Аз даргузашти Мерилин Монро, ситораи синамои Ҳолливуд 50 сол гузаштааст, вале то ҳол исми ӯ дар миёни маъруфтарин шахсиятҳои таърихии ИМА ва аз рамзҳои аслии ин кишвар зикр мешавад. Таърихи марги ӯ - 5 августи соли 1962 ва сабаби даргузашташ - заҳролудшавӣ бар асари истеъмоли аз меъёр зиёди барбитурит - маҷмӯи доруҳои таскинбахш гуфта мешавад. Чанд аксе, ки дар солҳои мухталиф бардошта шудаанд, аз ҳаёти рангини ӯ дарак медиҳанд.
Мерилин Монро - рамзи ҷудоинопазири Амрико
1
Соли 1950 Мерилин Монро либоси махсуси шиновариро намоиш медиҳад. То замони ба ситораи Ҳолливуд табдил шуданаш, ин ҳунарманди маъруф ба унвони модел кор кардааст
2
Нахустин ҳамсараш ходими полис Ҷеймс Догерти буд. Мерилин Монро соли 1942 дар синни 16-солагӣ ҳамсари ӯ шуд. Соли 1946 аз ӯ ҷудо шуда, январи соли 1954 ба ситораи бейсбол Ҷо Ди-Маҷҷио хонадор шуд. Нӯҳ моҳ баъд ин ҷуфт ҳам аз ҳам пошид. Дар акс - бо
3
Ҳамсари сеюм ва ниҳоии Монро сенаринависи маъруф Артур Миллер буд. Онҳо соли 1956 издивоҷ карда, соли 1961 аз ҳам ҷудо шуданд.
4
Мерилин Монро бо ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Вивйен Ли ва сэр Лоуренс Оливйе дар соли 1956