1 феврал Ҳиллари Клинтон вазифаи худро дар мақоми 67-умин Котиби Давлатии Амрико бо обрӯи баланд ва, ба гуфтаи президент Барак Обама, бо эътибори барқарор кардани обрӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба поён расонд. Нигоҳе ба чаҳор соли фаъолияти Клинтон дар тасвирҳо.
Ҳиллари Клинтон дар мақоми Котиби Давлатии Амрико
13
Президенти Русия Владимир Путин аз Котиби Давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон дар нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором истиқбол мекунад. Владивосток, 8 сентябри соли 2012.
14
Ҳиллари Клинтон дар анҷоми чаҳор соли фаъолияташ дар мақоми Котиби Давлатии Амрико гуфт, "ба назарам, мо бояд ба оғози фаъолияти ман ба январи соли 2009 назаре афканем ва ба хотир биёрем, ки обрӯи мо чӣ қадар поён рафта буд ва раҳбарии мо зери суол омада буд. Чӣ тавр бӯҳрони иқтисодӣ эътимоди мардумро ба ҳукумат, ба сохтори мо, ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико такон дода буд. Бахши рисолати ман аз оғоз дар саросари ҷаҳон будан ва барқарор кардани эътимод ба раҳбарии Амрико буд".