Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон ба феҳрасти "500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон" шомил шуд


Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими адои фаризаи Ҳаҷҷ дар соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими адои фаризаи Ҳаҷҷ дар соли 2015

Як маркази мутолиоти исломӣ дар Уммон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шӯрои уламои Тоҷикистонро дигарбора дар феҳрасти “500 мусулмони бонуфуз-“и ҷаҳон ҷой додааст.

Феҳраст аз соли 2009-ум ба ин тараф омода мешавад ва бори чаҳорум аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро бо он ворид мекунанд. Таҳиягарони феҳраст мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 1994-ум раҳбари давлати Тоҷикистон аст ва “фаризаи ҳаҷҷ анҷом додааст“ ва “тарафдори ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон” аст.

Муаллифон аз он ёдовар шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, соли 2007 насабашро тағйир дод ва аз он суффикси славянии “ов”-ро бардошт. Саидмукаррам Абдулқодирзода бори дуввум аст ба ин феҳраст шомил мешавад.

Дар ин феҳраст омадааст, ки Абдулқодирзода, муфтии мусулмонон дар Тоҷикистон аст, ки мардумаш пайрави мазҳаби ҳанафия ҳастанд ва дар кишвар “ҷараёни нақшбандия, яке аз шохаҳои тасаввуф рушд мекунад.”

Муаллифони гузориш мегӯянд, бо назардошти таъсири шахсиятҳо ба мусулмонон ин феҳрастро таҳия мекунанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, бо назардошти таъсири шахсиятҳо ба мусулмонон ин феҳрастро таҳия мекунанд.

Муҳаққиқони маркази пажӯҳишии арабӣ дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмонро ба феҳрасти “500 мусулмони бонфузи ҷаҳон” шомил кардаанд, ки давлати Тоҷикистонро пайваста барои нақзи ҳуқуқи мазҳабии мардум танқид мекунанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳам моҳи августи имсол ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард, ки монеи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ мешавад. Дар гузориш омадааст, ки ҳукумат бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ маъракаи мубориза бо ҳиҷобпӯширо ба роҳ мемонад , ки хилофи қонунҳои худи кишвар аст.

Мақомот мегӯянд, ки касеро маҷбур намекунанд, ки ҳиҷоб напӯшад, балки ба онҳо тавсия медиҳанд, ки ба арзишҳои фарҳанги миллӣ эҳтиром гузоранд. Дар Тоҷикистон солҳост, ки дар масҷидҳо камераҳои назоратӣ насб кардаанд ва афроди то 18-сола ҳақ надоранд, барои ибодат ба масҷид бираванд.

Айни замон фаъолияти чанд равияи дини масеҳӣ дар кишвар мамнӯъ шудааст ва чанде пеш як ҷавони насронӣ, ки бо назардошти эътиқоди мазҳабиаш аз пӯшидани либоси низомӣ сарпечӣ кардааст, дар вилояти Хатлон ба зиндон маҳкум шуд.

Дар феҳрасти “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” ҳамчунин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ва Рамазон Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистони Русияро ҳам шомил кардаанд.

XS
SM
MD
LG