Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Тошканд медали тилло гирифт


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Тошканд оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Узбакистон шоми 8-уми октябр ба поён расид, медали тилло ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд. Ба ҷуз Комроншоҳи Устопириён, ҳафт гуштигири дигари тоҷик бе медал монданд.

Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило, ки ҳамагӣ 12 гуштигир иштирок дошт, ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ баъди пирӯзӣ бар Достон Мелиев (Узбакистон) ба нимфинал роҳ ёфт. Вай дар даври ниманиҳоӣ Яҳё Имомови узбакистониро шикаст дода, ба финал баромад. Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири дигари узбакистонӣ Дилшод Чориев ғолиб омад ва бо медали тилло, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба Чориев барои ҷойи дувум медали нуқра ва 2 ҳазор доллар супурда шуд.

Дар вазни зери 90 кило Егор Воропаев (Беларус) ва Яҳё Имомов (Узбакистон) барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ ва як ҳазор долларӣ мукофотонида шуданд.

Яке аз лаҳзаҳои сабқати Саидҷалол Саидов. Акс аз бойгонӣ
Яке аз лаҳзаҳои сабқати Саидҷалол Саидов. Акс аз бойгонӣ

Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов ҳам бар асоси қуръакашӣ аз даври дувум ба рақобат пардохт. Вай дар вазни зери 100 кило (ҳамагӣ 12 гуштигир) пас аз пирӯзӣ бар Давронбек Сатторови узбакистонӣ ба нимфинал баромад. Вале гуштигири тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Рамазон Дарвеш аз Миср шикаст хӯрд. Сипас, Саидов барои медали биринҷӣ бо Шералӣ Ҷӯраеви узбакистонӣ талош карда, ноком шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб гашт.

Дар вазни зери 100 кило Рамазон Дарвеш (Миср) ғолиб омад. Ниёз Илёсов (Русия) дувум шуд. Шералӣ Ҷӯраев ва Давронбек Сатторов (ҳарду аз Узбакистон) ҷойҳои севумро гирифтанд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд. Ба ҷуз Комроншоҳи Устопириён, ҳафт гуштигири дигари тоҷик бе медал монданд. Сӯҳроб Боқиев дар вазни зери 60 кило (ҳамагӣ 11 гуштигир) ҷойи ҳафтумро гирифт. Муҳаммадкарим Сарахонов дар вазни зери 66 кило (ҳамагӣ 18 гуштигир), Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило (ҳамагӣ 13 гуштигир), Кароматулло Ҳакимов ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни зери 81 кило (ҳамагӣ 15 гуштигир) ва Эмомҷон Камолов дар вазни зери 90 кило (ҳамагӣ 12 гуштигир) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

​Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тошканд 181 гуштигир (90 мард ва 91 зан) аз 27 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78кг баргузор шуд. Дар мусобиқаи мардон 90 гуштигир аз 16 кишвар иштирок кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор долларро ташкил медод. Барои ҷойи аввал 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дувум 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои севум 1 ҳазор долларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш) супурда шуд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Тошканд бе медал монда буданд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд. Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов ҷойҳои 5-умро соҳиб шуданд, ки ин баландтарин мақоми гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи порсола буд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Тошканд-2017:

Мардон
60 кг
1. ШИРИНЛӢ Вугар (Озарбойҷон)
2. ЯШУЕВ Ислом (Русия)
3. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)
3. ШАРАТОВ Абулайхон (Қазоқистон)

66 кг
1. МИНКОЙ Дмитрий (Беларус)
2. ГАНДБОЛД Херлер (Муғулистон)
3. ДОВДОН Атлансух (Муғулистон)
3. НУРУЛЛОЕВ Сардор (Узбакистон)

73 кг
1. СМАГУЛОВ Жансай (Қазоқистон)
2. БОБОЕВ Ғиёсҷон (Узбакистон)
3. ТУРУЕВ Ҳикматуллоҳ (Узбакистон)
3. ВАЛИЕВ Телман (Озарбойҷон)

81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. НЯМСУРЕН Дагвасурен (Муғулистон)
3. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Узбакистон)
3. ГУЛӮЗОДА Фағон (Озарбойҷон)

90 кг
1. УСТОПИРИЁН Комроншоҳ (Тоҷикистон)
2. ЧОРИЕВ Дилшод (Узбакистон)
3. ИМОМОВ Яҳё (Узбакистон)
3. ВОРОПАЕВ Егор (Беларус)

100 кг
1. ДАРВЕШ Рамазон (Миср)
2. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)
3. ҶӮРАЕВ Шералӣ (Узбакистон)
3. САТТОРОВ Давронбек (Узбакистон)

+100 кг
1. САССОН Ор (Исроил)
2. КРАКОВЕТСКИЙ Юрий (Қирғизистон)
3. БОЛТАЕВ Болтабой (Узбакистон)
3. ОЛТИБОЕВ Бекмурод (Узбакистон)

Ҳисоби умумидастаӣ (мардону занон)

1. Исроил – 3 тилло, 1 нуқра , 1 биринҷӣ

2. Узбакистон – 1 тилло, 2 нуқра , 9 биринҷӣ

3. Муғулистон – 1 тилло, 2 нуқра , 1 биринҷӣ

4. Лаҳистон (Полша) – 1 тилло, 2 нуқра , 0 биринҷӣ

5. Қазоқистон – 1 тилло, 1 нуқра , 2 биринҷӣ

...10. Тоҷикистон – 1 тилло, 0 нуқра , 0 биринҷӣ

XS
SM
MD
LG