Пайвандҳои дастрасӣ

Дизайни либоси занони тоҷик – барои 4 фасли сол. АКС, САДО


Дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросими дигар танзим мекунад. Ин дастурамал ҳосили кори се идораи давлатӣ – Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон аст. Қарор аст, ин дастурамал, ки номи пуррааш “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон” аст, моҳи оянда нашр шавад.

Солҳои ахир занону духтарони мо ба бар кардани рӯсарӣ ва либосҳои ба мо бегонаро пеш гирифтанд. Хусусан дар тақлид ба шакли либоспӯшии занони Эрону Туркия, ки ба бозорҳои мо ворид шуданд. Мақсади мо решакан кардани ин анъанаҳои бегонаи либоспӯшӣ​ аст
Мукаррама Қаюмова

Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин дастурамал, ки аз 11 бахш ва 6 фасл иборат аст, ҳоло омодаи нашр аст.

​Ба қавли масъулони кумита, идеяи таҳияи чунин як дастурамал пас аз он ба вуҷуд омад, ки “дар рейдҳои тарғиби либоси миллӣ” миёни занон бисёриҳо суол мекарданд, дар сурати маҳдуд шудани пӯшидани либоси мазҳабии ба қавли мақомот “бегона”, занони тоҷик чӣ либос ба бар кунанд? Маҳмадалиева гуфт, ки ин дастурамал бо ҷалби тарроҳону донандагони анъанаҳои либоси миллӣ таҳия шудааст, ба занону духтарони синни гуногун – аз 7 то 60-сола ва аз он боло пӯшидани навъҳои либосҳои ба қавли муаллифон “миллии муосири тоҷикӣ”-ро машварат медиҳад.

Як намунаи либоси миллӣ, ки ба духтарони тоҷик тавсия шудааст
Як намунаи либоси миллӣ, ки ба духтарони тоҷик тавсия шудааст

Миллионҳо СМС ба тарафдорӣ аз либоси миллӣ дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи занон ва оила, дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пӯшидани либоси занонро вобаста ба рӯзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад. Дар даҳ бахши аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, лисбоси занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст.

Тарҳу намуди либоси занону духтарон барои сайру гашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, театр ва толорҳои консертӣ бахши алоҳидаи ин дастурамал аст. Либосҳои арӯсӣ ва шакли либоси занон дар маросими азодорӣ низ дар бахшҳои ҷудогонаи ин дастурамал ҷо дода шудаанд.

Мукаррама Қаюмова дар мулоқоти раиси ҷумҳур бо соҳибкорону сармоягузорон. 14-уми октябри 2017
Мукаррама Қаюмова дар мулоқоти раиси ҷумҳур бо соҳибкорону сармоягузорон. 14-уми октябри 2017

Дастурамали мазкур бо ду бахши ниҳоӣ хотима меёбад, ки яке андоза ва тарзи пӯшидани либосҳои занонро муқаррар мекунад. Бахши 11-ум ва ниҳоии ин дастурамал намунаи либосҳоест, ки пӯшидани он дар Тоҷикистон тавсия намешавад.

Мукаррама Қаюмова, тарроҳ ва пажӯҳишгари таърихи либосҳои миллӣ дар Тоҷикистон, яке аз муаллифон ва мушовирони ин дастурамал аст. Ӯ рӯзи 28-уми ноябр гуфт, ҳамаи либосҳои дарҷшуда дар ин дастурамал бо назардошти рукну анъанаҳои фарҳанги миллии либоспӯшӣ таҳия шудаанд.

“Солҳои ахир занону духтарони мо ба бар кардани рӯсарӣ ва либосҳои ба мо бегонаро пеш гирифтанд. Хусусан дар тақлид ба шакли либоспӯшии занони Эрону Туркия, ки ба бозорҳои мо ворид шуданд. Мақсади мо решакан кардани ин анъанаҳои бегонаи либоспӯшӣ ва роиҷ сохтани тарзи либоспӯшии миллии худамон аст”, - афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон солҳо боз маъракаи, ба гуфтаи ҳукумат, тарғиби либоспӯшии миллӣ ва ҷилавгирӣ аз тақлидкорӣ ба либосҳои бегона идома дорад, ки қисми муҳофизакори ҷомеа онро “чодаркашӣ аз сари занон” ном мебарад. Аммо масъулони давлат мегӯянд, ин маърака танҳо ҳадафи ҳифзи фарҳанги миллии либоспӯширо дорад.

Як намунаи либоси миллӣ, ки ба занони тоҷик тавсия шудааст
Як намунаи либоси миллӣ, ки ба занони тоҷик тавсия шудааст

Бонувони тоҷик дар замина мегӯянд, интихоби либос бештар кори сирф инфиродии ҳар як шахс аст ва дахолати давлат ба ин як навъ маҳдуд сохтани ҳуқуқи занон аст.

Маҳпора Киромова, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, “бидуни ин гуна тавсияҳо низ занони тоҷик ҳамвақт медонистанд, ки дар куҷо ва кадом маърака чӣ гуна либос ба бар кунанд. То ин дам касе ба занон либосеро тавсия накард ва ҷомеа тинҷу ором буд.”

Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева

Мавзӯи либоспӯшии занон дар Тоҷикистон солҳо боз матраҳ аст ва ахиран Гулрухсор Сафиева дар ин робита гуфт, ба бар кардани либоси миллӣ танҳо дар рӯзҳои ҷашну идҳо хуб аст, аммо дар фасли зимистон имкон надорад. “Агар дар зимистон мо либоси миллӣ ба бар кунем, моро сармо мезанад”, - гуфт Сафиева.

Мукаррама Қаюмова, тарроҳ ва аз муаллифони ин дастурамал, мегӯяд, воқеан чунин як мушкил вуҷуд дорад ва онҳо барои занон либоси зимистонае, ки миллӣ бошад, пайдо накарданд. Ӯ гуфт, ковишҳои онҳо нишон дод, ки танҳо сокинони Бадахшон як навъ либоси миллии зимистона доранд, ки аз пӯстини буз таҳия мешавад, аммо бинобар мувофиқ набудани ин либос ба талаботи замони нав онҳо ин навъ либосро дар ин дастурамал ворид накарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG