Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ баъди муолиҷа дар Олмон ба тамрин омода мешавад. САДО, ВИДЕО


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, пас аз табобати қабурғаҳояш дар як шифохона дар Олмон ба Тоҷикистон баргашт ва аз ибтидои соли нав ба давидан шуруъ кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ падари Комроншоҳ, мураббии варзидаи гуштӣ Усто Устопиров рӯзи 4-уми январ хабар дод.

Вай гуфт, “қабурғаҳои Комроншоҳро, ки дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо бо номи “Тоскулоҳи бузург” дар Токио сахт осеб дида буд, чанд рӯзи аввал дар пойтахти Ҷопон муолиҷа намуданд. Ҳамроҳхон Зарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ва Зубайдулло Убайдуллоев, профессори Академияи байналмилалии Тсукубаи Ҷопон ба аёдати Комроншоҳ рафта, ба ӯ ҳаматарафа кӯмак карданд. Баъди ба по хестани Комроншоҳ ӯро барои муолиҷа ба Олмон фиристоданд. Комроншоҳ бо кӯмаки мураббиаш Воҳид Сарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, дар як шифохона табобат ёфт ва баъди анҷоми муолиҷа 20-уми декабр ба ватан баргашт.”

Бо вуҷуди он ки Комроншоҳи Устопириён дар охири мавсими соли гузашта сахт осеб дид, соли 2017 барояш соли дастовардҳои бузурги варзишӣ буд.

Ба қавли Устопиров, мувофиқи дастури табибон Комроншоҳ 12 рӯз истироҳат кард ва се рӯз аст, ки ӯ ба давидан машғул аст. “Саломатиаш 90 дар сад барқарор шудааст, қариб ки дардро ҳис намекунад. Мутахассисони олмонӣ – травмотологҳо ё шикастабандҳо устухонҳоро ҷобаҷо карданд, бо доруворӣ ва таҷҳизоти нави замонавӣ тавонистанд, ки ҷараёни табобатро хеле тезонанд”, - иброз дошт падари Комроншоҳ.

Ба гуфтаи Усто Устопиров, барои табобати Комроншоҳ дар Олмон 2350 евро масраф шудааст. Вай афзуд, “ин маблағ аз ҳисоби худи мо буд. Гуфтугузор шудааст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои кишвар дар мавриди пайдо шудани имконияти молӣ харҷи табобати Комроншоҳро ҷуброн мекунанд. Зимнан, мо аз мақомоти ин кумитаҳо барои кӯмаку дастгириашон сипосгузорем”, - таъкид намуд Усто Устопиров.

Гуфтугӯ бо Усто Устопиров
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00
Линки мустақим


Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми январ ҳамчунин бо худи Комроншоҳи Устопириён тавассути телефон дар тамос шуд. Вай гуфт, дар ҳамин ҳол ӯ бо бародараш Фаридуншо Устопиров, ки яке аз мураббиёнаш маҳсуб мешавад, аз рӯи дастури табибони олмонӣ ва устодаш Воҳид Сарлак баҳри иҷрои нақшаи барқароркунии саломатиаш амал мекунад.

“Ба ман духтурон гуфтанд, ки шаш ҳафта бояд бо давидан машғул шавам. Ба машқҳои гуштин аз 1-уми феврал шуруъ мекунам. Саломатиам хеле хуб шудааст. Ҳаррӯз дар дармонгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов 1-2 соат табобат мегирам. Дар як ҳафта се бор танҳо бо дав машғул мешавам. Агар надавам, вазнам зиёд мешавад. Якуми феврал ба Олмон рафта, боз як бори дигар аз муоинаи тиббӣ мегузарам. Агар табибон иҷозат диҳанд, дар он ҷо бо мураббиам Воҳид Сарлак ба машқҳо сар мекунам. Мақсад дорам, ки охири моҳи феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” иштирок намоям. Баъдан дар Гран-прии дзюдо дар Анталияи Туркия ширкат меварзам. Мусобиқоти бузурги имсола - Бозиҳои осиёӣ - моҳи август дар Ҷакартаи Индонезия ва моҳи сентябр чемпионати ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешаванд”, - гуфт Комроншоҳи Устопириён.

Гуфтугӯ бо Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Линки мустақим

Бо вуҷуди он ки Комроншоҳи Устопириён дар охири мавсими соли гузашта сахт осеб дид, соли 2017 барояш соли дастовардҳои бузурги варзишӣ буд. Ӯ дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда ва ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст. Вай аз ҷумла дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи май дар Ҳонконг баргузор шуд, дар вазни зери 90 кило соҳиби медали тилло гардид ва барои дувумин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Зимнан, ӯ нахустин ва ягона гуштигири тоҷик аст, ки дар риштаи ҷудо қаҳрамони Осиё шудааст. Ӯ порсол, инчунин дар Гран-прии Тошканд ҷойи якум, дар Гран-прии Анталия ҷойи дуюм ва дар Ҷоми кушодаи Аврупо дар Минск ҷойи сеюмро соҳиб гаштааст.

Медали тилло ва 3000 доллари Комроншоҳи Устопириён дар Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Комроншоҳи Устопириён барои медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ мукофотонида шудааст. Ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорон тартиб додааст, дар ҷойи дувум мебошад.

Комроншоҳи Устопириён дар айни ҳол дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо дар миёни 357 гуштигири вазнашон зери 90 кило бо 2965 имтиёз мақоми ҳаштумро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG