Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхиси минтақаҳои "ифротихез" ва эмин аз ифротгароӣ дар Тоҷикистон CАДО


Яке аз ин ҷавонон ҳоло дар Сурия аст

Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, як ниҳоди пажӯҳишии давлатӣ минтақаҳои осебпазир ва эмини кишвар аз нигоҳи гароиши сокинонаш ба гурӯҳҳои тундравро муайян кардааст.

Масъулини ин ниҳод менависанд, минтақаҳое ҳамчун маконҳои осебпазир шинохта шудаанд, ки аз онҷо сокинонаш аз ҳама зиёд ба ҷангҳои Сурия рафтаанд. Ин аз камтарин ҳолатҳое мебошад, ки ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон маконҳои осебпазир аз ифротгариро мушаххасан зикр мекунанд.

“Аз Ваҳдат то Восеъу Ашт”

Мулломухтор Муллоев, як масъули Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази таҳқиқоти стратегӣ бо нашри матлабе дар ин бора навиштааст, ба минтақаҳои осебпазир маконҳое шомил мегарданд, ки нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ теъдоди зиёде аз сокинонашон дар Сурия будаанд ва дар он ҷойҳо ифротгароии динӣ (пайвастан ба ҳаракатҳои «Салафия» ва «Ҳизби таҳрир») авҷ гирифтааст.

http://mts.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=928%3A2017-10-27-09-33-34&catid=143%3A2013-05-27-06-47-01&Itemid=144&lang=tj

Ин масъули Маркази таҳқиқоти стратегӣ минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон аз ифротгариро ба ин тартиб зикр кардааст:

Ноҳияҳои тобеи марказ – шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Нуробод.

Вилояти Суғд – шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ.

Вилояти Хатлон – шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Восеъ.

Вилояти Бадахшон – ноҳияи Ванҷ (бахусус, минтақаи Язгулом).

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бештар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ба минтақаи осебпазири кишвар мубаддал гардидаанд.

Мулломухтор Муллоев дар матлабаш, маркази таҳқиқоти стротегӣ ҳамин ҳафта нашр кард, навиштааст, вобаста ба зиёд гардидани сафи ифротгароён ба таври амиқ минтақаҳои боқимондаи кишварро маҳалҳои ба таври мутлақ эмин номидан ғайриимкон аст. Зеро ба гуфтаи ин нафар, баъд аз пайдо гардидани раванди муҳоҷират миёни аксари ҷавонони муҳоҷир ақидаҳои ифротӣ, аз ҷумла ифротии динӣ пайдо гардидааст.

Аз ҷумла ба гуфтаи ин масъули МТС, ноҳияи Айнии вилояти Суғд қабл аз маъмул гардидани раванди муҳоҷират ноҳияи аз лиҳози амниятӣ эмин аз ифротгароӣ ба ҳисоб мерафт, вале ҳоло дар ин ноҳия низ ҳолатҳои зиёди пайвастани ҷавонон ба сафи созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” ва ҳаракати “Салафия” ба қайд гирифта шудааст.

“Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бештар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ба минтақаи осебпазири кишвар мубаддал гардидаанд. Ифротагароӣ, аз он ҷумла ифротгароии динӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аслан дар минтақаҳое авҷ гирифтааст, ки теъдоди ақалиятҳои миллӣ зиёданд”,-навиштааст Мулломухтор Муллоев.

“Бекорӣ ва бад шудани вазъи иқтисодӣ омили ифротшавии ҷавонон”

Мулломухтор Муллоев бо такя ба таҳқиқоти Институти ҷомеашиносии амрикоӣ Геллап (Gallup) гуфтааст, таъсири омили динӣ нисбат ба ҳамсоякишварҳо дар Тоҷикистон зиёд аст. Дар як вақт ин масъули Маркази таҳқиқоти стратегӣ аз бархе сокинон бахусус уламои динии кишвар интиқод кардааст, ки дар мубориза бо ифротгароӣ бетарафиро ихтиёр кардаанд.

Ҷаноби Муллоев сабабҳои шомилшавии ҷавонони деҳот ба ҳаракату созмонҳои ифротиро дар бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, омилҳои динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷамъият, фирефтаи дастгоҳҳои таблиғи ифротӣ содир намудани ҷиноят ва фирор аз адои ҷазо номбар кардааст.

Аммо ҷаноби Муллоев дар матлабаш зикр кардааст, ки “вақтҳои охир нисбат ба ду-се соли пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ кам гардидааст. Танҳо дар ин миён ҳаракати «Салафия» дар шаклҳои пинҳонӣ боқӣ мондааст.”

“Муайян кардани хати сурх аст, аммо на барои азияти мардум”

Таҳлилгарон мегӯянд, муайян кардани минтақаҳои осебпазир дар баробари ифротгароӣ дар Тоҷикистон хуб аст, аммо ба шарте, ки он барои ҳалли масъала истифода шавад на барои фишору азияти мардум.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд, мақомот бояд таҳлил кунанд, ки чаро ин сокинони минтақаҳои осебпазир аз ҳама бештар ифротгаро шуданд ва решаи мушкил дар куҷост.

Ба назари ҷаноби Ҳодизода, “бояд аз ҷиҳати илмӣ таҳлил кунем ва муайян намоем, ки чаро дар ин минтақаҳо гароиши сокинон ба гурӯҳҳои ифротгаро зиёд аст. Яъне бояд мушкили аслӣ муайян карда шавад. Хати сурх барои он аст, ки мо бояд омӯзем, ки чаро дар ин минтақаҳо сокинон зиёдтар ифротгаро шуданд. Агар ба ин минтақаҳо хати сурх кашида, фишорро зиёдтар кунем, мардум зиёдтар ба гурӯҳҳои ифротгаро мепайвандад.”

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, набояд ҳамаи таваҷҷуҳ ба сӯи минтақаҳои осебпазир равона шуда, дигар минтақаҳо аз назар дур монанд. Чун ба гуфтаи ҷаноби Ҳодизода, таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки минтақаҳои осебпазир аз ифротгароӣ метавонанд тағйир ёбанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо афзоиши ақидаҳои ифротии мазҳабӣ мубориза мебарад ва мегӯяд, аъзои созмонҳои тундрав, ҳамкорони гурӯҳҳои мамнӯи ифротӣ дар хориҷа ва ҳам таблиғгарони ақидаҳои хатарнок мавриди пайгард қарор мегиранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, то кунун бештар аз 1300 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба Сурияву Ироқ рафта в ва ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG