Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди занҳои сатрпӯш ба идораҳои давлатӣ ва хусусӣ қонунӣ манъ мешавад


Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки вуруди занҳои сатрпӯшро ба бинои вазорату идораҳо ва корхонаҳои хусусӣ бо қабули қонун манъ кунанд.

  • Ҳоло як гуруҳи махсуси корӣ ба таҳияи тарҳе пардохтаанд, ки интизор меравад вуруди занҳои ҳиҷобдорро ба тамоми идораву муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, мамнуъ кунад. Гуруҳ дар назди Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон ташкил шудааст.
Фаъолони ҳуқуқ ва заноне, ки моили пӯшидани либоси мазҳабӣ ҳастанд, маҳдудиятҳоро хилоф бо озодии маданиву шаҳрвандии худ медонанд.

Фарҳанги "бегона" ё озодии интихоб?

Ин нахустин талоши аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб дар Тоҷикистон аст. То ба ҳол мақомот бештар аз роҳи дастуру даъватҳо пушидани либоси мазҳабиро маҳдуд карда ва мегуфтанд, ки ин бахши либоси занона ба фарҳанги миллии мардуми тоҷик бегона аст.

Дар миёни либосҳое, ки пӯшиданашон барои занҳои тоҷик машварат намешавад, ҳиҷобу рӯсарӣ, сатру ниқоб, бурқа ва дигар либоси комилан пӯшидаи сиёҳ мебошад. Фаъолони ҳуқуқ ва заноне, ки моили пӯшидани ин либос ҳастанд, ин маҳдудиятҳоро хилоф бо озодии маданиву шаҳрвандии худ арзёбӣ мекунанд.

"Гуруҳи байниидоравӣ даст ба кор шуд"

Як мақоми Маркази миллии қонунгузорӣ рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки комиссия пас аз супориши Дастгоҳи иҷроияи президент дар ин замина ба кор шурӯъ кард.

Ӯ гуфт, "дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба таклифи Кумитаи кор бо занон дар бораи манъи вуруди занону духтарон бо сатру ҳиҷоб ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, таъсис ёфтааст".

Ба иттилои ин масъули Маркази миллии қонунгузорӣ, қарор аст, рӯзи 18-уми декабр дар ҷараёни як нишаст ё мизи гирде дар Душанбе намояндагони тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ хоҳанд кард. Дар Маркази миллии қонунгузорӣ мегӯянд, бар пояи назару андешаҳои вазорату идораҳои давлатӣ, тарҳи қонуни нави маҳдудкунандаи доштани рӯсариву ҳиҷобро таҳия мекунанд.

Муаллифи ташаббуси манъи қонуни рӯсариву ҳиҷоб барои бонувони тоҷик Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон мебошад. Ин кумита дар як нома аз Додситонии кулли Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба таври қонунӣ вуруди занҳоро бо сатру ҳиҷоб ба идораву ташкилот новобаста аз шакли моликият, яъне ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ, манъ кунад.

Додситонӣ дар навбати худ ин дархостро ба Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ирсол намуд ва бар асоси супориши дастгоҳ, Маркази миллии қонунгузорӣ як комиссияи вижаи байниидоравиро таъсис дод.

Назорат бар либоси сокинон

Худро хориҷӣ вонамуд карда, бо онҳо ба англисӣ гуфтам, ки гапашонро нафаҳмидам. Гумон карданд, ки хориҷиам. Якбора авзоъяшон дигар шуд. Зуд узр пурсиданд ва ҳатто ба як меҳмонӣ даъват карданд

Як модари ҷавони тоҷик, ки чанд забони хориҷӣ, аз ҷумла англисиро балад аст ва ҳиҷоб ба бар мекунад, гуфт, интихоби ин пӯшиш хоҳиши шахсии худаш аст. Аммо бинобар ин либос зери фишори сахт қарор дорад ва ҳатто маҷбур шуд, аз як шаҳри Тоҷикистон ба маркази он бикӯчад.

“Ба ман бисёре аз занҳои ҳиҷобдор муроҷиат мекунанд. Онҳо мепурсанд, ки маълумоти олӣ дорем, вале дар ҷое кор карда наметавонем. Чӣ кор кунем? Ту чӣ хел кор мекунӣ? Аз ман ёрӣ мепурсанд”, - иброз дошт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, занони ҳиҷобдор дар Тоҷикистон ангуштнамои ҷомеа шудаанд. Ӯ гуфт, “як рӯз дар гардиши роҳи назди Театри опера ва балет чор зан аз идораҳои давлатӣ ба ман гуфтанд, ки дар мавриди либос суҳбат кардан мехоҳанд. Пурсиданд, ки оё шавҳаратон Шуморо барои пӯшидани сатр маҷбур мекунад? Худро хориҷӣ вонамуд карда, бо онҳо ба англисӣ гуфтам, ки гапашонро нафаҳмидам. Гумон карданд, ки хориҷиам. Авзоъяшон дигар шуд. Зуд узр пурсиданд ва ҳатто ба як меҳмонӣ даъват карданд.”

Мунира Шаҳидӣ
Мунира Шаҳидӣ

Дар ҳамин ҳол, бархе аз фарҳангиёни тоҷик бо таъкиди он ки секюларизм дар ҷомеаи тоҷик ба ҳимоя ниёз дорад ва саросар мазҳабгаро шудани як бахше аз мардум бояд пешгирӣ шавад, мегӯянд, ҷонибдори қонунан манъ кардани рӯсариву ҳиҷоб нестанд.

Мунира Шаҳидӣ, яке аз фаъолони ҷомеаи маданӣ, рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бобат гуфт: “Фикр мекунам, ки қонунан манъ кардани пӯшидани кадом як либосе кори дуруст нест. Вале фаҳмонидани фарҳанги либоспӯшӣ ва ҳато дар донишгоҳҳои ҷорӣ кардани дарсҳои махсус дар ин бобат зарур аст. Дар он ҳолат зарурате барои қабули чунин қонунҳо боқӣ намемонад.”

Дар Тоҷикистон солиёни ахир мақомот назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони сохторҳои давлатӣ пӯшидани либоси хусусияти мазҳабидоштаро манъ кардаанд.

Вазоратҳои фарҳангу маориф барои кормандони соҳа намунаҳои намудҳои либосҳои занонаву мардонаи аз назари мақомот "роиҷ ва қобили қабул барои Тоҷикистони дунявӣ"-ро пешниҳод кардаанд.

Машварат ба бонувони ҳиҷобпӯш

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар, ки аксар сокинонаш мусалмон мебошанд, дунявӣ аст ва бояд меъёрҳои дунявиятро дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла сарулибос ва намудаи зоҳирӣ риоя кунад.

Дар чанд соли охир мақомот дар миёни духтарони занони тоҷик рейдҳое ҳам барпо карда, дар сӯҳбат бо бонувони ҳиҷобпӯш машварат додаанд, ки бидуни он ваё ба сар кардани рӯймоли занона ҳиҷоби худро иваз кунанд.

Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, ки шаҳрвандон бояд дар интихоби сарулибос ва намуди зоҳираш озод бошад. Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон мавриди интиқоди гузоришгарони Коммиссиюни озодиҳои динии ИМА ва ҳам дигар нозирони риояи ҳуқуқи башар дар хориҷи Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG