Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург" маълум шуданд


Рақибони паҳлавонони тоҷик дар даври муқаддамотии мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2017), ки рӯзҳои 2-3 декабр дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – барпо мегардад, маълум шуданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 417 варзишгар (243 марду 174 зан) аз 61 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз (шанбе ва якшанбе) дар ватани ҷудо барпо мегардад.

Ба иттилои ин манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се варзишгар - Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – намояндагӣ мекунанд. Ҳарсе дар рӯзи дувуми мусобиқот – 3-юми декабр – ба рақобат мепардозанд.

Бар асоси қуръакашӣ варзишгари ҷавони тоҷик Акмал Муродов, ки дар вазни зери 81 кило (ҳамагӣ 40 нафар) аз рақобатҳо дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо гуштигири маъруф аз Муғулистон Дагвасурен Нямсурен қувваозмоӣ мекунад. Нямсурен имсол дар Гран-прии Тошканди Узбакистон мақоми дувум ва дар Гран-прии Анталияи Туркия мақоми севумро соҳиб шудааст. Ӯ феълан дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо бо 2288 имтиёз мақоми 8-умро касб кардааст. Муродов бошад, бо 182 имтиёз дар мақоми 116-ум қарор дорад.

Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён тибқи қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило (ҳамагӣ 32 нафар) дар даври аввал бо Ли Кочман аз Исроил, ки ғолиби Ҷоми бози Осиё-2017 дар Белгради Сербия мебошад, рақобат мекунад. Устопириён алъон дар феҳрасти ҷаҳонии ҷудо бо 2965 имтиёз дар мақоми севум қарор дорад. Кочман бошад, дар ин феҳраст бо 442 имтиёз мақоми 65-умро касб намудааст.

Гуштигири маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов мувофиқи қуръакашӣ дар даври аввали рақобатҳо дар вазни зери 100 кило (ҳамагӣ 37 нафар) озод аст. Дар даври дувум рақиби ӯ Тома Никифоров аз Белгия мебошад, ки ӯ имсол дар “Тоскулоҳи бузург” дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб мақоми дувум ва дар Гран-прии Дюсселдорфи Олмон мақоми аввалро соҳиб шудааст. Дар феҳрасти IJF Никифоров бо 2175 имтиёз дар мақоми 11-ум ва Саидов бо 664 имтиёз дар мақоми 42-юм қарор доранд.

Бояд гуфт, ки бо мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Токио мавсими имсола барои зӯртарин паҳлавонони ҷаҳон ба поён мерасад. Дар рӯзи аввали мусобиқот – 2-юми декабр - варзишгарон барои медалҳо дар чаҳор вазн миёни занон: 48, 52, 57, 63 кг ва дар се вазн байни мардон: 60, 66, 73 кг мубориза мебаранд. Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 3-юми декабр – занон дар се вазн: 70, 78, +78 кг ва мардон дар чаҳор вазн: 81, 90, 100, +100 кг рақобат мекунанд.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз медалҳо тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад:

барои ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар: 4000 доллар, мураббӣ - 1000 доллар)

барои ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар: 2400 доллар, мураббӣ - 600 доллар)

барои ҷойҳои 3-юм: 1500-долларӣ (варзишгар: 1200 доллар, мураббӣ – 300 доллар).

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Abu Dhabi 2017), ки рӯзҳои 26-28 октябри соли равон дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Даби – доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд, ки дар байни онҳо ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Сӯҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷум ва Сӯҳроб дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро гирифтанд.

Вале паҳлавонони дигари тоҷик - Кароматулло Ҳакимов (-81 кг), Талабуддин Файзов (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Одилҷон Сафаров (+100 кг) дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG