Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ: "Ғалабаи ман пирӯзии мардуми Тоҷикистон аст".САДО


Комроншоҳ дар минбар
Комроншоҳ дар минбар

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик пирӯзиаш дар Гран-прии Анталияро ғолибияти тамоми мардуми Тоҷикистон хонд. Ӯ гуфт, ғолиб шудан дар Анталия вазнин буд ва танҳо машқу заҳматҳои зиёд барояш медали тилло овард.

Комроншоҳи Устопириён рӯзи 9-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омодагиаш ба сабқати Анталия хуб буд ва ҳамроҳ бо мураббиёнаш барои соҳиб шудан ба медали тилло тайёрии ҷиддӣ дида буд.

Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии ҷудо дар Анталия бар ҳамаи рақибонаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон - пирӯзӣ ба даст овард.

"Барои мусобиқаи мазкур бо мураббиёнам Воҳид Сарлак ва Фаридун Устопиров нақшаи хуб кашидем, ки баъд аз машқҳои дастаҷамъӣ баданро ҳамаҷониба омода кунем. Шукри Худо аз ҷиҳати техникӣ-психологӣ мураббиҳоям ҳамроҳи ман хуб кор карданд. Ғалабаи ман пирӯзии мардуми тоҷик аст",-гуфт Комроншоҳ.

Ин паҳлавони маъруфи тоҷик афзуд, дар сабқати Гран-прии Анталия, аз ҳама вазнин барояш сабқат дар финал бо қаҳрамони феълии ҷаҳон Неманя Маҷдов буд. Комроншоҳ мегӯяд, ӯ ва мураббиёнаш медонистанд, ки бо рақиби пурқуватте рӯ ба рӯ мешавад.

Гуфтугӯ бо Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00
Линки мустақим

Аз ин хотир ба қавли Комроншоҳ, "нақшаи мураббиҳоям чунин буд, ки ман бояд босуръат кор мекардам. Ин ҳариф хеле пурқувват аст ва назди ман вазифа гузошта буданд, ки 3 дақиқа босуръат кор кунам ва ӯ хаста шавад. Хушбахтона, ҳамин хел низ шуд ва ман ӯро мағлуб кардам."

"Комроншоҳро писари 9-моҳааш пешвоз мегирад"

Комроншоҳ рӯзи 17-уми апрел ба Душанбе бармегардад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим

Комроншоҳи Устопириён баъд аз анҷоми мусобиқаи байналмилалии Гран-при дар Анталия ин шабу рӯз дар машқҳои дастаҷамъӣ дар ин шаҳр иштирок дорад. Ӯ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Истамбул-Душанбе рӯзи 17-уми апрел соати 17:40 ба Фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон мерасад. Наздикони Комроншоҳ ин шабу рӯз барои пешвозгирии ӯ омода мешаванд. Ба қавли наздиконаш, аз ҳама зиёд Муҳаммади 9-моҳа, писари кӯчаки Комроншоҳ, барои пешвози падари паҳлавонаш беқарорӣ мекунад.

Усто Устопиров, падари Комроншоҳ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз сафари писараш ба Анталия маслиҳат ин буд, ки агар Комроншоҳ медали тилло ба даст орад, пас Муҳаммади хурдсолро барои пешвозгирии ӯ ба Душанбе мебаранд. Ба қавли Усто Устопиров, Комроншоҳ ба ваъдааш вафо карда, медали тилло ба даст овард ва ҳамакнун ҳамаи аҳли оила бо шумули Муҳаммади 9-моҳа ба пешвозгирии ӯ ба фурудгоҳи Душанбе мераванд.

"Мо ба Муҳаммади 9-моҳа ваъда додем, ки агар падарат медали тилло ба даст орад, мо ӯро барои пешвозгирӣ ба Душанбе мебарем. Ҳоло модари Комроншоҳ ва ҳамсараш аллакай омода шудаанд ва Худо хоҳад Муҳаммад падарашро дар фурудгоҳ пешвоз мегирад",-афзуд Усто Устопиров.

Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии ҷудо дар Анталия бар ҳамаи рақибонаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон - пирӯзӣ ба даст овард. Вай баъди се ғалаба бар варзишгарони Финляндия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Озарбойҷон ба финал баромад. Рақибаш дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Неманя Маҷдов аз Сербия буд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии Комроншоҳ хотима ёфт.

Гран-прии ҷудо дар Анталия барои Комроншоҳ дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Ӯ аз ин пеш дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Тоскулоҳи бузург”, ки охири моҳи феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон барпо гардид, мақоми панҷумро соҳиб шуда буд.

Комроншоҳи Устопириён мегӯяд, барои ғалабааш дар Гран-прии Анталия аз раисҷумҳури Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Ҳукумати вилояти Суғд миннатдор аст. Зеро ба қавли ин паҳлавони тоҷик, маҳз бо стипендияи Кумитаи олимпӣ ва Ҳукумати Суғд ӯ тавонист дар машқҳои дастаҷамъӣ иштирок кунад.

Ба қавли Комроншоҳ, ҳадафҳои минбаъдаи ӯ ин иштирок ва соҳиби мақом шудан дар Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва бозиҳои Осиёӣ мебошад. Ин паҳлавони маъруфи тоҷик мегӯяд, талош дорад то бозиҳои олимпӣ аз рӯйхати 8-гонаи беҳтарин ҷудокорон берун нашавад. Феълан Комроншоҳ ба қавли худаш дар мақоми 4-уми ҷудокорони ҷаҳон қарор дорад.

“Ин ғолибияти худро ман ба Ватани азизи худ Тоҷикистон ҳадя мекунам. Мехоҳам фарзанди ман ҳам дар оянда мисли падару бобо ва амакаш парчамбардори миллат шаванд ва тамоми мардуми тоҷик бо писари ман ифтихор кунанд. Феълан барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ва ҳам Осиё хуб тамрин мекунем ва ҳар чӣ насибаш аст онро ба даст меорем,”-афзуд Комроншоҳ Устопириён.

Вобаста

XS
SM
MD
LG