Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози муштараки 15 сафир ба вазъияти мусалмонон дар Чин


Рӯзи панҷшанбеи 15-уми ноябр дар иқдоме бесобиқа 15 сафири хориҷӣ дар Чин бо ирсоли номае нигаронии худро аз вазъияти мусалмонони ӯйғур дар шимол-ғарби он кишвар ва ҳабси ҳазорон нафар аз онҳо дар урдугоҳҳо ва боздоштгоҳҳо, иброз карданд.

Дар ин нома намояндагони Канада, Олмон, Австралия, Бритониё, Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо имзо гузоштаанд. Вазорати умури хориҷии Чин дар ҳамин рӯз ин иқдомро маҳкум кард ва гуфт, ки агар ин дипломатҳо бихоҳанд ба мақомоти маҳаллӣ дар ин бора фишор биёваранд, вазъияти "мушкилзо" пеш хоҳад омад.

Мақомҳои Чин мегӯянд, ки дар Шинҷон бо нуфузи исломгароии ифротӣ рӯбарӯ ҳастанд, аммо иттиҳомот дар бораи боздоштгоҳҳо ва урдугоҳҳоро радд карда ва онро "шоеа"-и расонаҳо медонанд.

Иёлати Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар мавридҳои зиёде аз Чин хостаанд то урдугоҳҳо ва боздоштгоҳҳо дар Шинҷон ё Туркистони Шарқиро бибандад. Фаъолони ӯйғур дар хориҷ мегӯянд, аз 800 ҳазор то ду миллион ақаллияти ӯйғур ва дигар мусалмонон дар боздошт ба сар мебаранд.

Аъзои Сенат ва Конгресси Амрико имрӯз, 16-уми ноябр қасд доранд, тарҳеро муаррифӣ кунад, ки бар асоси он аз ҳукумати Трамп хоста мешавад таҳримҳоеро ба хотири саркӯби ақалияти ӯйғур алайҳи Чин ҷорӣ кунад.

Мусалмонони ӯйғур чӣ ҳол доранд?

Минтақаи Шинҷон ё Туркистони шарқӣ дар шимол-ғарби Чин воқеъ мебошад ва бо шуморе аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳамчунин Покистон ва Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Маркази ин минтақа шаҳри Урумчӣ мебошад. Дар ин минтақа шаҳрҳои бостоние монанди Хутан ва Кошғар ҷойгир ҳастанд.

Имрӯз ҳудуди ниме аз 22 миллион аҳолии Шинҷон бо забони туркии ӯйғурӣ ҳарф мезананд, ки ба хатти арабӣ ё расмулхатти форсӣ навишта мешавад. Тайи чанд моҳи ахир гузоришҳое аз озор ва бадрафтории ҳукумати Чин бо ақаллияти ӯйғур бори дигар ба расонаҳо роҳ ёфт.

Вазъият тавре аст, ки коршиносони минтақа ва расонаҳои гуногун, монанди рӯзномаи бритониёии "Guardian" менависанд, ки амалан 12 миллион мусалмон дар хонаву манзили худ аз сӯи ҳукумати Чин ба гаравгон гирифта шуда ва дар ҳабс ба сар мебаранд.

44 урдугоҳ барои нигаҳдории боздоштшудаҳо

Бино бар ин гузоришҳо, баргузории маросими Иди Рамазон, намоз хондан, рӯза гирифтан, риш гузоштан ва ҳиҷоб доштан барои насли нави ӯйғурҳо мамнӯъ шуда ва истифода аз номҳои исломӣ низ барои кӯдакон мамнӯъ аст.

Бино бар яке аз гузоришҳои таҳлилӣ, дастикам 44 урдугоҳ барои нигаҳдории боздоштшудаҳо дар ин минтақа фаъолият дорад. Фаъолони ӯйғур мегӯянд, дар ин боздоштгоҳҳо афроди боздоштшударо маҷбур мекунанд, ки аз дини ислом хориҷ шаванд, худонобовариро бипазиранд ва ба кишвар ва ҳукумати Чин савганди вафодорӣ ёд кунанд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" пештар дар гузорише ба нақл аз боздоштшудаҳои собиқи урдугоҳҳои бозомӯзӣ гуфтааст, ки дар ин маконҳои баста, ки таҳти назари доимии пулиси Чин аст, аз мусалмонон хоста мешавад, ки аз Ҳизби коммунист қадрдонӣ кунанд ва хонаводаҳои худро интиқод намоянд.

Таблиғи Ҳизби коммунист ба кишоварзон

Дар бархе аз филмҳои мустанад, ки ба таври махфиёна аз сӯи бархе хабарнигорони ғарбӣ аз минтақаи Шинҷон таҳия шудааст, дида мешавад, ки мошинҳо бо баландгӯҳои таблиғотии Ҳизби коммунист ҳар рӯз дар кӯчаҳои аслии шаҳрҳои ин минтақа ҳузур доранд ва матнҳои таблиғотии ҳукуматиро ба таври пайваста бо садои баланд дар бозор ва хиёбонҳо пахш ва такрор мекунанд.

Дар бархе аз ин филмҳои ҳуҷҷатӣ ҳатто дида мешавад, ки баландгӯҳои таблиғотии давлат дар симчӯбҳо дар заминҳои кишоварзӣ насб шуда ва кишоварзони ӯйғур ночоранд ба ҳангоми кор ба таври доимӣ ба ин таблиғот гӯш кунанд. Бисёре аз афрод низ маҷбуранд, ки чандин рӯз дар ҳафта баъд аз кор ба синфҳои дарси ақидатии Ҳизби коммунист рафта ва то соатҳои ҳафт-ҳашти шабро дар ин сифнҳо бигузаронанд ва аз онҳо дар мавриди муҳтавои ин дарсҳо, имтиҳон низ гирифта мешавад.

Хавфи Чин аз чист?

Дар пайи нооромиҳо ва эътирозҳои хиёбонии ӯйғурҳо, ки чанд соли пеш рух дод, ҳукумати Чин дар шаҳрҳо ва ба вижа Урумчӣ дар ҳар 200 метр як постгоҳи пулис гузошт ва бисёре аз ӯйғурҳо ночоранд ба ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо шиносномаи худро дар ин постгоҳҳо нишон диҳанд. Танҳо дар нооромиҳои соли 2008 дар вилояти Шинҷон наздик ба 200 тан аз мусалмонони минтақа ҷон бохтанд.

Мақомҳои чинӣ мегӯянд, ки дар Шинҷон бо нуфузи исломгароии ифротӣ рӯбарӯ ҳастанд, аммо иттиҳомот дар бораи боздоштгоҳҳо ва урдугоҳҳоро радд карда ва онро "шоеа"-и расонаҳо медонанд. Тибқи қонуни наве, ки ахиран эълон шуд, ҳукумати Чин ин боздоштгоҳҳоро "марказҳои бозомӯзӣ" номида ва онҳоро қонунӣ гуфт.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG