Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад як зани ҳиҷобпӯши тоҷикро ихроҷ кунад. ВИДЕО


Наҷиба Калонова
Наҷиба Калонова

Як оилаи тоҷикро мехоҳанд, аз вилояти Маскави Русия ихроҷ кунанд. Наҷиба Калонова, модари чаҳор фарзанд, мегӯяд, ду сол пеш иҷозаи муваққатии истиқомат (РВП)-ро ба даст овард, вале ҳоло мақомоти Русия ӯро ба он айбдор мекунанд, ки санадҳояш сохта аст ва бояд кишварро тарк намояд.

Агар мутамин мебудам, ки ҳуҷҷатҳои ман тақаллубиянд, барои гирифтани санади фарзандам ба мақомот муроҷиат наменамудам.

Таҳти шубҳаи маъмури ФСБ

Наҷиба Калонова мегӯяд, ҳиҷоб мепӯшад ва чанде пеш аснои талоши дарёфти ҳуҷҷат барои фарзандаш мавриди таваҷҷӯҳи кормандони Хадамоти федеролии амният ё ФСБ қарор гирифт. Ба қавли Наҷиба мушкилоти ӯ аз ин ҷо оғоз ёфт.

“Аз ман пурсид, кӣ ба Сурия меравад? Ман дар ҷавоб гуфтам, агар ҳиҷоб мепӯшам, маънои онро надорад, ки ба Сурия рафтан ё нарафтани одамонро медонам. Ба ӯ гуфтам, ҳақ надорад ба ман чунин суол бидиҳад. Вай гуфт, ки ҳақ дорад, чун маъмури ФСБ аст”, - нақл кардааст Наҷиба Калонова дар охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо телевизиони “Настоящее Время”.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Русия мехоҳад як зани ҳиҷобпӯши тоҷикро аз ин кишвар берун кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

"Агар санадҳо тақаллубӣ мебуд, ба мақомот муроҷиат намекардам"

Баъди ин сӯҳбат, сабти мувақатии ҷойи зист ё РВП-и Наҷиба Калонова ба таври асроромез аз махзани иттилоот ғайб задааст. Вай мегӯяд, аз ин пеш борҳо кормандони пулис санадҳоашро тафтиш намудаву ягон қонунвайронкуниро ошкор накарда буданд. Аммо ҳоло ӯро ба қонуншиканӣ айбдор мекунанд.

Ӯ нақл кард, “ҳеҷ айб надорам. Агар мутамин мебудам, ки ҳуҷҷатҳои ман тақаллубиянд, барои гирифтани санади фарзандам ба мақомот муроҷиат наменамудам. Дар ҳама ҷо ҳуҷҷатҳои маро месанҷиданд, ягон мушкил надошт. Ман санадҳоямро дар вилояти Тула гирифта будам.”

Дар Хадамоти федролии амният чизи дигар мегӯянд

Аммо дар Хадамоти федеролии амнияти Русия бовар доранд, ки асноди Наҷиба Калонова сохта буда, РВП-и ӯ қалбакӣ аст.

Наҷиба Калонова мегӯяд аз ночорӣ ба шӯъбаи Хадамоти амнияти федеролӣ муроҷиат кардааст. Писари калонияш, ки 16-сола аст, то ба ҳол шиноснома надорад ва бо ин сабаб метавонанд ӯро аз омӯзишгоҳ хориҷ намоянд.

Ӯ дар бахши муҳандисӣ ва бо баҳои аъло таҳсил мекунад. Акнун бо қарори додгоҳ ӯро ҳамроҳи модар ва ду хоҳару бародараш метавонанд аз кишвар ихроҷ кунанд. Холид Калонов мегӯяд, тасаввур намекунад, ки чӣ гуна бо надонистани забон дар Тоҷикистон таҳсил хоҳад кард.

“Дар Тоҷикистон барои ман ҳама чиз нав хоҳад буд. Албатта, навгонӣ хуб аст, вале ман дар ин ҷо одат кардаам”, - мегӯяд ӯ.

Холид Калонов
Холид Калонов

"Ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят мекунем"

Санадҳои Наҷиба Калонова ҳоло дар дасти пулис аст. Ӯ барои кумак ба ҳомиёни ҳуқуқи маркази “Мемориал” муроҷиат кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ талош доранд, ки қарори додгоҳро дар бораи ихроҷ бекор намоянд.

Зӯҳро Ҳамроева, ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, “мо ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят мебарем. Кӯдакони ин зан дар Русия таваллуд шудаанд ва аз ҳудуди ин кишвар ягон бор берун нарафтаанд.”

Наҷиба Калонова ҳамаи дороиҳояшро дар Тоҷикистон фурӯхта, дар вилояти Маскав манзил харидааст. Акнун ӯ ҷое барои рафтан надорад. 16 соли зиндагии хушбахтона дар Русия метавонад дар як они воҳид ба поён бирасад.

Ҳоло тамоми хонавода дар ҳолати номуайянӣ қарор дорад, ва чунин вазъият ба ҳолати равонии модар ва фарзандон бетаъсир нест.

XS
SM
MD
LG