Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург" бе медал монданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2017), ки дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – ҷараён дорад, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 417 варзишгар (243 марду 174 зан) аз 61 кишвари панҷ қитъаи олам имрӯз, 3-юми декабр, ба поён мерасад.

Устопириён алъон дар феҳрасти ҷаҳонии ҷудо бо 2965 имтиёз дар мақоми севум қарор дорад.

Ба иттилои ин манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се варзишгар - Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – намояндагӣ карданд. Вале, мутаассифона, ҳарсе паҳлавони тоҷик, ки дар рӯзи дувуми мусобиқот – 3-юми декабр - ба рақобат пардохтанд, ба нокомӣ дучор шуданд.

Бар асоси қуръакашӣ варзишгари ҷавони тоҷик Акмал Муродов, ки дар вазни зери 81 кило (ҳамагӣ 40 нафар) аз рақобатҳо дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз гуштигири маъруф аз Муғулистон Дагвасурен Нямсурен мағлуб гашт. Нямсурен дар даври ниманиҳоӣ аз ҳамватанаш Ууганбаатар мағлуб шуд. Дар финал Ууганбаатар бо Сунгҳо Ли (Кореяи Ҷанубӣ) мубориза мебарад.

Нямсурен имсол дар Гран-прии ҷудо дар Тошканди Узбакистон мақоми дувум ва дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия мақоми севумро соҳиб шудааст. Ӯ феълан дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо бо 2288 имтиёз мақоми 8-умро касб кардааст. Муродов бошад, бо 182 имтиёз дар мақоми 116-ум қарор дорад.

Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён тибқи қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило (ҳамагӣ 32 нафар) дар даври аввал бар Ли Кочман аз Исроил, ки ғолиби Ҷоми бози Осиё-2017 дар Белгради Сербия мебошад, пирӯз шуд. Вале дар даври баъдӣ Устопириён аз намояндаи Ҷопон Юсуке Кобаяши, ки дар даври аввал бар Яҳё Имомов аз Узбакистон ғолиб омад, шикаст хӯрд. Дар нимфинал Кобаяши бар Давид Кламмерт (Ҷумҳурии Чех) ва Кента Нагасава (Ҷопон) бар Эдуардо Беттони (Бразилия) ғалаба карданд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Кобаяши бо Нагасава рақобат мекунанд.

Зимнан, Комроншоҳ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли 2016 дар Тошканд баргузор шуда буд, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кобаяши ғолиб омада, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Вале ин дафъа гуштигири ҷопонӣ дар ватани худ интиқом гирифт. Кобаяши имсол дар Гран-прии ҷудо дар Загреби Хорватия севум шудааст.

Устопириён алъон дар феҳрасти ҷаҳонии ҷудо бо 2965 имтиёз дар мақоми севум қарор дорад. Кобаяши бошад, дар ин феҳраст бо 480 имтиёз мақоми 59-умро касб намудааст.

Гуштигири маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов мувофиқи қуръакашӣ дар даври аввали рақобатҳо дар вазни зери 100 кило (ҳамагӣ 37 нафар) озод буд. Дар даври дувум ӯ аз рақибаш Тома Никифоров аз Белгия шикаст хӯрд. Никифоров дар нимфинал аз Мишел Корел (Ҳолланд) мағлуб гашт. Корел дар финал бо Гуҳам Чо (Кореяи Ҷанубӣ) вориди рақобат мешавад.

Никифоров имсол дар “Тоскулоҳи бузург” дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб мақоми дувум ва дар Гран-прии ҷудо дар Дюсселдорфи Олмон мақоми аввалро соҳиб шудааст. Дар феҳрасти IJF Никифоров бо 2175 имтиёз дар мақоми 11-ум ва Саидов бо 664 имтиёз дар мақоми 42-юм қарор доранд.

Бояд гуфт, ки бо мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Токио мавсими имсола барои зӯртарин паҳлавонони ҷаҳон ба поён мерасад. Дар рӯзи аввали мусобиқот – 2-юми декабр - варзишгарон барои медалҳо дар чаҳор вазн миёни занон: 48, 52, 57, 63 кг ва дар се вазн байни мардон: 60, 66, 73 кг мубориза бурданд. Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 3-юми декабр – занон дар се вазн: 70, 78, +78 кг ва мардон дар чаҳор вазн: 81, 90, 100, +100 кг рақобат доранд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот дар ҳамаи ҳафт вазн (чаҳор вазн миёни занон: 48, 52, 57, 63 кг ва се вазн байни мардон: 60, 66, 73 кг) мизбонон -гуштигирон аз Ҷопон - пирӯз шуда, бо 7 медали тилло сарфароз гаштанд. Инчунин онҳо 4 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Намояндагони Муғулистон 2 медали нуқра, Канада як медали нуқра, Кореяи Ҷанубӣ 3 медали биринҷӣ, Фаронса ва Словения яктоӣ медали биринҷӣ гирифтанд.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз медалҳо тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад:

барои ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар: 4000 доллар, мураббӣ - 1000 доллар)

барои ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар: 2400 доллар, мураббӣ - 600 доллар)

барои ҷойҳои 3-юм 1500-долларӣ (варзишгар: 1200 доллар, мураббӣ – 300 доллар).

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Abu Dhabi 2017), ки моҳи октябри соли равон дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Даби – доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд, ки дар байни онҳо ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Сӯҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷум ва Сӯҳроб дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро гирифтанд.

Вале паҳлавонони дигари тоҷик - Кароматулло Ҳакимов (-81 кг), Талабуддин Файзов (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Одилҷон Сафаров (+100 кг) дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG