28-уми август аз тазоҳуроти соли 1963-и Вашингтон барои ҳуқуқи сиёҳпӯстони Амрико 50 сол мегузарад. Зиёда аз 200 ҳазор нафар дар он ширкат карданд ва Мартин Лютер Кинг дар баробари ин издиҳом нутқи машҳури худ "Ман орзу дорам"-ро эрод намуд. Ин аксҳо таърихи минбаъдаи ҳаракати ҳуқуқи инсонро нишон медиҳанд.
Лаҳзаҳои таърихии ҷунбиши ҳуқуқи инсон

1
Донишҷӯи сиёҳпӯст Натаниел Стюарди 17-сола дар синфхонае дар мактаби Сан-Домингои Вашингтон, ки аз аввалиин мактабҳое буд, ба таҳсили сиёҳпӯстон иҷоза дод.

2
Истиқбооли вакилон Сургуд Маршалл (дар байн), Ҷорҷ Ҳайес(чап) ва Ҷеймс Набрит аз қарори Додгоҳи Олӣ дар бораи иҷозаи таҳсили сиёҳпӯстон.

3
Эммет Тилли 14-сола, ҳангоми боздид аз хонаводааш дар Миссисипи шадиан латукӯб шуда, ҳадафи тир қарор гирифт ва дар дарё ғарқ карда шуд.Ду қотили сафедпӯсти Тилл гуфтанд, ӯро барои он куштанд, ки назди зани сафедпӯст рафтааст.

4
Роза Паркс ҳамроҳи як журналист дар Алабама дар сафи пеши автобус нишаст. Ин замоне мумкин шуд, ки Додгоҳи Олии ИМА ҷудоии нажодиро дар нақлиёт ғайриқонунӣ шумурд.