои дипломатии кишвараш дар Остонаи Қазоқистон, Касабланка ва Марокаш низ фаъолият доштааст.

Сафири Амрико дар Душанбе дар мақолааш, ки як нусхаи онро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, озодиҳои диниро яке аз ормонҳои арзишманди Иёлоти Муттаҳида ва меъёри аслии демократия унвон кардааст. Сафир гуфтааст, "давлати мо ҷавон аст, аммо муддати тӯлонӣ боз эҳтиром нисбат ба озодии виҷдон вуҷуд дорад. Дар соли 1786, пеш аз онки президенти севум шавад, Томас Ҷефферсон қонуни Вирҷинияро оид ба озодии динӣ ҳимоя мекард. Қонуни мазкур намунаи ҳифзи озодии динӣ гардид ва дар Қонуни асосии Амрико инъикос шуд."

"Дар 24 дар сади кишварҳо маҳдудиятҳои динӣ ҳаст"

Элизабет Миллард
Элизабет Миллард

Аммо пайравӣ кардани бисёре аз ҷомеаҳоро аз ин ормон чандон осон надонистааст. Элизабет Миллард мегӯяд, тақрибан дар 24 дар сади кишвари ҷаҳон, ки 74%-и аҳолии замин дар онҳо зиндагӣ доранд, маҳдудиятҳои чашмраси динӣ ҷорист.

"Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар сурати риоя накардани ҳуқуқи инсон аз ҷониби ҳукумат, аз ҷумла озодии динӣ, роҳ барои тундгароӣ боз мешавад. Дар натиҷа, баъзе қишри аҳолӣ дар баробари созмонҳои ифротгарои хушунатомез осебпазир мешаванд", - таъкид кардааст сафири Амрико дар Тоҷикистон.

"Дар кишварҳое, ки озодии динӣ ҳаст, аҳолӣ солимтар аст"

Элизабет Миллард гуфтааст, ҳукумати Амрико бовар дорад, озодиҳои динӣ "барои таҳкими демократия ва ҳар навъи озодӣ омили асосӣ аст. Дар кишварҳое, ки озодии диниро тарафдорӣ мекунанд, дар радифи фоидаҳои дигар, аҳолии солим, имкониятҳои бештар барои гирифтани маълумот барои занон ва, инчунин, даромади бештар ба назар мерасад."

Тоҷикистон, ин кишвари Осиёи Марказӣ, аз соли 2009 боз, махсусан баъд аз қабули қонуни нави дин, мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико қарор дорад ва пайваста барои маҳдудиятҳои мазҳабӣ гап мешунавад. То кунун ин созмонҳову кишварҳо давлати Тоҷикистонро барои бастани масоҷид, манъи ҳиҷобу рӯсарӣ ва боздоштҳои густарда интиқод карда, Душанберо барои рафъи ин камбудҳо даъват намудаанд. Ин созмонҳо, ҳамчунин, Тоҷикистонро барои бастани танҳо ҳизби динӣ дар минтақа танқида карда ва гуфта буданд, ки набояд мубориза бо экстримизм барои саркӯби мухолифон истифода шавад.

На фақат мусалмонҳо...

Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико моҳи августи соли гузашта ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ натанҳо барои мусулмонҳо, балки барои фирқаҳои протестант ва "Шоҳидони Яҳво"-и дини масеҳӣ ҳам танқид намуда, дар қатори кишварҳои "махсусан нигаронкунанда" ҷой дода буд. Дар ин гузориш аз давлати Тоҷикистон хоста шудааст, ки барои боздиди Гузоришгари махсуси СММ дар масоили озодиҳои мазҳабӣ ва Созмони мустақили адлия аз кишвар иҷоза дода ва шароити заруриро фароҳам орад.

Иддаое, ки мақомоти тоҷик қабул надоранд ва мегӯянд, ҳадафи онҳо на мубориза бо пайравони дину мазоҳиб, балки бештар ҷилавгирӣ аз фаъолияти ифротгароён асту бас. Қаблан як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам гузориши Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрикоро "ғаразомез" дониста ва гуфта буд, “агар ҳазор далел биёрӣ, қабул намекунанд, ки дар Тоҷикистон озодии дин ҳаст.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG