Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик барои "Тоскулоҳи бузург" ба Токио мераванд


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2017), ки рӯзҳои 2-3 декабр дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати ҳудуди 450 варзишгар (мардону занон) аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома хоҳад кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор нафар шомиланд: Сӯҳроб Боқиев (-60 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).

Бо ин мусобиқоти байналмилалӣ, ки дар ватани ҷудо баргузор мешавад, мавсими имсола барои зӯртарин паҳлавонони ҷаҳон ба поён мерасад. Дар рӯзи аввали мусобиқот – 2-юми декабр - варзишгарон барои медалҳо дар чаҳор вазн миёни занон: 48, 52, 57, 63 кг ва дар се вазн байни мардон: 60, 66, 73 кг мубориза мебаранд. Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 3-юми декабр – занон дар се вазн: 70, 78, +78 кг ва мардон дар чаҳор вазн: 81, 90, 100, +100 кг рақобат мекунанд.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз медалҳо тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад:

барои ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар: 4000 доллар, мураббӣ - 1000 доллар)

барои ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар: 2400 доллар, мураббӣ - 600 доллар)

барои ҷойҳои 3-юм 1500-долларӣ (варзишгар: 1200 доллар, мураббӣ – 300 доллар).

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Abu Dhabi 2017), ки 26-28 октябри соли равон дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Даби – доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд, ки дар байни онҳо ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Сӯҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷум ва Сӯҳроб дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро соҳиб шуданд.

Вале паҳлавонони дигари тоҷик - Кароматулло Ҳакимов (-81 кг), Талабуддин Файзов (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Одилҷон Сафаров (+100 кг) дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG