Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ аз Анталия бо тилло бармегардад.АКСУ ВИДЕО


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2018”), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми имрӯз, 8-уми апрел, ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило медали тилло ба даст овард.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар рӯзи охирини мусобиқа – 8-уми апрел – вориди сабқат шуд, бар чаҳор рақибаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон - пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Самули Виитанен (Финляндия, 2:56, иппон) пирӯз шуд.

Комроншоҳи Устопириён нахустин ва ягона гуштигири тоҷик аст, ки дар риштаи ҷудо қаҳрамони дукаратаи Осиё шудааст.

Баъдан ӯ Солтон Броунро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикаст дод (0:22, иппон) ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Устопириён дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Маммадалӣ Меҳдиевро аз Озарбойҷон мағлуб кард (3:38, иппон) ва ба финал баромад.

Рақиби ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Неманя Маҷдов аз Сербия буд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони тоҷик (3:12, иппон) хотима ёфт. Ҳамин тариқ, Устопириён бо медали тилло ва Маҷдов бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Дарвоқеъ, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2017”), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ба даст оварда буд. Ӯ пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ, дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ дастболо шуда, ба финал баромад. Вале Устопириён дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми дувумро касб намуд. Зимнан, Гантулга дар мусобиқаи имсолаи Гран-прии ҷудо дар Анталия мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов имрӯз, 8-уми апрел, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило дар даври аввал бар Виктор Демяненко аз Қазоқистон ғалаба кард. Баъдан ӯ бар Залан Оҳат (Маҷористон) ғолиб омад. Вале Саидҷалол барои ба нимфинал баромадан аз Ниёз Илёсов (Русия) шикаст хӯрд. Сипас Саидов дар даври тасаллобахш аз Бенҷамин Флетчер (Ирландия) мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро ишғол намуд.

Комроншоҳ дар вазни то 90 кило рақобат кард.
Комроншоҳ дар вазни то 90 кило рақобат кард.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа 316 варзишгар (206 мард ва 110 зан) аз 50 кишвар ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Гран-прии ҷудо дар Анталия шаш варзишгар дохил буд: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов,Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов.

Дар рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - Наврӯз Каримзод дар вазни зери 66 кг ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуд. Ӯ дар нахустин қувваозмоияш аз Андраз Ҷереб аз Словения шикаст хӯрд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа - 7-уми апрел - се нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Акмал Муродов – зӯрозмоӣ карданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило дар даври аввал бар Александр Турнер аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғолиб омад. Ӯ дар даври дувум Сайҷад Сеҳенро аз Ироқ шикаст дод. Вале Беҳрӯз дар даври баъдӣ аз Акил Гҷакова (Косово) мағлуб шуд ва аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Беҳрӯз Хоҷазода.
Беҳрӯз Хоҷазода.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Муродов, ки дар вазни зери 81 кило дар қувваозмоии аввали худ бар Кристҷан Тонисте аз Эстония пирӯзӣ ба даст овард, дар даври дувум қувваозмоиро ба Ведат Албайрақ аз Туркия бохт.

Гуштигири ҷавону маъруфи тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило дар даври аввал аз Иван Петр аз Ҷумҳурии Чех шикаст хӯрд.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои ширкат ва пирӯзиҳои худ дар мусобиқоти байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо мегарданд, ки барои муайян кардани мавқеашон дар феҳристи Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) ба ҳисоб гирифта мешавад. Мавқеи шаш гуштигири тоҷик дар феҳристи IJF пеш аз Гран-прии ҷудо дар Анталия чунин аст:

Вазни -90 кг. Комроншоҳи Устопириён – 3239 имтиёз, ҷойи 7-ум

Вазни -73 кг. Беҳрӯзи Хоҷазода – 828 имтиёз, ҷойи 49-ум

Вазни -100 кг. Саидҷалол Саидов – 637 имтиёз, ҷойи 50-ум

Вазни -81 кг. Акмал Муродов – 109 имтиёз, ҷойи 172-юм

Вазни -81 кг. Ҷаҳонгир Маҷидов – 94 имтиёз, ҷойи 181-ум

Вазни -66 кг. Наврӯз Каримзод – 10 имтиёз, ҷойи 330-юм.

Бо вуҷуди он ки Комроншоҳи Устопириён дар охири мавсими соли гузашта сахт осеб дид, соли 2017 барояш соли дастовардҳои бузурги варзишӣ буд. Ӯ дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда ва ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст. Вай аз ҷумла дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи май дар Ҳонконг баргузор шуд, дар вазни зери 90 кило соҳиби медали тилло гардид ва барои дувумин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Зимнан, Комроншоҳи Устопириён нахустин ва ягона гуштигири тоҷик аст, ки дар риштаи ҷудо қаҳрамони Осиё шудааст. Ӯ порсол, инчунин дар Гран-прии Тошканд ҷойи якум, дар Гран-прии Анталия ҷойи дувум ва дар Ҷоми кушодаи Аврупо дар Минск ҷойи севумро соҳиб гаштааст.

Комроншоҳи Устопириён барои медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ мукофотонида шудааст. Ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорон тартиб додааст, дар ҷойи дувум мебошад.

Чунонки падари Комроншоҳ, мураббии варзидаи гуштӣ Усто Устопиров ба Радиои Озодӣ хабар дод, паҳлавони тоҷик пас аз табобати қабурғаҳояш дар охири соли гузашта дар як шифохона дар Олмон аз ибтидои соли нав таҳти раҳбарии устодаш Воҳид Сарлак ва бародараш Фаридуншо Устопиров ба тамрин шуруъ кард.

Гран-прии ҷудо дар Анталия барои Комроншоҳ дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Ӯ аз ин пеш дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Duesseldorf 2018), ки рӯзҳои 23-25-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон барпо гардид, мақоми панҷумро соҳиб шуда буд.

Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Молдова, Ҳолланд ва Русия ба нимфинал баромад. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро Машу Бакер аз Ҷопон шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи севум ба ғолиби Гран-прии Анталия дар соли 2017 Алтанбагана Гантулга (Муғулистон) бохт.

“Мақсади аслии ман гирифтани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон мебошад. Орзу дорам, ки соҳиби медали олимпӣ шавам. Инчунин мехоҳам дар чемпионати имсолаи ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, соҳиби ҷоиза гардам. Боз ният дорам дар мусобиқоти бузурги имсола - Бозиҳои осиёӣ, ки моҳи август дар Ҷакартаи Индонезия барпо мегардад, Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардорам”, - гуфт Комроншоҳи Устопириён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия, 6-8 апрели соли 2018:

Мардон

-60 кг
1. ОГУЗОВ Алберт (Русия)
2. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)
3. ДИАЗ Адонис (ИМА)
3. ҶАГВАРАЛДОРҶ Амарболд (Муғулистон)

-66 кг
1. НИНИАШВИЛИ Баграти (Гурҷистон)
2. ВИРУ Денис (Молдова)
3. ГАНБОЛД Херлен (Муғулистон)
3. ЛЕ БЛОУЧ Килиан (Фаронса)

-73 кг
1. МАТСИАС Томми (Шведсия)
2. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
3. МУҲАММАДИ Муҳаммад (Эрон)

-81 кг
1. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)
2. ХАТТОН Ҷек (ИМА)
3. ГОТООАГА Дорин (Молдова)
3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)

-90 кг
1. УСТОПИРИЁН Комроншоҳ (Тоҷикистон)
2. МАҶДОВ Неманя (Сербия)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. САФГУЛИЕВ Турал (Озарбойҷон)

-100 кг
1. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
2. АДАМЯН Арман (Русия)
3. ФЛЕТЧЕР Бенҷамин (Ирландия)
3. ЛХАГВАСУРЕН Отгонбаатар (Муғулистон)

+100 кг
1. ТАСОЕВ Инал (Русия)
2. МАҲҶУБ Ҷавод (Эрон)
3. ГРАНДА Анди (Куба)
3. КИМ Сунгмин (Кореяи Ҷанубӣ)

Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Анталия дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Косово бо касби 3 медали тилло ва 1 нишони нуқра дар мақоми аввал қарор гирифт. Русия бо касби 2 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ мақоми дувум ва Туркия бо касби 2 медали тилло ва 2 нишони биринҷӣ мақоми севумро ишғол карданд.

Тоҷикистон бо 1 медали тиллои Комроншоҳи Устопириёнва як ҷойи ҳафтуми Саидҷалол Саидов дар байни 50 кишвар мақоми ҳаштумро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG