Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи додситонӣ ба зани ҳиҷобпӯш: "Пулис аз рӯи дастур амал кард" САДО


Муҳаббат Давлатова.
Муҳаббат Давлатова.

Муҳаббат Давлатова -- сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар се моҳи ахир бори дувум аз тарафи маъмурони пулис расман ҳушдор гирифт, ки дигар ҳиҷоб напӯшад. Маъмурони пулис Давлатоваро рӯзи 26-уми сентябр дар ҷараёни як рейд дар қатори матоъфурӯшони бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд пайдо кардаанд. Мақомоти пулис мегӯянд, ки Муҳаббат Давлатова дастури қаблии онҳоро нодида гирифт.

"Гуфтанд, ки ҳадди ақал рӯсариамро ба таври дигар бандам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
Линки мустақим

Додситон: Амалкарди пулис қонунӣ буд

Бори аввал Муҳаббат Давлатова моҳи июл дар авҷи баррасии қонуни танзими анъана, ки арҷгузорӣ ба либоси миллӣ ва даст кашидан аз “фарҳанги бегона”-ро талқин мекард, дар бозори “Атуш” ба дасти маъмурони пулис афтод. Он замон Муҳаббат Давлатова аз рӯи амалкарди ходимони пулис ба Додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят бурд, вале 17-уми июл ҷавоб гирифт, ки кори маъмурони пулис дуруст ва бар асоси қонун буд.

Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир мубориза бо ифротгароиро шиддат бахшида, аз ҷумла танзим ва назорат аз сару либоси занони тоҷикро ба чаҳорчӯби ҳамин муборизаҳо ворид карданд.

Пираҳмад Р.Қ., додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар посухи катбӣ ба Муҳаббат Давлатова гуфт, “аз моҳи марти соли 2015 комиссияи доимоамалкунанда оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, муошират, риояи анъанаҳои миллии либоспӯшӣ, симои зоҳирӣ ва рафтори шаҳрвандон ташкил шудааст. Аз ин рӯ, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шӯъбаи корҳои дохилӣ ба сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ роҳ дода нашудааст. Дар кирдори онҳо амалҳои зиддиҳуқуқӣ ҷой надорад.”

“Гуфтам, ки ҳуқуқи як зани мусалмонро поймол мекунед”

Худи Муҳаббат Давлатова мегӯяд, ки ӯ як зани хонашин аст ва ҳиҷобу рӯсариаш на ба маънои ифротгароӣ, балки тақвову парҳезкорист. Ӯ рӯзи 26-уми сентябр гуфт, фақат барои харидани чанд метр матоъ ба бозор баромада буд, ки бо аъзои комиссияи иборат аз маъмурони пулис ва намояндагони мақомот рӯ ба рӯ шуд.

"Яке аз онҳо худро майори милиса муаррифӣ кард ва гуфт, ки рӯсариамро бигирам ва маро ба идораи пулис бурданӣ шуданд. Вақте эътироз кардам, гуфтанд, ки ақаллан рӯсариамро ба таври дигар бандам. Ман инро рад кардам ва гуфтам, ки ба Додситонии кулл арз мекунам."

Давлатова мегӯяд, огоҳӣ гирифтааст, ки агар боз ҳам ба пӯшидани либосҳои мазҳабӣ идома диҳад, ба идораи мақомот даъват шуда ва баёнот хоҳад навишт, чаро ба дастури онҳо итоат намекунад.

“Комиссияҳо аз соли 2015 симои зоҳириро назорат мекунанд”

Дар идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд қазияи Муҳаббат Давлатоваро шарҳ надоданд. Аммо мақомот рад намекунанд, ки ҳанӯз аз соли 2015 дар назди ҳукуматҳои маҳаллӣ комиссияҳои доимоамалкунанда барои таблиғи либоси миллӣ ва рафтори сокинону симои зоҳирии онҳо ташкил шуда, мардумро назорат мекунанд.

Моҷарои ҳиҷобу пӯшиши исломӣ танҳо ба сари Муҳаббат Давлатова наомадааст. Субҳи сешанбе як зани ҳиҷобпӯши дигар аз манзили истиқоматиаш дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ба идораи пулис бурда шуд. Мақомот аз ӯ баёнот гирифтаанд, ки чаро ба фарҳанги миллӣ арҷ намегузорад. Сокини дигари ҳиҷобпӯш аз ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ барои риоя накардани дастури мақомот ба идораи пулис бурда шуд. Духтари ин зан гуфт, ки мақомот қаблан низ модарашро ҳушдор дода буданд, ки аз ҳиҷоб даст кашад.

Дастур ё қонун?

Занони Тоҷикистон даҳ-дувоздаҳ соли пеш ба пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва баъзан ниқоб, ки дар кишвар ба унвони либоси сиёҳ ё либоси арабӣ маъруф аст, рӯ оварданд. Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир мубориза бо ифротгароиро шиддат бахшида, аз ҷумла танзим ва назорат аз сару либоси занони тоҷикро ба чаҳорчӯби ҳамин муборизаҳо ворид карданд.

Нимаи аввали моҳи август дар пойтахт ва тамоми манотиқи Тоҷикистон рейдҳои махсуси сӯҳбат бо бонувон анҷом шуд. Ба думболи ин мақомоти Кумитаи занҳо гуфтанд, ки аксари бонувон бо амри шавҳару бародар ва писаронашон либоси мазҳабӣ мепуӯшанд ва ё ба гуфтаи мақомот аз “фарҳанги бегона” пайравӣ меунанд. Ба думболи ин рейдҳо, Кумитаи занҳо гуфт, ки 90 дарсади чунин занҳоро ба тағйири либос мутақоид кардааст.

Ҳоло бар асоси тағийроти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, пӯшидани либоси миллӣ дар маъракаҳо ҳатмӣ шуда, пӯшидани либоси сиёҳ дар маросими азодорӣ низ иҷоза нест. Барои нахустин бор аст, ки дар қонуни Тоҷикистон таъкиди махсус дар заминаи либоси шаҳрвандон нашр мешавад. Ин бандро бархе фаъолон ва ҳуқуқшиносон хилофи меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ва маҳдудшавии озодиҳои инсони унвон мекунад.

XS
SM
MD
LG